Википедиа:Зиндагиномаи зиндагон
Ин саҳифа сиёсати расмии Википедияи Тоҷикӣ аст. Ин сиёсат мақбулияти густардаи дар миёни вироишгарон дорад ва як меъёр барои вироишгарон ба шумор меравад, ки ҳама бояд аз он пайрави кунанд. Замоне, ки саҳифаеро вироиш мекунед, талош кунед, ки вироиши шумо баёнгари иҷмоъ бошад ва агар мутмаъин нестед нахуст дар саҳифаи баҳс, онро баҳс кунед. |
Виросторони Википедия бояд ҳангоми навиштани матолиби марбут ба афроди дар қайди ҳаёт, дар тамоми сафаҳоти Википедия диққати дучанд ба харҷ диҳанд. Ингуна навишторҳо ниёзманди ҳассосият бештаранд ва бояд комилан аз сиёсатҳои муҳтавои бунёди Википедия табаият кунанд:
Бояд корро дуруст анҷом диҳем. Дар мавриди истифода аз сарчашма бисёр сахтгир бошед. Ҳамаи гуфтовардҳо ва матолибе, ки ба чолиш кашида мешаванд ё эҳтимолан ба чолиш кашида хоҳанд шуд бояд ба сароҳат ба сарчашмаи қобили эътимоди мунташиршуда нисбат дода шуда бошанд. Ин кор маъмулан бо истифода аз ёдкарди дарунхаттӣ анҷом мешавад. Матолиби муноқишабарангез, дар бораи афроди зинда (ё ба тозагӣ даргузашта), ки сарчашма надоранд ё сарчашмаи заифе доранд — бидуни дар назар гирифтан манфӣ, мусбат ё хунсо будани матлаб ё инки танҳо суолбарангез бошад — бояд бедаранг ва бидуни сабркардан барои баҳс ҳазф шаванд[1]. Корбароне, ки ба таври мудовим ё ба тарзи фоҳише ин сиёсатро нақз кунанд мумкин аст аз вироиш қатъи дастрасӣ шаванд.
Зиндагиномаи зиндагон бояд муҳофизакорона ва бо дар назар гирифтани ҳарими шахс навишта шавад. Википедия як донишнома аст, на як рӯзномаи зард. Кори Википедия ин нест, ки эҳсосе амал кунад, ё омили аслии идеяоҳои таҳриккунанда дар мавриди зиндагии ашхос бошад. Эҳтимоли хусрон мавзуъоти зинда бояд ҳамвора дар қазоватҳои вироишӣ дар назар гирифта шавад. Ин сиёсат ҳар фарди зиндаеро шомил мешавад, чӣ он фард мустақиман мавзуи мақола бошад, чӣ дар мақолаҳо ё сафҳаҳои дигаре ёд шуда бошад (аз ҷумла сафҳаҳои баҳс)[2]. Масъулияти ироаи мадрак барои ҳар вироише дар Википедия, бар гардани шахсе аст, ки матолибро меафзяд ё бозмегардонад.
Тавҷеҳ
[вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиши манбаъ]- ↑ Jimmy Wales. «WikiEN-l Zero information is preferred to misleading or false information», May 16, 2006, and May 19, 2006; Jimmy Wales. Keynote speech, Wikimania, August 2006.
- ↑ Wikipedia:Requests for arbitration/Rachel Marsden: «WP:BLP applies to all living persons mentioned in an article»