Бурхи Сармасти Валӣ
Бурхи Сармасти Валӣ, Бурхи Валӣ, Хазрати Бурх — шахсияте мазҳабӣ ва зоҳиду тақводор аз умматони пайғамбар Мӯсо[1], бофанда[2].
Ривоёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи қиссае, ки миёни мардуми кӯҳистони Тоҷикистон роиҷ аст, падари Бурхи Сармасти Валӣ — Ҳошими Ҷабалӣ аз бозмондагони Шиси пайғамбар (а) буда, модараш Бибиҷамилаи Арафот ном доштааст. Бурхи Сармасти Валӣ дар нимҷазираи Арабистон умр ба сар мебурдааст. Дар бархе аз ривоятҳо ӯро аз наздикиҳои кӯҳи Тур гуфтаанд, ки баъдҳо ба Макка рафта, дар он ҷо чанд муддат зиндагонӣ кардааст. Бурхи Сармасти Валӣ бар асари як ихтилофе, ки дар миёни қавмаш сар мезанад, ҳамроҳи модар ва ду бародараш (Барқи Абдол ва Турки Абдол) аз ин шаҳр ҳиҷрат мекунанд. Ҳангоми сафар аввал ба ҷазираи Рум меояд ва дар он ҷо бо Султон Абусаиди Румӣ ном касе вохӯрда, бо хоҳиши ӯ дуо мекунад ва Худованд дурри гумкардаи Султонро ба ӯ мерасонад. Бурхи Сармасти Валӣ бо модар ва ду бародараш ба Кобул меоянд ва чанд муддат дар Банди Кобул зиндагонӣ мекунанд. Дар ҳамин ҷо яке аз бародаронаш — Барқи Абдол вафот мекунад. Баъди чанд муддат бо хоҳиши модар Кобулро низ тарк карда, ба Толиқон меоянд. Дар Толиқон баъди чанде бародараш Турки Абдол низ вафот мекунад. Боз ҳам бо хоҳиши модар шаҳри Толиқонро низ тарк намуда, ба шаҳри Бо меоянд. Дар ин шаҳр модари Бурхи Сармасти Валӣ аз дунё мегузарад. Баъди гузашти чанд муддат модар ба хоби Бурхи Сармасти Валӣ даромада ба ӯ мегӯяд, ки дигар дар ин шаҳр наистад ва ҳар ҷое, ки дилаш мекашад, биравад. Бурхи Сармасти Валӣ ба кӯҳистони Вахё омада, дар деҳаи Боршид аз одамон пинҳонӣ чил сол ба зикри номи Худованд ва тоату ибодати пайваста машғул мешавад. Роҷеъ ба зиндагии Бурхи Сармасти Валӣ дар ин сарзамин ривоятҳое марбут ба этимологияи вожаи «Боршид», каромоти марбут ба бинои мақбараи ӯ (кашондани хишти он, нону таом додани мардуми ба ҳашар омада, худро барои қурбонӣ омода кардани нахчир" пайдо шудани чашмае дар ҷойи забҳи нахчир ва ғайра) мавҷуд аст. Гӯри нахустин мутаваллии мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ, ки бо номи «Ҳоҷӣ» ёд мешавад, дар шафати мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ воқеъ гаштааст. Дар шаҷараномае, ки дар баробари шамъдон ва дуки ресандагии Бурхи Сармасти Валӣ дар мазори ӯ нигоҳ дошта мешуд, номи 37 мутаваллӣ (то солҳои 1980) сабт гардидааст.
Мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ дар болои ҷари соҳили рости дарёи Оби Малор ҷой гирифта, аз ду ҳуҷра иборат аст: айвон ва гӯрхона. Бинои гӯрхонаро аз берун то нисфи он гӯрҳои муосир ишғол намудаанд. Бинои асосӣ дар болои таҳкурсии сангӣ истодааст. Аз рӯйи усулҳои меъмории гулдастаҳои ороишии паҳлӯӣ метавон ба хулоса омад, ки он дар асри 17 ё оғози асри 19 аз хишти пухта сохта шудааст. Мақбара бар асари таъсири боду борону барфу офатҳои табиӣ рӯ ба харобшавӣ овард, манораи ҷанубӣ пурра ба ҷар фурӯ рафта, гунбад ва манораи шимолӣ низ ба ҳолати нобудӣ расиданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тармими мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ дастур дода, ду бор ба зиёрати он рафт ва шахсан бо рафти корҳои тармим шинос шуд.
