Вушмагир
| |
935 — 967 | |
Пешгузашта | Мардовиҷ |
Ҷонишин | Беҳсутун |
|
|
Таваллуд | |
Даргузашт |
декабри 967 |
Дудмон | Зиёриён[d] |
Падар | Зиёр |
Фарзандон | Қобус ибни Вушмагир ва Беҳсутун |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вушмгир ибни Зиёр (форсӣ: وُشمگیر ابن زیار; 943—967) — аз маликони дайламияи Оли Зиёр, ки асрҳои 10-11 дар Гургон, Қумис, Табаристон (Мозандарон), Дайлам, Гелон, Қазвин, Рай, Исфаҳон, Хузистон гоҳе дар тобеияти Сомониён ва гоҳе мустақил ҳукмронӣ мекарданд.
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз қатли бародараш Мардовиҷ (935) сарбозони Гелон ва Дайлам ӯро ба тахти фармонравоӣ нишонданд. Наср ибни Аҳмад — амири Сомонӣ ба Мокон ибни Кокӣ ва Муҳаммад ибни Музаффари Чағонӣ дастур дод, ки ба Қумис, Рай ва Ҷурҷон ҳамла кунанд. Мокон ба Домғон ҳуҷум кард, вале омили Вушмгир ӯро шикаст дод. Ҳасан ибни Буя Исфаҳонро фатҳ намуда, бар қасди ишғоли Ҳамадон, Рай, Қазвин, Қум, Кошон ҳаракат кард. Вушмгир ночор Моконро ҳокими Нишопур таъйин намуд. Алӣ ибни Буя (бародари Ҳасан) Хузистонро ба даст даровард. Вушмгир соли 939 Исфаҳонро аз дасти Ҳасан ибни Буя гирифт ва ӯ ба Истахр фирор кард. Баъдан Вушмгир қалъаи Аламутро низ фатҳ намуд. Вақте ки Вушмгир ба тасарруфи Гургон машғул буд, Ҳасан ибни Буя ва бародараш Алӣ пинҳонӣ бо Абуалии Чағонӣ мувофиқа карда, бори дигар Исфаҳонро тасарруф намуданд. Абуалии Чағонӣ пас аз тасхири Гургон ҳукумати он ҷоро ба Иброҳими Симҷур вогузошт ва худ ба Рай омад, то тамоми вилоётеро, ки Мардовиҷ дар зарфи даҳ сол фатҳ карда буд, аз чанги Вушмгир берун биёварад. Вушмгир ноилоҷ ба ёрии Мокон ба Рай шитофт, дар ҳоле ки писарони Буя ҳам ба ёрии Абуалии Чағонӣ аз Исфаҳон ба Рай раҳсипор шуданд. Дар ин набард Абуалии Чағонӣ ва Ҳасан ибни Буя ғолиб омаданд. Мокон ба қатл расид ва Вушмгир ба Табаристон гурехт. Абуалӣ Райро гирифт ва сари Моконро ба Бухоро, ба Амир Насри Сомонӣ фиристод. Сипас Зинҷон, Абҳар, Қазвин, Қум, Ҳамадон, Наҳовандро ҳам ишғол карда, сарҳадди Давлати Сомониёнро васеътар намуд.
Баъди қатли Мокон писари аммаи ӯ Ҳасан ибни Фирӯзон, бо баҳонаи он ки Вушмгир қасдан Моконро дар ҷанги Рай ба куштан дода буд, бо амири Зиёрӣ дар набард шуд, аммо ба дасти Шираҷ ибни Лайлӣ мағлуб гашта, ба паноҳи Абуалии Чағонӣ ба Ироқ омад ва Абуалиро ба гирифтани Табаристон таҳрик намуд.
