Википедиа:Эҷоди мақола/Компания/Источники
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
[вироиши манбаъ]Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин» бо Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 30 - ноябри соли 2011, №321 дар заминаи «Китобхонаи вилояти ба номи Аминҷон Шӯкӯҳии шаҳри Қӯрғонтеппа» ва «Китобхонаи бачагонаи вилояти» таъсис ёфтааст.
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин» муассисаи мустақил буда, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти соҳаро танзим мекунад, тибқи талаботи ҳамин Низомнома дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амал мекунад. Роҳбарии методии фаъолияти «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин»-ро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон анҷом медиҳад. Хишти аввали бинои Китобхона 27-июни соли 2007 дар Рӯзи ҷашни «Ваҳдати миллӣ» бо иштироки намояндагони ҳукумати ҷумҳури ва вилояти Хатлон гузошта шудааст. Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин» расман рӯзи 10-августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Хатлон аҳли зиёи вилоят ва дигар шахсиятҳои шинохта дар ш.Бохтар кӯчаи Борбад, дар бинои наву замонави кушода шуд. Бинои Китобхона аз 3-ошёна иборат буда, хазинаи китобии он зиёда аз 100 000 нусха адабиётҳоро ташкил мекунад. Китобхона дорои 42-воҳиди кори мебошад, ки дар он 10-намуд шуъбаҳо фаъолият мекунад.
Шуъбаҳои Китобхона
- Шӯъбаи пуркуни ва коркади адабиёт.
- Шӯъбаи хизматрасони оммавӢ.
- ШӮъбаи нигоҳдории китоб ва матбуоти даврӢ.
- ШӮъбаи автоматикунонӢ ва технологияи компютерӢ.
- ШӮъбаи илмӢ методӣ ва маълумотдиҳИИ библиографӢ.
- ШӮъбаи намоиши китобҳои нав.
- Толори хониши бачагона.
- ШӮъбаи хизматрасонии бачагона.
- ШӮъбаи коркарди китоби бачагона.
- ШӮъбаи фонди захираи китобҳои бачагона.
Реҷаи кории Китобхона
- Душанбе аз соати 8-00 то 18-00
- Сешанбе аз соати 8-00 то 18-00
- Чоршанбе аз соати 8-00 то 18-00
- Панљшанбе аз соати 8-00 то 18-00
- Ҷумъа аз соати 8-00 то 18-00
- Шанбе аз соати 8-00 то 12-00
- Якшанбе Истироҳат
- Танаффус аз соати 12-00 то 13-00