Jump to content

Сиддхартха Гаутама (Буддо)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Буддо)
Сиддхартха Гаутама (Буддо)
Сиддхартха Гаутама
Сурат
Таърихи таваллуд соли 623 то милод
Зодгоҳ Непал
Таърихи даргузашт соли 543 то милод
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша бҳикшу, файласуф, бунёнгузори дин, раҳбари мазҳабӣ, нависанда, social reformer, устоди маънавӣ, psychiatrist, равоншинос, воиз
Падар Śuddhodana[d]
Модар Maya[d]
Ҳамсар Princess Yasodharā[d]
Фарзанд Rāhula[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сиддхартха Гаутама (санскр. गौतमबुद्धः सिद्धार्थ शाक्यमुनि, чинӣ: 釋迦牟尼佛, вйетн. Thích-ca Mâu-ni; соли 563 то милод — соли 483 то милод (Сирватасиддхартха ба заб. санскрит «дар ҳама чиз комил аст»), асосгузори яке аз се дини асосии дунё - Дини Буддоӣ ё будоия аст.

Чи тавре ки Лама Анагарика Говинда зикр кардааст, Буддо

«Дар байни асосгузорони дин ва мутафаккирони барҷаста аввалин буд. Нахуст дар ҷаҳон ӯ дарк сохт, ки натиҷаҳои андешаҳои инсоният, ба монанди ғоя ё ақида, эътиқоди динӣ ё даҳригӣ, он қадар муҳим нестанд, ба таври дигар гӯем, донишҳои консептуалӣ хоҳ дар шакли догмаҳои динӣ, «ҳақиқати мутлақ» ё дар шакли мафҳумҳои илмӣ баён гашта бошанд ҳам, ба ҳамин хулоса меоранд, яъне фаъолияти рӯҳонӣ ва андешаронӣ усули беҳтарини зиндагист. Ҳамаи натоиҷи гаронмояи илмӣ ва комёбиҳоро аз даст додан мумкин ва ин ба мо ягон зараре ворид сохта наметавонад, то даме, ки усул ба дасти мост. Зеро мо бо ёрии он метавонем ҳамаи натиҷаҳои гумкардаамонро аз нав барқарор созем. Вале тарзи рондани андешаро гум намоем, ҳатто маҷмӯи бузургтарини ҳамаи далелҳои илмӣ ва натиҷаҳо наметавонад ба имдоди мо бирасад»

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нимаи дуюми асри VI то милод дар шимоли шарқии Ҳиндустон (Непал) шоҳ Шуддходан ҳукм меронд: «Шоҳи қонунҳо, ӯ тавассути қонунҳо кишварашро бо адолат идора мекард. Дар қаламрави Шакев мисли ӯ шоҳи одил, раъиятпарвар набуд»,- омадааст нисбати вай дар солномаҳо. Завҷаи якуми шоҳ Шуддходанро барои зебоияш Майя «шабаҳ», «фиреби назар» меномиданд. Соли 623 то милод Майя писаре ба дунё овард, ки Сирватасиддхартха ном гирифт. Шакли кӯтоҳаш Сиддхартха ва он «дар ҳама чиз комил аст» маъно дошт. Модар пас аз ҳафт рӯзи таваллуди кӯдак ҷаҳонро падруд гуфт. Ҳангоми таваллуди шоҳзода обиде бо номи Асита пешгӯӣ намуд, ки навзод оянда ҳукмрони ҷаҳон мешавад, агар ҳаёти воқеии заминиро ихтиёр созад, агар тарки дунё намояд, ба «ҳақиқати комил» - Буддо мубаддал мегардад. Бача аз модар зебоиро ба мерос гирифт, ба омӯхтани дониш басо ҳарис буд. Падар як қисми мулкашро ба Сиддхартха бахшид, қитъаеро қалъабандӣ намуд, се қасри бошукӯҳ сохт, то ки писараш се фасли сол-тобистон, зимистон ва тирамоҳро он ҷо ба cap барад. Вақте ки Сиддхартха ба синни 16 расид, падар барояш духтари ҳокими шакийи Сопрабудцй - Ясодхираи моҳлиқоро хостгор шуд. Барои ба висоли духтари қашанг муяссар гаштан, ба шоҳзода зарур омад, ки аз рӯи таомули ориёй бо дигар довталабони дасти Ясодхира ба майдони набард барояд. Ӯ дар камонварй, шиноварй, аспсаворӣ ва дигар намуди мусобиқаҳои варзишй бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз омад.

