Википедиа:Панҷи бунёд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Аз дидгоҳи бархеи Википедианивисон Сиёсатҳо ва раҳнамудҳо расмии Википедиа бар панҷ асли бунёдӣ устуворанд. Панҷ асли бунёдӣ, ки вижагиҳои Википедиаро таъриф мекунанд:

Blue pillar Википедиа як донишнома аст ки вижагиҳои донишномаҳои умумӣ ва тахассусӣ ва солномаҳову маълумотномаҳои ҷуғрофиро дар худ таҷассум (таркиб) кардааст. Википедиа на ҷойи навиштану гузориши як фарҳанги вожаҳост, на суханронӣ, на рӯзноманависӣ, на як фазои веблогнависӣ, на ироъакунандаи фазои хеш барои ақоиде ройгон, на маҳали ёдгоринависӣ, на тамрини беҳокимиятӣ ва демокросӣ ва на як линкдонӣ аст. Таҷрибаҳо ва дидгоҳҳои шахсӣ низ дар Википедиа ҷоӣ надоранд. Сиёсати манъи таҳқиқи даставвал бояд мавриди назари ҳама виройишгарон бошад. Мақолаҳо набояд шомили ҳар гуна назарияҳо, дидгоҳҳо, ибораҳо, мавҳумҳо, таҳқиқотҳо ё ақойид бошанд, ки то ба ҳол дар ҳеҷ ҷойе мунташир нашудаанд. Тамоми таваҷҷуҳи виросторон бояд бар дақиқ, солим ва дурустии мақолот муттамарказ бошад.
 
Green pillar Википедиа дидгоҳи бетарафӣ , яъне мо дар Википедиа кӯшиш бар он дорем то мақолоти танҳо як дидгоҳи хосро таблиғ накунанд, балки бо тамоми дидгоҳҳо дар ҳар мавзӯе бинависанд. Яъне баён кардани чандин дидгоҳи мухталиф ва густариши ҳар як ба ҳади кофи аст, то корбаре бидонад ҳар дидгоҳ аз кадом манбае ки ояд ва ҳеч дидгоҳе набояд ба унвони «ҳақиқати маҳз» ё ин ки «беҳтарин дидгоҳ» муаррифӣ шавад. Барои расидан ба чунини ҳадаф, овардани манобеи боэътибор ва қобили истинод дар ҳар ҷое мумкин ва ба хусус дар мавзӯъҳоии мавриди ихтилоф, зарур аст. Вақте дар мавриди он ки кадоме аз нусха бетарафтар аст, ихтилофи назариявӣ пеш ояд, як давраи даст кашидан аз виройишҳои ихтилоф барангез эълом мешавад, мақолаи барчасби Шаблон:Дурустӣ ё Шаблон:Бетарафӣ ва ҷузъиёти ихтилофи барангез дар саҳифаи баҳс ба гуфтугӯ гузошта мешаванд ва ба ихтилофҳо расидагӣ мешавад.
 
Yellow pillar Википедиа як муҳтавои озод аст, ки ҳар касе метавонад онро тағйир медиҳад, виройиш мекунад, истифода мекунад Муҳтавои ноозодро метавон таҳти истифодаи мунсифона ба кор баред аммо ҳамаи талошатонро дар истифода аз ҷойгузинҳои озод таҳти литсензияи CC-BY-SA (Creative Commons Attribution-ShareAlike License версии 3.0); аксарияти матнҳо инчунин таҳти литсензияи GFDL (GNU Free Documentation License), ва базеи онҳо барои дастрасии иҷмоъ ҳамчун моликияти омма гузошта шудаанд. Ҳеҷ виройишгаре ҳуқуқи соҳибӣ ба мақолаи шахсӣ буда наметавонад, ҳамаи виройишҳои шумо мумкин аст бидуни хости шумо таҳрир ва бозсозӣ аз ҷониби ҷомеа қарор гиранд. Дар Википедиа маводе, ки ҳуқуқи муаллифро поймол мекунанд ва маводҳои таҳти литсензияҳое, ки дар корбарии Википедиа иҷозат надоранд, виростан мумкин нест.
 
Orange pillar Википедиа дар маворди ихтилофи шеваи ҳоии дорад؛ дигар Википедианависонро (корбаронро) эҳтиром кунед, ҳатто дар мавриде, ки фаҳмишатон оид ба масъалае (мақолае) бо онҳо мувофиқ нест, Боэҳтиром бошед. Аз ҳамлаҳои шахсӣ ва беэҳтромиву ҷанҷолҳои зидди якдигарӣ бипарҳезед. вақте баҳсе болои ягон "мавзуи гарме" афзояд, ором бимонед. Ба пайравӣ аз "қонуни се баргардон" аз даргир шудан ва аз ҷангҳои беҳудаи вироишҳо худдорӣ кунед. Бовиҷдонона фаъолият баред ва қоидаҳои Википедиаро мавриди санҷиш нагузоред ва сӯистифода накунед. Ба дигарон бо назари амали некхоҳонаашон муносибат кунед. Озодандеш, некпазиро ва хушгуфтор бошед.
 
Red pillar қонунҳои Википедиа тағйирнопазир нестанд. Қонунҳои Википедиа рӯи санге канда нашудаанд, қонунҳо бар ҳуруф ва вожагони онҳо бартарӣ дорад. дар виройиш, интиқол ва тағйири мақолоте бебок бошед, зеро ин шавқи виростан ва пиростан аст, ки бояд ба унвони ҳадафе шинохта шавад, комил будан лозим нест. Аз ин натарсед, ки мумкин аст харобкории шавад. Нусхаҳои қаблии мақолоте маҳфуз ҳастанд, пас имкон надорад, ки тасодуфан википидиаро харобкорӣ кунед, ё ки мӯҳтавои мақолотро ба сурати бозгаштнопазирӣ нобуд кунед. Аммо ба ёд дошта бошед , ҳар чӣ бинивисед шояд, ки барои ояндагон бимонад.

جستارهای وابسته[вироиш]