Будидормо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Будидормо
Сурат
Таърихи таваллуд тақрибан 483 ё 440
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 540
Маҳалли даргузашт
Пеша бҳикшу, файласуф, муъаллими зен
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Будидормо (англ. Bodhidharma), Пути Домо (чинӣ: 菩提达摩), Дорумо (тақрибан 483 ё 440, Эрон, Kanchipuram[d] ё Western Regions[d]540, Маъбади Шоулин[d], Денгфенг[d]) — роҳиби будоӣ, ки овардани оини зен ба Чинро ба ӯ нисбат медиҳанд; бунёдгузори ҳунари размии сабки кунгфу.

Дар бештари манобеъ аз ӯ як эронӣ ё фарде аз ҷануби Ҳинд ёд мешавад, ки ба ҷануби Чин сафар кард ва пас аз он ба сӯи шимол рафт. Тибқи манобеи асосии чинӣ, Будидормо аз «манотиқи ғарбӣ», (ишорат ба Осиёи Миёна ё шибҳиқораи Ҳинд), ба Чин омад ва ба унвони «эроние аз Осиёи Миёна» тавсиф мешавад.[1]

Дар мавриди замони ҳиҷрати Бодидормо ба Чин ихтилофи назар вуҷуд дорад. Яке аз манобеи аввалияи таърихӣ вуруди ӯро ба Чин дар рӯзгори дудмони Лйу Сунг (420—479) ва манобеи баъдӣ ба давраи дудмони Лйонг (502—557) навиштаанд. Ҷузъиёти дақиқиқе дар ин марвид вуҷуд надорад, аммо ӯ эҳтимолан дар асри 6 ба маъбади шоулин рафта, тамриноти гуногунеро ба роҳибон омӯзиш додааст, ки дертар ба варзиши размии кунгфу машҳур шуд.

Аввалин маъхази хаттӣ дар бораи зиндагии Будидормо «Навиштаҷоти дайрҳои буддоии Луоян» (The Record of the Buddhist Monasteries of Luoyang) мебошад, ки соли 547 тавассути Йонг Жуонжи (Yang Xuanzhi), мутарҷим ва нависандаи ҳамзамони ӯ тадвин шудааст. Йонг Жуонжи аз ӯ ба унвони «роҳиби эроние Осиёи Миёна» ёд мекунад, ки «аз сарзаминҳои марзӣ ба Чин сафар кард».[1]

Жуонжи дар мавриди Будидормо, ки онро хос «форсӣ» (Bosi) гуфтааст, шояд иштибоҳ карда бошад. Зеро забони Будидормо эҳтимолан яке аз забонҳои эронии шарқӣ (монанди суғдӣ ё бохтарӣ) будаст, ки дар замони зиндагии ӯ бештар дар Осиёи Миёна роиҷ буд. Ҷонстун ҳадс мезанад, ки Жуонжи номи дудмони Полово (Pallava; ҳукумат 275—897)-и Ҷануби Ҳиндустонро бо номи паҳлавии Сосонӣ иштибоҳ гирифтааст.[2] Яъне ӯ муътақид аст, ки Будидормо аз ҷануби Ҳинд ба Чин рафтааст.

Нуктае дигаре, ки бояд ба он таваҷҷуҳ шавад, дину оини мардумони Осиёи Миёна дар замони Сосониён аст. Йургенсин (John Jorgensen) ишора кардааст, ки қаламрави Сосониён дар асри Будидормо буддоӣ набуд. Аммо пажӯҳиши адён дар даврони Сосониён нишон медиҳанд, ки дар Осиёи Марказӣ буддоия дар асрҳои 5-6 роиҷ будааст ва баъзе аз шоҳони Ҳайтолиён (406—670) аз дини буддоӣ пуштибонӣ мекарданд (садҳо дайри буддоӣ дар ҷануби Осиёи Марказӣ ва Афғонистон вуҷуд доштанд). Бино ба қавли муаррихи тоҷик Т. Ғуломов, агар монавия ва маздакия дар қисмати марказию ғарбии шоҳаншоҳии Сосониён таъсири бештар пайдо карда бошанд, дар қисмати шарқии он буддоия равнақи бештар ёфта буд.[3]

