Бурҳонҷон Ризоев
Бурҳонҷон Ризоев | |
|---|---|
| Бурҳонҷон Мирзоевич Ризоев | |
| Таърихи таваллуд | 27 майи 1948 (78 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Ашт |
| Фазои илмӣ | олим |
Бурҳонҷон Ризоев (27 майи 1948, деҳаи Ашт, ноҳияи Ашт) — таърихнигор, доктори илмҳои таърих (1990), профессор (1992). Аълочии маорифи ҶТ (2003).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бурҳонҷон Ризоев ДДОЛ ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1969). Ассистенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДОЛ ба номи С. М. Киров(1969), хидмат дар сафи Артиши Шурави (1970), ассистенти кафедраи таърихи ХКИШ-и ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1970-72), аспиранти ДДТ ба номи В. И. Ленин (1972—1975), муаллим (1975—1976), сармуаллим (1976—1977), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ (1978—1986), ходими калони илмӣи кафедраи таърихи ҲКИШ (1986-88), дотсенти кафедраи таърихи сиёсӣ (1988—1991), профессор, мудири кафедраи таърихи сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1991—1998), профессори кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ (1998—1999), профессор, мудири кафедраи таърихи сиёсии Тоҷикистони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1999—2002), вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (2002—2005), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2005). Муаллифи беш аз 380 асари илмӣ, илмӣ-назарияви, таълимию методи мебошад. Иштироккунандаи конфронсхо ва ҳамоишҳои байналхалқӣ Таиланд (Бангкок, 2002); Белгия (Брюссел, 2004); Маскав, Ленинград, Киев, Душанбе ва Хуҷанд аст.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Образование и деятельность Ленинабадской городской парторганизации (1917—1985). -Д.: Ирфон, 1986 (в соавт.);
- Из истории индустриализации Таджикистана. — Д.: Ирфон 1988;
- Очерки истории Ленинабадской обувной фабрики № 2. — Д.: Ирфон, 1989 (в соавт.); Таджикская Лениниана. Энциклопедический справочник. — Д., 1990 (в соавт.); Производственное объединение «Худжандатлас» (1931—1991). — Д.: Ирфон 1991 (в соавт.); Бахри вахдат ва ягонагии Тоҷикистон. — Хуҷанд, 1997 (бо хаммуаллиф);
- Политическая история Таджикистана. Учебное пособие для студентов вузов. — Худжанд, 2001 (в соавт.).