Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ
Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ — воҳидҳои андозагирӣ, бузургиҳои мушаххаси физикии андозаашон собит, ки барои баҳодиҳии миқдории бузургиҳои физикӣ ҳамчун асос қабул шудаанд.
Истифодаи истилоҳи «воҳиди андозагирӣ» ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва тавсияҳои нашрияҳои метрологӣ мухолифат кунад ҳам, дар адабиёти илмӣ васеъ корбаст мегардад. Аксари воҳидҳои бузургиҳои физикӣ ченакҳое мебошанд, ки барои андозагирӣ (мас., метр, килограмм) истифода мешаванд. Дар давраҳои қадим теъдоди ками воҳидҳои бузургиҳои физикӣ — дарозӣ, вазн, вақт, ҳаҷм, масоҳат маълум буданд. Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ новобаста аз ҳамдигар интихоб мешуданд ва дар кишварҳои гуногун мухталиф буданд. Баробари вусъат ёфтани алоқаҳои тиҷоратӣ ва рушди илму техника шумораи воҳидҳои бузургиҳои физикӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳод ва масъалаи ҳамгунсози (унификатсия)-и воҳидҳову сохтани системаи воҳидҳо ба миён омад. Дар садаи XVIII дар Фаронса Системаи метрии ченакҳо пешниҳод карда шуд, ки минбаъд дар ҷаҳон эътироф гардид. Дар асоси он системаи метрии ченакҳо (мас., Системаи байналмилалии воҳидҳо) таҳия гардиданд. Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ ба воҳидҳои системавӣ ва ғайрисистемавӣ (мас., мм сут. сим., қувваи асп, электрон-волт) ҷудо мешаванд. Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ дар навбати худ аз воҳидҳои асосӣ (литр, килограмм, сония, ампер, келвин, кандела, мол) ва ҳосилавӣ, ки ба тавассути муодилаҳои алоқаи байни бузургиҳо (метр бар сония, килограмм ба метри кубӣ, нютон, ҷоул, ватт ва ғайра) ҳосил мекунанд, иборат аст. Дар Системаи метрии воҳидҳо воҳидҳои бузургиҳои физикӣ-и каратӣ ва ҳосилавӣ (ба истиснои воҳидҳои вақт ва кунҷ) ба тавассути ба 10n зарб задани воҳиди системавӣ ҳосил карда мешаванд (n — адади томи мусбӣ ё манфӣ).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воҳидҳои бузургиҳои физикавӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.