Ричард Фрай низ дар мақолаи худ «Бухоро» овардааст, ки дини буддоӣ дар қаламрави Сосониён хеле ривоҷ ёфта, хосатан дар даврони императории Кушониён аз аввалҳои қарнҳои I—IV милодӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Чин хеле паҳн гашта буд.[4]

Бар ин асос, метавон гуфт, ки аксар мардумони шарқи Эрон зардуштӣ буданд, аммо мавқеияти дини буддоӣ низ дар он навоҳӣ, бисёр мустаҳкам буд ва баъид нест, ки Будидормо аз Осиёи Марказӣ барои таблиғи буддоия тавассути Роҳи бузурги абрешим ба Чин рафта бошад. Броутун низ ёдовар мешавад, ки сафари як эронии сокини Осиёи Миёна аз тариқи Роҳи бузурги абрешим ба шимоли Чин бисёр имконпазиртар аст аз сафари як ҳинду аз тариқи дарё.

Ба навиштаи А. Пошоӣ, муҳаққиқ ва мутарҷими китобҳои оини буддоӣ дар Эрон, Будидормо эронӣ ва аз мардуми Самарқанд будааст.[5]

Ҳоло бархе аз муаррихон ба вуҷуди воқеии фарде бо номи Будидормо тардид доранд ва маълумот оид ба зиндагиномаи ӯро умдатан асотирӣ медонанд. Тибқи маълумоти яке аз таърихномаҳои қадими чинӣ, дар он сол беш аз 30 роҳиб бо ҳамин ном вориди Чин шуданд, то оини худро таблиғ кунанд.[6]

Зиндагӣ ва корномаи Бодидормо дар филмҳо низ бозтоб шудааст. Яке аз онҳо филми илмӣ-тахайюлии «Ҳисси ҳафтум» (тамилӣ: 7aum Arivu)-и нависанда ва коргардон А. Р Муругадос (Ҳиндустон, 2011) аст. Ин филм бар асоси ривоятҳои тамилӣ яксӯя сохта шуда ва бадеҳист, ки дар он Будидормо бо истидлоли фаровони «илмии женетикӣ» роҳибе аз ҷануби Ҳинд муаррифӣ шудааст. Бо ин ҳол, зикри хостгоҳи Будидормо дар осори ҳамасрони, ӯ ки манобеаи аввалия маҳсуб мешаванд ва тасвири ӯ дар деворнигораҳои дайрҳои буддоӣ, ки Будидорморо ба сурати як марди хуросонӣ («Роҳиб чашмкабуде аз Осиёи Миёна») ва дар либоси мардуми ин минтақа ба намоиш мегузоранд, далелҳои муҳкаме ҳастанд, ки Будидорморо ба унвони эроние аз Осиёи Миёна (суғдӣ, бохтарӣ) муаррифӣ мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Broughton, Jeffrey L. (1999), The Bodhidharma Anthology: The Earliest Records of Zen, Berkeley: University of California Press, ISBN 0-520-21972-4. p. 54-55.
  2. Jorgensen, John (2000), «Bodhidharma», in Johnston, William M. (ed.), Encyclopedia of Monasticism: A-L, Taylor & Francis. p. 159.
  3. Ғуломов Т. М. Густариши ислом дар Хуросони Бузург. (Дар асрҳои 7-8). Душанбе. 2010. 268 с.
  4. Frye R.N. BUKHARA. (I.in The islamic Times)// Encyclopedia Iranica/ New York. Vol.4.1990.- C.21
  5. Хираднома (замимаи ҳафтагии рӯзномаи Ҳамшаҳрӣ), 13 меҳри 1384, шумораи 16, — С. 3.
  6. Линд Вернер. Энциклопедия боевых искусств./ пер. с нем. А. А. Волкова. М.: АСТ, 2007. — С. 89.