Вазъ
Вазъ — дар фалсафа қобилияти материяи мутаҳаррик, ки ҳамеша дар шаклҳои гуногун зоҳир шуда, дорои хусусият ва муносибатҳои зотӣ аст.
Тамоми падидаҳо метавонанд баъзе нишонаҳояшонро нигоҳ доранд ва баъзеи дигарашонро ба чизҳои дигар гузаронанд. Ҷараёни тағйир ва инкишофи ашёву падидаҳо, ки дар натиҷа хусусияту муносибати онҳо дигаргун мешаванд, тавассути вазъ ифода мегардад. Маҷмӯи ҳамин гуна хусусият ва муносибат Вазъи ашё ё зуҳуротро муайян мекунад. Аз ин рӯ, тавсифи Вазъи ашё барои ошкор намудани моҳияти онҳо ниҳоят муҳим аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазъ аввалин бор дар фалсафаи Юнони Қадим ташаккул ёфта, дар таълимоти Арасту дар қатори нуҳ мақулаи дигар муҳимтарин мақула ба шумор рафта, бо мақулаҳои ҷавҳар ва муносибат робитаи устувор дорад. Ба қавли ӯ, «хобидан» ва «нишастан» нишонаҳоеанд, ки тавассути Вазъи, яъне «дар ин ё он вазъ будан»-ро ифода менамоянд. Илова бар ин Арасту таъкид кардааст, ки Вазъро «исм» низ меноманд, яъне исме, ки аз ҳолати гуногун ҳосил шудааст. Ибни Сино дар бахши «Мақулот»-и «Китобу-ш-шифо» мақулаи вазъро бо тафсил таҳлил кардааст. Ба қавли ӯ, Вазъ «исме аст, ки ба чанд маъно меояд. Ва он ки мақула аст, ҳайатест барои тамомият ё ҷумла, бинобар нисбате, ки байни аҷзои он ва байни тарафҳои аҷзои он воқеъ мегардад, то он ки баъзе аз аҷзо дар назди баъзе дигар ҳамҷаворӣ дошта бошанд, бо ба эътибор гирифтани ҷузъ будан ва на фақат ҷузъият.
Балки бо он мухолифат дорад, дар қиёс бо умури ғайримавзӯъ, ба эътибори ҷузъияти он ё ҷойҳои дарбаргирифта ё чизҳо ва ҷиҳоти дарбаргирифташуда. Ва ин чунонки дар қиём (истодан), қууд (нишастан), истилқо (дароз кашидан) ва инбитоҳ (густурдан) аст». Минбаъд дар механикаи Нютон Вазъ чун тавсифи миқдории ҳаракат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар илми муосир вазъ чун тавсифи умумии низоми (системаи) гуногун нақши муайянро иҷро менамояд. Принсипҳои мабодӣ, мафҳумҳои назарияи иттилоот, информатика ва синергетика тавассути мақулаи вазъ муайян мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аристотель. Сочинения. Т. 2. М., 1978;
- Абуалӣ ибни Сино. Осор. Ҷ. 5. Д., 2009;
- Свечников Г. А. Причинность и связь состояний в физике. М., 1971.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазъ / Н. Сайфуллоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.