Бузург

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Бузург (порсӣ: بزرك) - ин калима як чанд маъно дорад.

1. Калон; муқобили хурд.

Оҳи касон хурд набояд шумурд,
Оташи сӯзон чи бузургу чи хурд
Амир Хусрави Деҳлавӣ

2. Олимартаба, соҳиби ҷоху манзалат, асилзода. «Аз аҳли Бухоро бузургон ва меҳтарон бо вай ёр шуданд ва рафтанд ва ҳарб карданд ва дуздон(ро) ҳазимат карданд.» «Таърихи Наршахӣ»

Фиристода шуд назди Соми бузург,
Фиристода посух ба золи Сутург.
Фирдавсӣ

3. Соҳиби эътибор ва эҳтиром, соҳиби бартарӣ ва фазилати маънавӣ; азим, кабир.

Бузургаш нахонанд аҳли хирад,
Ки номи бузургон ба зиштӣ барад
Саъдӣ

бузург кардан, баоэътибор кардан, мӯътабар кардан.

«Ва фоидаи хитобат андар сиёсати мардум бувад... ва андар бузург кардани сухан» Ибни Сино

4. Калонсол, касе, ки синнаш аз давраи ҷавонӣ гузаштааст.

Бузург гаштаму майдон васеъ нест маро,
Фузуд қимати ман, муштарист нопайдо.
Ибни Сино
Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчи бо одамӣ бузург шавад.
Саъдӣ
Бузурге дидам андар кӯҳсоре,
Қаноат карда аз дунё ба ғоре
Саъдӣ

Адабиёт[вироиш]

«Фарҳанги забони тоҷикӣ» нашри Москва (1969)