Баъдтар ба ғайри Ясодхира Сиддхартха боз ду зан ва якчанд канизак гирифт ва то 29-солагиаш бо кайфу сафо умр ба cap бурд. Сипас дар зиндагии шоҳзода тағйироти куллие ба амал омад.

Шӯҳрати Гаутама

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гаутама беҳуда, муваққатӣ будани ҳаёти пур аз айшу нӯшро эҳсос кард. Вай дар хусуси кинаву адоват, ки дунёро фаро гирифтаанд, бадбахтии инсонҳо, бемории одамон, пирию марг андеша меронд, роҳҳои тантанаи некӣ бар бадиро меҷуст. Ривоят мекунанд, ки шабе айёми бадр Сиддхартха тарки зану фарзанд намуда, худро ба сарҳади шоҳигарии Сакя мерасонад. Ӯ пироҳан бадар сохта, муки сару риш тарошидя. Чун дарвеш роҳашро идома бахшид. Ин ҳолат дар тариқати буддо чун «пешравӣ»-и Сиддхартха шарҳ ёфтаасг. Вай аз ҳаёти воқеии дунявӣ даст мекашад ва ба роҳи ҷустуҷӯи ҳақиқат мебарояд. Нахуст бо йога шуғл меварзад. Ин барои шикастани талаботи ҷисмонӣ ва рушди эҳсоси рӯҳӣ зарур буд. Андаке мехӯрду кам мехобид, шустушӯй намекард, тамоман урён мегашт. Ӯ бо номи обид Гаутама шуҳрат ёфт. Дар байни зоҳидон обрӯи баланд пайдо кард, шогирдону пайравони зиёд дошт. Шӯҳраташ чун садои зангӯлаи зери гунбади само ба дуриҳо паҳн гашт. Аммо баъди шаш сол Сиддхартха ба хулосае омад, ки бо ин роҳ ба ҳақиқат расидан аз эҳтимол дур аст. Вай аз нав ба тозагӣ, хӯрду хӯрок бозгашт. Шогирдону пайравонаш ӯро тарк карданд. Сиддхартха боз ба оворагардӣ рӯ меорад, муаллимони нав ба нав меёбад, вале аз дониши онҳо ҳеч қонеъ намешавад.

Сиддхартха Буддо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Tượng Phật Thích Ca

Баъдан дар самти ҷануби Магадхӣ, дар канори шаҳри Гай, дар ҷангалзори шафати деҳаи Урувелӣ маъво меёбад. Боре дар зери сояи дарахти ҷамбуи соҳили дарёчае нишаста, андеша меронд. Ва Сиддхартха ба ин қарор омад: «Ман аз ҷоям нахоҳам бархост, то даме, ки маърифат нозил нагардад. Бигузор ҷисмам пажмурдаю хунам хушк шаванд, аммо то маърифат нагирам, аз ҷой намеҷунбам». Баъдтар ин дарахт бодхӣ, яъне маърифат ном гирифт. Чи тавре ки дар ривоятҳо омадааст, Сиддхартха тамоми шаб интизорӣ кашид ва танҳо ҳангоми бомдод ситорае аз осмон ҷаҳида, ба ӯ ваҳӣ овард. Ин ануттара самяк самбодхи- «беназирӣ, камолоти рӯҳӣ», озодӣ аз ҳама гуна қайдҳои ҳаёти заминӣ, таваллуд- марг - буд. Аммо мафҳуми ҳақиқии ин ҳолат ҳеч гоҳ бо сухан ифода наёфтааст ва ифода намеёбад. Зеро сухан ҳамоно қолаби ҳаёт буда, таассурот (таҷриба) обест, ки аз миёни он ҷорӣ мешавад. Ҳамин тариқ Сиддхартха Гаутама — Буддо (Будо), яъне рӯҳонии мутлақ шуд.

