Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/32

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форсӣ: زکریای رازی‎) (англ. Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy) — олим ва табиби шаҳири аҳли форсй. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд.

Зиндагинома

[вироиши манбаъ]

Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми кимиё равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст. Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт. Ба иттифоқи тазкиранависон Закариёи Розӣ таҳсилоти худро анҷом дод ва ҳатто бархе тасреҳ кардаанд, ки ӯ пас аз чилсолагӣ ба кутуби тиббӣ ва фалсафӣ рӯй овард. Закариёи Розӣ барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод омад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ба сурёнӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ с-ҳои 786 – 809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки Закариёи Розӣ бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард. Ба занни қавӣ, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр – ғуломи Мӯътазид (хилофаташ с-ҳои 892 – 902) дар а. 9 бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» иштиҳор пайдо кард, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.(бештар...)