Ғафсии девори мақбара як метрист. Бинои мақбараи қаблӣ дар шакли мудаввар сохта шуда буд. Бинои ҳозираи мақбара дар шакли ҳашткунҷа сохта шуд, ки ишора ба ҳашт равзаи ҷаннат мебошад:
Ҳашт ҷаннат ҳасту дузах нест ҳашт,
Ҳақ таъоло аз яке дузах гузашт.
Кард барҳам дузахи ҳаштум тамом
Баҳри Бурхи ошиқи некумаром.
Дар «Қуту-л-Қулуб»-и Абутолиби Маккӣ дар боби шарҳи калимаи «идлол» (нозу дӯстдоштаи маҳбуб) эркагии Бурхи Сармасти Валӣ мисол оварда шудааст. Ба қавли Абутолиби Маккӣ, Бурх маҳбуби Худо, дӯстдоштаи Худост. Дар «Қуту-л-қулуб» аз ҷумла омадааст: «Ва аз нозу карашмаи маҳбубон ва дустдоштагони Худо ва касоне, ки дар мақоми унси ҳазрати Ҳақ ҳастанд, муноҷоти Бурхи сиёҳпӯст аст, ки Худои таборак ва таъоло Калими Худ — Мусоро амр кард, ки аз вай бихоҳад, ки барои Бани Исроил талаби борон кунад. Бурхи Сармасти Валӣ дар муноҷоташ бо Худои бузург чунин гуфт: „Оё кори Ту ин аст? Ҳилми Ту ин аст? Оё ба Ту чунин менамояд, ки абрҳои Ту кам шуданд? Бодҳо аз итоати Ту сарпечӣ мекунанд? Он чӣ дар хазинаҳо дорӣ, кам мешаванд? Ё ин ки хашму ғазаби Ту бар гунаҳкорон шиддат гирифтааст? Оё Ту Ғаффор нестӣ? Қабл аз ин ки бандаҳои хатокорро биёфаринӣ, Ту раҳматро халқ кардӣ ва ба меҳрубониву шафқат амр кардӣ. Пас, барои чӣ он чи Худат амр кардӣ, хилофи онро мекунӣ? Оё Ту ба мо нишон медиҳӣ, ки ин кори ношуданист ё худ имконнопазир аст? Ё аз марг метарсӣ ва мехоҳӣ, ки зудтар ин мардумро уқбат бикунӣ, азоб бидиҳӣ?“ Муноҷоти ҳазрати Бурх ҳанӯз тамом нашуда буд, ки Бани Исроил аз борон сероб шуданд ва Худои таборак ва таъоло дар муддати ним рӯз гиёҳу алафи фаровоне бирӯёнид, то ҳадде, ки баландиашон то ба зонуҳои онҳо расида буд».
Қиссаи мазкурро баъдан Фаридуддини Аттор (дар «Мусибатнома»), Ҷалолуддини Балхӣ (дар «Маснавии маънавӣ»), Муҳаммади Порсо (дар «Фаслу-л-хитоб би васли-л-аҳбоб», дар боби «Муноҷоти Бурх, ғуломи сиёҳ»), Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ (дар боби «Дар шарҳи салтанати маънавӣ ва асҳоби хилофати инсонӣ»-и китоби «Маҷмӯаи расоил»), Мавлавӣ Ҷунунӣ (дар ҳикояти «Воқеаи дуо на¬мудани Мусо (а) аз барои борон»-и «Маъдану-л-ҳол») ва дигар намояндагони тасаввуф дар осори хеш дар шакли назму наср бо каме дигаргуниҳову тағйирот дарҷ кардаанд.
