Вазнабардорӣ
Тавсифот | |
---|---|
Аввалин мусобиқот | |
Федератсияи байналмилалӣ | |
Ном | International Weightlifting Federation[d] |
Лоиҳаҳои марбут | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вазнабардорӣ (форсӣ: وزنهبرداری, англ. olympic weightlifting, русӣ: тяжелая атлетика) — навъе варзиши олимпӣ, ки дар он варзишгар мекӯшад дар ду ҳаракати алоҳида (якзарба ва дузарба) аз ҳарифонаш вазнаи зиёдтареро бардорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин навъи варзиш дар замонҳои қадим ҳам вуҷуд дошт (борбардорӣ), аммо номи кунунияш — штангабардорӣ соли 1946 маъмул шуд. Мусобиқаи вазнабардорӣ аз соли 1972 аз рӯйи ду машқ: якзарба (бо як ҳаракат бо ду даст ба боло бардоштани вазн) ва дузарба (бо ду ҳаракат: аз рӯйи тахта ба сари сина ва аз сари сина ба боло) сурат мегирад. Ғолибон аз рӯйи натиҷаи ду машқ муайян карда мешаванд. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мардҳо аз рӯйи 8 ва занҳо аз рӯйи 7 дараҷаи вазн мусобиқа мекунанд. Мусобиқаҳои расмии В. дар ИМА аз солҳои 60 садаи XIX ва дар Аврупо аз солҳои 70 садаи XIX баргузор карда мешаванд. В. ба барномаи Бозиҳои олимпӣ аз соли 1896 (ғайр аз солҳои 1900, 1908, 1912) дохил карда шудааст. Якумин чемпионати Аврупо оид ба В. соли 1896 дар шаҳри Роттердам ва аввалин Чемпионати ҷаҳон соли 1898 дар шаҳри Вена баргузор гардид. Соли 1912 Иттифоқи умумиҷаҳонии вазнабардорон ташкил ёфт ва қоидаҳои байналмилалии мусобиқаҳои В. тасдиқ карда шуданд. Дар чоряки 1-уми садаи XX тавонотарин вазнабардорони ҷаҳон варзишгарони Фаронса, Олмон, Австрия, Итолиё, ИМА буданд. Дар Русия ба В. аз соли 1885 машғул шуданд. Аввалин чемпионати Русия соли 1897 дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Чемпионатҳои собиқ ИҶШС аз соли 1923 ҳар сол ташкил карда мешуданд. Дар байни вазнабардорони рус бисёр чемпионҳо ва рекордсменҳои ҷаҳон ба камол расидаанд. Тавонотарин одами рӯйи замин солҳои тӯлонӣ вазнабардори рус В. И. Алексеев буд. Ӯ дар Бозиҳои олимпии шаҳри Монреал (1976) 255 кг штангаро якбора бардошта, 77-умин бор рекорд гузошт. 81-умин рекорди ҷаҳонӣ низ ба В. И. Алексеев мансуб аст (1977). В. дар ИМА ва давлатҳои Аврупо бештар тараққӣ кардааст. Ғолибони чандинкаратаи Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои калони байналмилалӣ Л. Остен (Фаронса), И. Винчи, Ҷ. Дейвис ва Т. Коно (ИМА), И. Маяки (Ҷопон), В. Башановский (Лаҳистон), Х. Плачков, В. Хрис тов (Булғория) ва дигарон буданд. Ҳоло тавонотарин одами рӯйи замин, чемпиони ҷаҳон вазнабардори эронӣ Ҳусайн Ризозода мебошад. Ӯ соли 2004 дар Бозиҳои XXVII олимпӣ (Афина) 263 кг штангаро якбора бардошта, рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон ин намуди варзиш аз солҳои 30 садаи XX инкишоф ёфт. Вазнабардорони ҷумҳурӣ дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва Бозиҳои олимпӣ мунтазам иштирок мекунанд. Соли 1958 Виталий Двигун чемпиони ҷаҳон шуд. Соли 1985 Александр Чигрин дар вазни 110 кг ҷойи 2-юмро ишғол кард. Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон соли 1993 ташкил шуд. Он аз соли 1994 узви Федератсияи вазнабардории Осиё ва аз соли 1995 узви Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ мебошад. Вобаста ба ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ҳар сол 4 бор мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад. Дар байни вазнабардорони ҷумҳурӣ 50 нафар Устоди варзиши ИҶШС, 18 нафар Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар Устоди дараҷаи байналмилалӣ мебошанд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазнбардорӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.