Jump to content

Велобол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Велобол — тӯббозии дастаӣ бо велосипеди махсус.

Навъи бештар паҳншудаи велобол бозӣ дар толор байни 2 дастаи 2-нафарӣ мебошад. Дар дигар навъи велобол дастаҳо аз 5 ё 6 нафар бозигар иборатанд. Велобол охири асри 19 дар Амрико пайдо шуда, зуд паҳн гардид ва сипас ба Аврупо гузашт. 3 навъи велобол-ро фарқ мекунанд:

  1. ду бозигар дар даста дар майдони масоҳаташ 11×14 м. қувва меозмоянд;
  2. 5 бозигар дар даста дар майдони масоҳаташ баробари майдони гандбол велобол мебозанд;
  3. 6 бозигар дар даста бо тӯби футбол бозӣ мекунанд; бозӣ дар фазои кушод мегузарад.
UCI Cycle Ball 2on1

Бо ташаббуси Иттиҳоди велосипедронҳои Олмон соли 1930 аввалин чемпионати ҷаҳон (2-нафарӣ дар даста) дар бораи велобол баргузор шуд. Ҳоло ин навъи велобол хеле машҳур аст. Майдончаи бозӣ росткунҷа буда, берун аз хатти дарвоза дар тӯли он роҳрави озоди бараш 50-100 см мавҷуд аст, ки барои гардиш ва равуои бозигарон пешбинӣ шуда, ба масоҳати умумии майдон дохил намешавад. Дарвозаҳо дар мобайни хатти дарвоза воқеъ буда, аз чӯб ё дюралюминий сохта мешаванд. Ҳаҷми дохили онҳо 2×2 м аст, ба паҳлуҳо ва болои онҳо тӯр мекашанд. Дар маркази майдончаи ҷаримавӣ нимдоираи радиусаш 2 м ҷойгир аст. Дар масофаи 2 м аз хатти майдончаи ҷаримавӣ, яъне 4 м дуртар аз маркази дарвоза барои зарбаи ҷаримавӣ нимдоираи дуюм кашида мешавад. Дар маркази майдон доираи радиусаш 2 м мавҷуд аст. Дар чор гӯшаи майдон барои зарбаҳои ҷаримавӣ ва озод аломатҳо кашида мешаванд. Ранги тамоми хатҳо (барашон 5 см) сафед аст. Тӯби велобол аз ҳар гуна мавод сохта шуда, курашакл (қутраш 15-18 см) аст ва дохилаш бо маводди нарм ё пӯк пур карда мешавад. Вазни тӯб 500—600 г. Имтидоди бозӣ ба синну соли бозигарон вобаста аст: мусобиқаи наврасон (11-17-сола) — 2 пайти 5-дақиқаӣ, мусобиқаи ҷавонон (то 19-сола) — 2 пайти 6-дақиқаӣ ва калонсолон — 2 пайти 7-дақиқаӣ. Мақсади бозӣ — ба дарвозаи ҳариф бо чархи пеш ё ақиб, ё танаи бозигар зада даровардани тӯб. Бо сар бозидан ҳам мумкин аст. Ба бозигаре, ки дар чархи пеш ё ақиби велосипедаш тӯб дорад, танҳо аз тарафи тӯбдор ҳуҷум кардан равост. Барқасдона бархӯрдан, тела додан, бо даст ҳарифро доштан ва ба чӯби дарвоза такя кардан мамнӯъ аст. Баъди қуръапартоӣ дастаи ғолиб ба интихоби дарвоза ва сар кардани бозӣ ҳуқуқ пайдо мекунад. Бо гузашти пайт бе танаффус дастаҳо дарвозаҳоро иваз мекунанд ва дастаи дигар бозиро оғоз менамояд. Дар оғози бозӣ, баъди иваз кардани дарвозаҳо ва задани ҳар гол тӯб дар маркази майдон гузошта мешавад. Дар ибтидои бозӣ ва баъди иваз кардани дарвозаҳо бозигарон велосипедҳояшонро боздошта, дар тарафи чапи хатти дарвозаи худ меистанд. Баъди ҳуштаки довар ба велосипедҳояшон савор шуда, бозиро оғоз мекунанд. Бозигарони дуюми дастаҳо дар ин вақт метавонанд, ба истиснои майдончаи ҷаримавии ҳариф, дар ҳар ҷои майдон қарор гиранд. Баъди ҳар як гол бозигарони дастаҳо бо велосипедҳои худ мемонанд ва бозигари ба дарвозаи ҳариф тӯбзада метавонад танҳо дар доираи марказӣ ба тӯб даст расонад. Агар тӯб дар велосипеди бозигар дармонад, бозигар метавонад дарҳол онро бо ҳар роҳ, ҳатто бо дасташ озод кунад. Агар бозигар ин ҳолатро барои таъхири тӯб истифода кунад, довар метавонад бозиро қатъ намуда, бар зидди дастаи гунаҳкор зарбаи озод ё 4-метра таъйин кунад.

Довар дар ҳолатҳои зерин метавонад бозиро қатъ намояд: ҳангоми вайрон кардани қоида, ки барои он ҷарима таъйин карда мешавад ва агар бозигар садамаи ҷиддӣ гирад ва тибқи таъйини духтур бозиро дар муддати 10 дақиқа идома дода натавонад. Дар ин ҳолат дастае, ки бозигарро ба садама гирифтор кард, сарфи назар аз голҳои задааш мағлуб дониста мешавад. Ҳангоми осеб дидани либос ва пойафзор бозигар дасташро боло мекунад ва бозӣ муваққатан қатъ мегардад. Сипас вақти талафшуда барқарор карда мешавад. Агар ҳангоми бозӣ ғолиб муайян нашавад, то 7 дақиқа вақти иловагӣ медиҳанд. Агар дар ин вақт ҳам ғолиб муайян нагардад, зарбаи (пеналтии) 4-метра таъйин карда мешавад. Даста ё бозигаре, ки якчанд бор қоидаро вайрон кардааст, аз мусобиқаҳои оянда хориҷ карда мешавад. Агар як бозигар хориҷ шавад, бозигари дуюми даста ҳуқуқи идома додани бозиро надорад ва даста новобаста ба таносуби голҳо мағлуб дониста мешавад. Велобол-ро Ассотсиатсияи байналмилалии веловарзиш ташкил, идора ва паҳн мекунад. Ташкилот ҳар сол мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи Чемпионати ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳонро созмон медиҳад. Ҳар сол дар фасли баҳор байни дастаҳои мунтахаби велобол Ҷоми Аврупо баргузор мегардад. Велобол дар Олмон, Чехия, Швейсария, Австрия, Фаронса, Белгия хеле рушд ёфта, чемпионатҳо ва ҷомҳои миллӣ доир мегарданд. Чемпионати Аврупо дар бораи велобол ҳамагӣ 3 маротиба (1927-29) баргузор гардид, баъд ба Чемпионати ҷаҳон иваз карда шуд, ки аз соли 1930 ҳар сол доир мегардад. Аввалин чемпионҳои ҷаҳон дар бораи велобол Карл Берндт ва Вилли Шайбе аз Олмон буданд.

Аз соли 2002 ҳар сол байни дастаҳои беҳтарин Ҷоми ҷаҳон баргузор мегардад, ки дар тӯли як сол дар 8 марҳала сипарӣ мешавад. Дар мусобиқаи ниҳоӣ 10 дастаи (8 беҳтарин + 2 дастаи даъватшуда) дорандаи Ҷоми ҷаҳонро муайян мекунанд. Дар Тоҷикистон ин намуди бозӣ вуҷуд надорад.