Википедиа:Мудирони робити корбарӣ
Мудирони робити корбарӣ (англ. Interface administrators) — гурӯҳе аз корбарон ҳастанд, ки метавонанд тамоми сафҳаҳои CSS, JavaScript ва JSON дар Википедия ва тамоми сафҳаҳои фазои номи Медиавики вироиш кунанд[1]. Аъзои ин гурӯҳ танҳо корбароне ҳастанд, ки тавонои вироиши тамоми сафҳаҳои CSS ва JavaScript-ро доранд[2][3]. Аҳамият ин сафҳаҳо аз он ҷиҳат аст, ки мурургарҳо онҳоро монанди як код иҷро мекунанд ва мeҳтавои ин сафҳаҳо рӯи намоиш ва муҳтавои дигар сафҳаҳои Вики асар мегузорад, чунонки метавон бо кумаки ин сафҳаҳо абзорҳои хеле печидае барои вироиш ва хондани сафҳаҳо сохт.
Тавоноии вироиш ин сафҳаҳо як дастрасии ҳассос маҳсуб мешавад, чаро ки корбарони бадтинат метавонанд аз ин сафҳаҳо суъистифода кунанд. Ба ҳамин ҷиҳат мудирони робити корбарӣ бояд аз миёни корбароне интихоб шаванд, ки эътимоди болое ба онҳо вуҷуд дорад, ҳадди ақале аз CSS, JavaScript-ро мефҳманд, аз интизороти маҳрамонагӣ, ки дар викиҳои Викимедиа вуҷуд дорад огоҳанд, ва дарки муносибе аз наҳваи эмин кардани ҳисоби корбарии худашон низ доранд (масалан аз тариқи интихоб гузарвожаҳои муносиб, парҳез аз насби бадафзорҳо, ё тарҷеҳан истифода аз вуруди думарҳалаӣ).
Дар ҳоли ҳозир ягон мудири робити корбарӣ дар Википедияи Тоҷикӣ вуҷуд надорад.
Эзоҳ
[вироиши манбаъ]- ↑ Ин шомили сафҳаҳое назири MediaWiki:Common.js ва MediaWiki:Vector.css ва низ сафҳаҳои абзорҳои Википедия, ки дар Вижа:Gadgets феҳрист шудаанд, ва ҳамчунин зерсафҳаҳои корбарӣ мешавад.
- ↑ Мудирон тавоноии вироиши боқӣ сафҳаҳои фазои ном Медиавики ва низ тамоми сафҳаҳои JSON-ро доранд.
- ↑ Тамоми корбарон метавонанд зерсафҳаи корбарии худро — аз ҷумла зерсафҳаҳои CSS, JavaScript ё JSON-ро — вироиш кунанд.