Номи дигараш Шакямунӣ - обиди Шакя аст. Ба шарофати ҳамин ҳодисаи бузургу нодир ба вай хирад ва тараҳҳум нозил гашт ва ӯ вазифаи масъули хешро дар замин дарк сохт, ки расонидани ҳақиқат ба одамон аст. Вақте ки ӯ бори нахуст дар шаҳри Варанаси дар назди мардум ваъз гуфт, ба ҳолаш хандиданд, ки «Шоҳзода аз ақл бегона шудааст»; Буддо аз ин сабақ гирифт ва мақсад гузошт, ки ягон файласуфи обрӯмандро бо шогирдонаш ба мазҳаби хеш талқин созад. Ӯ зоҳиди шинохта, оташпараст Кашяпро баргузид. Дурудароз, бо сабру таҳаммул Буддо Кашяпро ба дини худ кашид ва оқибат ба мақсад расид. Ҳамин тавр Буддо якбора сарвари шашсад нафар пайрав гашт ва акнун ӯ метавонист ҷасурона ақоиди хешро тарғибу ташвиқ намояд. Аз ҳамон вақт Буддо ҳаёти воизи мусофирро ихтиёр кард. Нӯҳ моҳ деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр гашта, ваъз мегуфт, дар се моҳи боронгарӣ ба гӯшаи узлат менишаст.

Боре Буддо хабар ёфт, ки падараш дар дами марг аст. Зуд расид, қиблагоҳашро зинда дарёфт, ба ӯ аз бебақоии ҳаёт ҳарф зад. Вақте ки падар аз дунё гузашт, то охири маъракаи видоъ ҳозир истод. Чун ҷасади шоҳро ба сӯхтан омода сохтанд, оташчӯбро шахсан Сиддхартха ба ғарами ҳезум расонд ва баъди маросим гуфт:

«Ҳеч чиз дар замин ҷовид нест, ягон чизи абадӣ нест, ҳаёт чун шабаҳ, ба мисоли фиреби назар гузарон аст»

Ва ӯ боз сайри кишварро идома бахшид. Пайравонаш афзуданд ва онҳо берун аз шаҳрҳо дайрҳо сохта, зану мардҳо алоҳида мезистанд. Дайрро вихара, ҷамоати мардонро биккху, занонаро биккхунӣ меномиданд. Буддо наздики соли 543 то милод, дар синни пирӣ, дар як ҷангалзори наздикии шаҳри Кушинагара оламро падруд гуфт. Пеш аз вафот чун анъанаи ҳиндуҳо cap сӯи шимол хобид, бори дигар ба бародар, рафиқ ва шогирдаш Ананду васият намуд, ки таъпимоти ӯро ҷиддӣ нигоҳ доранд ва аз пайи тарғибаш шаванд. Буддо гуфт: «Андӯҳгин мабош, гиря накун. Охир борҳо гуфтаам, ки мо аз ҳама чизҳои гаронбаҳои дунявӣ канда шудаем. Ту, Ананда, солҳо содиқона, шодона, беғараз, аз таҳти дил хизматам кардӣ. Ҳама кор аз дастат меояд, аз омӯхтан фориғ мабош. Анқариб ба ҳақиқат мерасӣ, озод мешавӣ».

Баъди 300 сол ҳангоми ҳукмронии Ашок ақидаҳои динии будоия бо амри шоҳ дар варакҳои нахл сабт ёфтанд. Таълимоти будоия дар се китоб бо номи «Типитака»» (се сабад) - Сутра, Виная ва Абхидхамма-питака гирд омадаанд.

Аз рӯи таълимоти будоия

«барои ба камолоти олами ботинӣ расидан, одам бояд чор зинаи баланди ҳақиқатро бигзарад, яъне ҳақиқати машаққат; ҳақиқати сабабҳои ба миён омадани машаққат; ҳақиқати бартараф сохтани машаққат ва ҳақиқати рох,е, ки ба сӯи барҳамзании машаққат ҳидоят месозад. Ба зинаи болотарин танҳо шахсе мерасад, ки куллан тарки хушиҳои дунё кардааст. Дигарҳо дар зинаи поёнӣ-анағамина, зинаи болоӣ - архат мемонанд»

Аз ин зинаҳо ҳаёти ояндаи ҳар як инсон баъди марг муайян мегардад.[1]

  1. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 15 - 19