Википедиа:Мудирон/Камфаъол
Дар давоми 6 моҳ, мудир бояд на кам аз 100 вироиш кунад, ки на кам аз 50-тои ӯ ба фазои номҳо «Мақола» (асосӣ), «Файл», «Шаблон», «Гурӯҳ», «Портал» ва «Инкубатор» рост ояд, инчунин, бояд на кам аз 25 амали мудирӣ: ҳазф, барқарор, бастакунӣ, ҳифзи саҳифаҳо ва ё озод кардани онҳо аз ҳифз, таҳрири фазои номҳои MediaWiki ва хулосаи мудирӣ баровардани натиҷа (яъне хулосае, ки дигар корбарон наметавон бароранд ё онҳое, ки пас аз хулоса баровардани мудир унвони баландро доранд); барои чекюзерҳо тафтиши карда инчунин ба инобат гирифта мешаванд.
Дар ҳолати иҷро накардани ин талабот аз ҷониби мудири камфаъол, бояд ба ӯ пешниҳод шавад, ки дар давоми се моҳ омори худро хуб гардонад ва шумораи амалҳои мудириро то сатҳи минимуми қабулшуда расонад. Агар, пас аз се моҳ, фаъолияти мудир аз сатҳи минимум пастар истодан гирад ва сабабҳои объективӣ номбар нашаванд нисбати камфаъолӣ, дар ин ҳолат мумкин аст, ки ба девонсолорони Википедиаи тоҷикӣ дархост кунанд, барои маҳрум кардани унвони мудирӣ.
Омори амалҳои мудирӣ дар Википедиаи тоҷикӣ аз 2019-07-30 то 2020-07-29 дар инҷо