Воситаҳои бурдани амалиёти ҷангӣ
Воситаҳои бурдани амалиёти ҷангӣ - ин силоҳ ё техникаи ҳарбӣ мебошад, ки баҳри несгу нобуд сохтани воситаҳои моддӣ ё қувваи зиндаи душман аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи тарафи даргир истифода шудаанд. Воситаҳои бурдани амалиёти ҷангӣ ба манъшуда (ё қисман манъшуда) ва манънагардида ҷудо мешаванд. Манъ нагаштани воситаҳои бурдани амалиёти ҷангӣ ба ҷонибҳои даргир дар мавриди ҳама гуна низоъҳои мусаллаҳона ҳуқуқ медиҳад, ки воситаҳои бурдани ҷангро интихоб намоянд, вале онҳо номаҳдуд нестанд.
Воситаҳои манъшудаи пешбурди амалиёти ҷанг, ки қобилият доранд харобиҳои аз ҳад зиёд ё азобу шиканҷаҳои беандоза оваранд ё мақсади осеб расонидан доранд ё чй тавре ки интизор шудан мумкин аст, ба муҳити табиат зарари бузург, тӯлонӣ ва ҷиддӣ мерасонанд. Амалияи ҳуқуқи байналхалқӣ дар бурдани амалиётҳои ҷангӣ исгифодаи воситаҳои зайлро манъ кардааст:
- - Силоҳи заҳролудкунанда;
- - Силоҳи кнмиёвй ва бактериологӣ;
- - Силоҳи ядроӣ;
- - Тирҳои тарканда;
- - Минаҳои зидди аскарони пиёда;
- - Снлоҳи пурҳарорат (даргиранда);
- - Силоҳи лазерӣ.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 122