Википедиа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Www.wikipedia.org screenshot 2013.png

Википедиаэнсиклопедияе мебошад, ки дар асоси технологияи викӣ офарида шудааст ва озодона дар шабакаи Интернет бо забонҳои бисёр дастрас мебошад. Он аз тарафи ҳамаи хоҳишмандон ривоҷ меёбад. Аз ибтидои ташкилёбӣ, соли 2001, Википедиа ба донишномаи машҳуртарин табдил ёфта, рӯз то рӯз пурратар мегардад.

Таърих[вироиш]

Хусусияти хоси интернет-энсиклопедияи Википедиа (ба туфайли технологияи wiki, ки асоси корбарии сомона аст) аз он иборат аст, ки вироиш ва таҳрири мақолаҳоро ҳар як шахси истифодабарандаи шабакаи Интернет, ки низоми Википедияро риоя мекунад, мавриди истифода, яъне навиштаву (вироишу) таҳрир карда метавонад. Дар баробари ин, дар аксар ҳолатҳо, ҳатто бе сабти ном дар сомона вироиш ва таҳрири мақолаҳо имконпазир мебошад. Кулли тағйиротҳои ба ягон мақолаҳои ин энсиклопедия ворид намудаи чунин ихтиёриён дарҳол ба ҳамаи муштариёни сомона маълум мегардад. Википедиа аз ҷониби ихтиёриёни кулли ҷаҳон ба зиёда аз 290 забонҳои ҷаҳонӣ эҷод карда мешавад. Дар он зиёда аз 40 миллион мақолаҳо ба забонҳои халқхои гуногуни дунё ҷойгир шудаанд. Интернет-браузери Википедиа аз рўи миқдори зиёраткунандагон, дар ҷойи 5 байни сомонаҳои ҷаҳонӣ мебошад — ҳар моҳ ба сомона қариб 480 миллион нафар одамон ворид мешаванд.

Дар ибтидои асри XXI, cоли 2001 пас аз ба кор андохтани Википедиа аз ҷониби Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер дар шабакаи Интернет, он ба яке аз бузургтарин ва аз ҳама маъмултарин маълумотномаи Интернетӣ мубаддал гаштааст. Аз рўи ҳаҷми иттилоот ва фарогирии мавзӯъҳо Википедиа энсиклопедиаи аз ҳама пурратарин ва беҳтарин дар таърихи башарият мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои хуби Википедиа ҳамчун энсиклопедяи универсалӣ, фароҳам овардани имконияти пешниҳоди иттилоот ба забони модарии корбарон мебошад, ки ба ҳамин васила қиммати иттилооти воридшударо, ҳамчун ҷанбаи фарҳангӣ нигоҳ медорад.

Шумораи мақолаҳои Википедиа[вироиш]

То 1 июни соли 2016 дар Википедиа 293 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 282-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои он зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 74-тоаш зиёда аз 10 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 112 қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 1 июни соли 2016 - 40 157 126 мақола (аз ҷумла зиёда аз 150 млн. саҳифа)ро дарбар мегирифт).[1]

Сухани Ҷими Вейлс доир ба Википедиа[вироиш]

« Wikipedia як донишномаи озоди мардумӣ ва ҷаҳонист. Дар он метавон ҳама гуна маълумотро пайдо кард. Шояд саволе нест, ки посухи он дар ин сомона набошад. Истифода аз ин иттилоъ озод ва ройгон аст. Гузашта аз ин ба наздикӣ сомонаи тоҷикии Википедиа дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр хоҳад шуд. Ин муждаи Наврӯзист! Муборак!
»

[2]

Лоиҳaҳои дигар

Википедиа — лоиҳае аст, аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

Викианбор
Анбори медиафайлҳо
Викимаълумот
Пойгоҳи дониш
Викииқтибос
Коллексияи иқтибос
Викилуғат
Луғат ва тезаурус
Медиавики
Тавзеҳи нармафзор
Мета-вики
Вики дар бораи лоиҳаҳои Викимедиа
Викитека
Матнҳои аслӣ
Викикитоб
Китобҳо ва роҳнамоҳои озод
Виксафар
Роҳнамои сафар
Викиахбор
Ахбор
Викидонишгоҳ
Манобеи омӯзиши
Викинамудҳо
Намудҳои биологӣ

Нигаред[вироиш]

Логотип «Мета-вики»
Дар «Мета-вики» саҳифаи «Category:Wikipedia» ҳаст

Сарчашмаҳо[вироиш]

  1. (Википедиа:Рӯихати Википедиа) 2.06.2016
  2. Тоҷикон дар Википедиа