Jump to content

Вазн (адабиётшиносӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вазни шеъри форсӣ)

Вазн (форсӣ: وزن‎) — дар адабиётшиносӣ андоза ва ченаки шеър аст.

Яке аз хусусиятҳои асосии шеър аст, ки онро аз сухани маъмулӣ, аз наср фарқ дорад. Вазн бо тартиби муайян ва баробар омадани ҳиҷоҳо, чи дарозу чи кӯтоҳ ва задаро дар бар мегирад. Агар аз нигоҳи тақтеъ мисраъҳо баробарвазну мутаносиб бошанд, онро каломи мавзун, яъне сухани дорои вазн, мегӯянд. Вазн яке аз воситаҳои зебову хушоҳанг кардани шеър аст, ки сухани гӯяндаро муассиру дилнишин мегардонад. Вазн дар заминаи мусиқии калом эҷод шудааст, аз ин рӯ, аз мусиқӣ ҷудо нест ва ҳар сухани мавзун дорои мусиқию оҳангест. Баъзан шоир, вобаста ба вазни шеър, калимаҳоро ихтисор ё ҷояшонро иваз мекунад, ё ҳангоми зарурат калимаҳои мушаддадро беташдид меорад, ё, баръакс, аз талаботи вазн маншаъ мегирад. Бинобар ин, вақте ки шоир барои эҷоди шеъри худ вазнеро интихоб мекунад, наметавонад то ба охир аз доираи он вазн берун биравад, магар ин ки дар ҳолати зарурат рукнҳоеро аз ин вазн кам кунад ё бар он афзояд. Ҳоло дар мавриди эҷоди назми ҷаҳон аз ду навъи вазн: квалитативӣ (сифатӣ) ва квантитативӣ (миқдорӣ) истифода мебаранд. Вазни шеъри форсӣ, аслан, ҳиҷоӣ ва арӯзист, ки аз оғози адабиёт то имрӯз амал мекунанд. Вале дар оғози асри 20, таҳти таъсири шеъри асрҳои 19–20 Эрон, адабиёти аврупоӣ ва русӣ ба шеъри тоҷикӣ навъҳои дигари шеър – шеъри озод, шеъри сафед ва ғ. ворид карда шуданд, ки аслан дар доираи арӯзанд, вале бо камиву афзунии рукнҳояшон аз шеъри маъмули классикӣ фарқ мекунанд. Вазн дар мусиқӣ ҳамчун табдили овозҳо яке аз воситаҳои таъсиррасон ва шаклсоз, ҷузъи ҳама гуна асарҳои мусиқӣ ба шумор меравад. Мавзунии савту нағамоти марғуб таъсирбахшии оҳангро бештар мекунад. Шеъре, ки дар вазни хубу оҳанги гӯшнавоз эҷод шудааст, дорои мусиқии зебост.

  • Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1966;
  • Шарифов Х., Тоиров У. Назмшиносӣ. Д., 2005;