Виталий Вайл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вайл Виталий Самуилович)
Виталий Вайл

Вайл Виталий Самуилович (6.6.1900, Маскав — 2.3.1963, Душанбе) — духтури атфол, доктори илмҳои тиб (1952), профессор (1954), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1959).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи якуми тиббии Маскавро соли 1923 хатм намуда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент фаъолият кардааст. Мудири кафедраи касалиҳои бачагонаи Донишкадаи тиббии шаҳри Смоленск (1927-31), дотсенти Академияи тибби ҳарбии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург; 1932-52) буд. Соли 1953 мудири кафедраи бемориҳои бачагонаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъйин гардид ва то поёни умр дар ин вазифа хидмат намуд. Вайл яке аз поягузорони хадамоти педиатрии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Оид ба паҳлуҳои гуногуни педиатрия ва ёрии тиббии кӯдакон пажӯҳиш анҷом додааст. Дар баланд бардоштани савияи илмии духтури кӯдакон, ташкили беморхонаҳо, машваратгоҳ ва матбахҳои кӯдакона нақши муассир дорад. Муаллифи беш аз 60 мақолаи илмист. Китоби илмӣ-оммавии ӯ «Ошхонаи бачагона» (1958) ба забонҳои гуногун тарҷумаву нашр гардидаааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Противохимическая защита детей. Л., 1940;
  • Один из основоположников научной педиатрии Н. П. Гундобин. Сталинабад,1957;
  • Развитие детского здравоохранения, педиатрия и педиатрических кадров в Таджикистане. Сталинабад, 1958;
  • Актуальные вопросы физиологии и патологии детства. Д., 1962;
  • Методическое пособиепо вскармливанию здорового и больного ребёнка. Д., 1963.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вайл Виталий Самуилович / Ё. Назармамадов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.