Jump to content

Ванадий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ванадий (лот. Vanadium), V, — элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 23, массаи ат. 50, 942. Ванадийро с. 1801 олими мексикоӣ А.М. дел Рио дар таркиби маъдани сурб кашф намудааст. Химики шведӣ Н.Г. Сефстрём с. 1830 онро дар маъдани оҳан кашф намуд.Ванадий ба хотири номи олиҳаи зебои Скандиновия - Ванадис номгузорӣ намудааст. Метали хокистарранги пўлодин, сахт, ба туршаҳо ва об устувор буда, 6,11 г/см3 зичӣ ва 19200С ҳарорати гудозиш дорад. Дар металлургияи сиёҳ бо оҳан чун хўла истифода дорад. Иловаи ванадий бо оҳан хўлаҳоеро ҳосил мекунад, ки пўлоди зангназананда, бурранда, ба гармӣ - тобовар, қубурҳои нафту газгузаронанда, пармакунанда ва кафшериро месозанд. Хўлаҳои аз ҳад устувору хўрданашавандаи он дар релсҳои роҳи оҳан, чарху рессорҳои қатораҳо истифода мешаванд. Ванадий аз конҳои титаномагнетит, фосфорит, регсангҳои урани дорои аҳамияти саноатӣ дошта истихроҷ мешаванд. Як қисми дигари ванадий якҷоя бо бокситҳо, ҷинсҳои карбонатӣ, сланесҳои сўзанда, нафт, регҳои битумдор бо роҳи иловагӣ гирифта мешавад.


Ванадийро асосан дар металлургияи сиёҳ истифода мебаранд. Хӯлаҳои ванадийдори оҳан, титан, ниобий, алюминий ва ғ.-ро дар саноати авиатсиявӣ ва ракетасозӣ кор мефармоянд. Ванадии металлии холис дар энергетикаи атомӣ ва истеҳсоли асбобҳои электронӣ, пайвастҳои ванадий дар саноати химия ва тиб истифода мешаванд. Бисёр пайвастҳо ва хӯлаҳои ванадий заҳрнок мебошанд. Хусусан оксидҳо, намакҳо ва хлоридҳои ванадий ба организм зарари калон мерасонанд.

Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ ҳавои коргоҳро аз чанг ва дуди пайвастҳои ванадий тоза нигоҳ доштан лозим аст. Коргарон бояд бо респиратор ва противогазҳои дорои филтри аэрозолӣ таъмин карда шаванд. Барои муҳофизати пой аз кислотаҳо мӯза мепӯшанд. Одамоне, ки бо ванадий ва пайвастҳои он сарукор доранд, баъди ҳар 2 сол як маротиба аз назорати тиббӣ мегузаранд.

Шаблон:Манобеъ Michael E. Wieser, Norman Holden, Tyler B. Coplen, John K. Böhlke, Michael Berglund, Willi A. Brand, Paul De Bièvre, Manfred Gröning, Robert D. Loss, Juris Meija, Takafumi Hirata, Thomas Prohaska, Ronny Schoenberg, Glenda O’Connor, Thomas Walczyk, Shige Yoneda, Xiang‑Kun Zhu. Atomic weights of the elements 2011 (IUPAC Technical Report) (англ.) // Pure and Applied Chemistry. — 2013. — Vol. 85, no. 5. — P. 1047-1078. — DOI:10.1351/PAC-REP-13-03-02.

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Ванадий дорад
  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.