Jump to content

Георгий Витсин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Витсин, Георгий)
Георгий Витсин
русӣ: Георгий Вицин
Ном ба ҳангоми таваллуд: русӣ: Георгий Михайлович Вицын
Таърихи таваллуд: 5 (18) апрел 1917
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 22 октябр 2001(2001-10-22)[1] (84 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, ҳунарпеша
Солҳои фаъолият аз 1936
Ҷоизаҳо:
Medal "In Commemoration of the 850th Anniversary of Moscow" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР
Соядаст:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гео́ргий Миха́йлович Ви́тсин (5 [18] апрел 1917, Zelenogorsk[d]22 октябр 2001[1], Маскав) — ҳунарпешаи театру синамо ва садопешаи аҳли Шӯравӣ ва Русия; Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1990).

Нақшҳо дар филм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҳу­нарпешагони сабки мазҳакавист. Нақшҳои маъруфи ӯ: Вилям («Чӣ гуна ин писанди шумост»-и Шекспир), Морозо («Ҷавоҳироти марди ромкунанда»-и Ҷ. Флетчер), Абдурраҳмон («Содалавҳ»-и Н. Ҳикмат), Счастливсев («Беша»-и А. Островский) ва ғайра Аз соли 1969 дар Театр-студияи ҳунарпешаи кино осори М. Зошенкоро қироат мекард. Аз соли 1945 вориди кино шуд. Нақшҳое омехта ба лиризми нарму ришханди зариф офарид: Балзаминов («Издивоҷи Балзаминов», 1964), Ҷоду­гари раҳмдил («Аф­­­сонаи қадим», 1968) ва ғайра Дар филм­ҳои Л. И. Гайдай «Бан­дии Қафқоз», «Саг Барбос ва кросси ғай­римуқаррарӣ» (1961), «Амалиёти „И“.» (1965) ва ғайра нақши Тарсончак, дар филмҳои «Ҷентел­ме­ни некбахт» (1971), «Наход» (1975) образи хаёлпарасти бетолеъро офаридааст. Дар эс­трада ва телевизион ҳунарнамоӣ мекард.