Вайрон кардани дахлнопазирии манзил
Вайрон кардани дахлнопазирии манзил — ҷиноят ба муқобили ҳуқуқи конститутсионии шахс оид ба дахлнопазирии манзил (м. 22 Конститутсняи ҶТ) буда, дар м. 147 КҶ ҶТ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи ин модда вайрон кардани дахлнопа- зирӣ аз ғайриқонунӣ даромадан ба манзил бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан иборат аст. Манзил ҷое эътироф мешавад, ки барои истиқомати доимӣ ё муваққатии инсон пешбинӣ гардидааст. Ғайри қонунӣ даромадан ба манзил бе розигии соҳиби манзил хоҳ бо роҳи пинҳонӣ, хоҳ ошкоро даромадан ба он мебошад. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил танҳо дар ҳолатҳои таъҷилӣ (барои пешгирии сӯхтор, ҷиноят ва ғайра) ҷиноят ҳисоб намешавад. Тарафи субъективии ҷиноят бо қасди бевосита тавсиф меёбад. Субъекти ҷиноят шахси воқеии мукаллафи ба синни 16-солагӣ расида шуда метавонад. Дар қисми 2 м. 147 КҶ ҶТ ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷинояти мазкур пешбинӣ гардидааст. Агар вайрон намудани дахлнопазирии манзил:
- а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
- в) бо ғайриқону нӣ васл намудани воситаҳои гӯшандозӣ ё дигар воси-
- таҳои махсус дар манзили истиқоматӣ содир шуда бошад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 117