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳоту-л-уис» дар боби зикри хоҷа Муҳаммади Порсо зимни тавсифи ӯ аз ҷумла мегӯяд: «Ва дар маҳалли дигар санъати Бурх ба назари мавҳибат ӯро каромат карданд». Алӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ низ дар «Рашаҳоту айни-л-ҳаёт» дар бораи хоҷа Муҳаммади Порсо маълумот дода, ҳангоми баёни хислату сифати ӯ аз ҷумла менависад: «… дар маҳалли дигар он мухлисро сифати Бурх ба назари маҳаббат каромат карданд. Ва Бурхи Асвад бандаи дирамхаридаи сиёҳҷурдае будааст дар замони Мусо (а), ки ба даргоҳи Ҳақ субҳонаҳу дараҷаи маҳбубӣ доштааст. Гуфтаанд, ки Бурх дар Банӣ Исроил каринаи Увайси Қаранӣ будааст дар миёни ин уммат. Ва ҳазрати эшон мефармудаанд, ки ҷамоате аз кубарои мутақаддимин, ки бевосита забони умури ҳақиқате аз якдигар ба муҷоласат маълум мекардаанд, эшонро бурхиён мегуфтаанд ва ҷамъе, ки баъд аз зуҳури дини Муҳаммадӣ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бар ин васфанд, эшонро увайсиён мегӯянд».
Баъзе муҳаққиқон Бурхи Сармасти Валиро ҳамасри Зардушт, баъзеи дигарон аз умматони пайғамбарон Довуд (а), Сулаймон (а) ва Ирмиё (а) донистаанд. Муъмии Қаноат фарзияи дар замони Мусо (а) зиндагонӣ кардану уммати ӯ будани Бурхи Сармасти Валиро фарзияи қавӣ медонад. Ба андешаи ӯ дар замоне, ки Куруши Кабир сарзамини Банӣ Исроилро таҳти тасарруфи худ дароварда, мардуми онро ба ҳар гӯшаву канори империяи худ бадарға намуд, Бурхи Сармасти Валӣ ин гӯшаи дунёро амнтар ёфта, ба ин ҷо паноҳ овард. Ба андешаи Ибни Қурбон, вақте Куруши Кабир яҳудиёнро аз асорати бобилиён озод кард, онҳоро ба мамлакати васеаш тафриқа дод, «онҳо на танҳо дар ғарби Эронзамин (яъне Ҳамадону Хузистону Исфаҳон, ки бо теъдоди зиёд ба сар мебурданд), балки дар шарқи он низ зиндагонӣ мекарданд. Агарчи дар хусуси таъсири онҳо ба аҳолии маҳаллӣ маъ¬лумоти дақиқе нест, аммо ин нуқта ва ин далел, ки яке аз пешвоёни онон Бурхи Сармасти Валӣ, ки мадфанаш дар ҳудуди Тоҷикистон (Вахё) аст, то ба имрӯз мавриди эътиқоди мардум қарор дорад, аз он дарак медиҳад, ки дар он рӯзгор ба ҷомеаи эрониён бетаъсир набудаанд».
Дар Таврот номи Бурх ва ё дигар исми хосси шабеҳи ин ном ба назар намерасад, вале Борух ибни Нериё ном шахсе зикр гардидааст, ки ӯ дар аҳди пайғамбарии Ирмиё (а) котиби ӯ ба шумор мерафтааст. Дар замони подшоҳии Сидқиё, бародари Еҳӯёқим, Ирмиёи набӣ ва Борух ба ҳабс кашида мешаванд ва ба муддати 10 сол дар зиндон мемонанд. Дар боби чилу панҷуми китоби Ирмиёи набии Таврот омадааст, ки Ирмиё Борухро тасаллӣ медиҳад ва ба ӯ аз қавли Худованд мегӯяд, ки «нони туро дар ҳар маконе, ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Султони Ҳамад. Бурхи Сармасти Валӣ пайвандгари динҳову тамаддунҳо. ruzgor.tj. Рӯзгор (23 июли 2019). 5 июли 2023 санҷида шуд.
- ↑ Кисляков Н. Бурх — горный козёл (Древний культ в Таджикистане) // Советская этнография. 1934, № 1-2 — С. 185