Виритра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Виритра - ба маънои «махфикунанда ва дузд» ба эътиқоди эрониёни қадим абри беборон аст ва дар ривоёти куҳани мазҳабӣ номи девест, ки мазҳари хушксоливу торикӣ ва бадхоҳӣ маҳсуб мешудааст. Калимаи «виритра» дар санскрит ба маънои душман ва пӯшонанда ва монеъшаванда омада ва «виритраҳан» дар «Ригведо» лақаби Индро – худованди бузурги ҳиндуҳост, ки дар Авестоӣ «Вирижраған» ва дар форсӣ «Баҳром» шуда ва ҳамчунин лақаби Баҳром ва мӯҳтарамтарин лақабест, ки ба худоёне дода шуда, ки ба Виритра ҳамла мекунанд ва пас аз сӯрох-сӯрох кардани бадани ӯ борони муҳтавояшро бар замин мерезанд. Индро бузургтарин душмани Виритра аст ва найзаи оташини ӯ барқи ин дузди боронҳоро нобуд мекунад ва ба ҳамин ҷиҳат ба «Виритракуш» мавсуф аст. [1]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Сомонаи “Садои Шарқ”, Фарҳанг