Jump to content

Бурҳони қотеъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бурҳони қотеъ

Муаллиф: Muḥammad Ḥusayn ibn Khalaf Tabrīzī Burhān[d]

«Бурҳони қотеъ» (форсӣ: برهان قاطع‎) — вожанома ва фарҳанги тафсирии форсӣ таълифи Муҳаммад Ҳусайни Бурҳон соли 1652 дар Ҳайдаробод (Ҳиндустон), фарогири беш аз 20 200 калимаву ибора, бо тартиби ҳарфҳои алифбои форсӣ.

Дар «Бурҳони қотеъ» ба ҷуз луғоту истилоҳ, мақолу зарбулмасал ҳам шарҳ ёфтаст. Гоҳе, бо тафсири вожаву истилоҳ гунаи арабиву туркӣ ва ҳиндии он низ дарҷ гашта, монанди: «бӯза — (бар вазни кӯза) шаробе бошад, ки аз орди биринҷ ва арзан ва ҷав созанд ва дар Мовароуннаҳру Ҳиндустон бисёр хуранд ва танаи дарахтро низ гӯянд; додар (ба фатҳи солис, бар вазни модар) ба луғати Мовароуннаҳр ба маънии бародар бошад ва дӯстро низ гӯянд». Дар нигориши калимаҳои ҳамшаклу ҳамнигора (омограф)-и форсӣ-тоҷикиро бо туркӣ ва арабӣ, маъноҳои арабию туркии онҳо нигориш ёфтааст. «Бурҳони қотеъ» нахуст соли 1818 дар Калкатта, ба табъ расид. «Бурҳони қотеъ»-ро ба туркии усмонӣ Саййид Аҳмади Осим гардонда, ки соли 1835 дар Истанбул нашр шудааст. Муҳаммади Муин «Бурҳони қотеъ»-ро бо муқобала ва нақду иловаҳо дар чаҳор ҷилд солҳои 1952-56 нашр кард. Амон Нуров ба таҳияи матн ва нашри «Бурҳони қотеъ» пардохта, онро дар се ҷилд (1993, 2004, 2014) чоп кард.