Волинка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Волинка – сози халқии нафасиест, ки онро аз суночи чармин ё пуфак тайёр карда, бо ҳаво пур мекунанд. Чанд ҷои суночро сӯрох карда, найчаҳои чӯббинро дар он сӯрохиҳо сахт мебанданд. Ҳангоме, ки суноч аз ҳаво пур карда шуд, найчаҳо дар тоника ё квинтаи тоникӣ беист садо мебароранд (ғайр аз найчае, ки дар он оҳанги начандон мураккабе навохта мешавад).

Волинка дар байни халқҳои гуногунмиллати Иттифоқи Шӯравӣ бо дигар номҳо низ ба чашм мерасанд. Масалан, русҳо, украинҳо ва белорусҳо онро дуда; молдавиҳо – чимпа; гурҷиҳо – гудаствирӣ; озариҳо – тулум меноманд. Инчунин Волинка дар байни миллатҳои Ғарб низ бо номҳои гуногун маъмул аст. [1]

Аксҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.88. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)