Оқибат Вушмгир амон хост ва хутба ба номи амир Насри Сомонӣ хонда шуд. Соли 943 Абуалӣ ҳам бо Вушмгир сулҳ карда, ҳамроҳи писари Вушмгир — Солор ва Ҳасан ибни Фирӯзон ба Бухоро раҳсипор шуданд, вале ҳанӯз ба Хуросон нарасида хабари марги амир Наср расид. Ба ҷойи ӯ писараш Нӯҳ ибни Наср ба тахти Сомонӣ нишаст. Ҳасан урдуи Абуалиро ба худ гаравонда, Гургон, Домғон ва Симнонро фатҳ кард. Иброҳими Симҷур — омили Сомониён бо ӯ сулҳ баст. Вушмгир ҳам аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар Райро ба тасарруфи худ даровард. Ҳасан ибни Буя ва Абуалии Чағонӣ барои аз дасти Вушмгир озод кардани Рай ба он ҷо шитофтанд, вале Вушмгир ба Хуросон гурехт. Ҳасан Табаристонро гирифт, Фирӯзон дар итоати ӯ даромад ва духтарашро ба издивоҷи ӯ даровард. Ин духтар модари Фахруддавлаи Дайламӣ — писари Ҳасан Рукнуддавла аст. Фирори Вушмгир ба Хуросон барои мадад хостан аз амир Нуҳ ибни Наср ва сардори маъруфи ӯ Абуалии Чағонӣ буд. Амир Нуҳ ибни Насри Сомонӣ Абуалӣ ва Мансур ибни Қаротекинро ба ёрии Вушмгир ба фатҳи Рай фиристод, вале инҳо қудрати муқовимат бо Ҳасан ибни Буяро надоштанд, фақат Вушмгир Ҷурҷонро аз дасти Ҳасан ибни Фирӯзон берун овард, вале онро низ нигоҳ дошта натавониста, ба паноҳи Мансур ибни Қаротекин қарор гирифт.
Амир Нуҳ ба Ҷурҷон омада, бо Ҳасан ибни Буя ба набард даромад. Мансур Тӯс ва Нишопурро тасарруф карда, модар ва наздикони Абумансури Тӯсиро (ҳамоне, ки аввалан «Шоҳнома»-и мансурро ба номи ӯ ҷамъ карда буданд ва дар адабиёти форсӣ зикри хайр дорад) ба Бухоро фиристод. Соли 946 Рукнуддавла Ҳасан ибни Буя ва хусураш Ҳасан ибни Фирӯзон бори дигар Вушмгир-ро аз Табаристону Хуросон ронданд ва амири Зиёрӣ ин навбат ҳам барои ёрӣ аз Оли Сомон ба Хуросон паноҳ ҷуст. Аз ин вақт то фатҳи дуюми Табаристон ба дасти Рукнуддавла дар соли 946 чанд навбат байни Оли Буя ва сардорони сомонӣ, ки ба мадади Вушмгир меомаданд, задухӯрд ба амал омад ва ҳар тараф гоҳе ғолиб ва гоҳе мағлуб мегардид, то вақте ки Абуалии Чағонӣ дар Рай бо Рукнуддавла сулҳ кард ва Ҳасан маҷоли онро ёфт, ки Вушмгир-ро ба куллӣ аз Табаристон ва Гургон биронад. Ӯ боз ба Хуросон гурехт. Амири Сомонӣ ҳам Абуалии Чағониро аз ҳукумати Хуросон маъзул кард ва Абуалӣ қиём карда, худро дар Нишопур амир эълон кард. Нуҳ Вушмгир-ро ба муқобили Абуалии Чағонии исёнпеша фиристод. Ба ҳамин тартиб дар яке аз чунин даргириҳо, пеш аз рӯ ба рӯ омадани урдуи Вушмгир ва Абулҳасани Симҷурӣ бо сипоҳи Рукнуддавла ва тарафдоронаш, Вушмгир моҳи декабри 967 ҳангоми шикори гуроз аз асп афтода вафот кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Улуғзода С. Пири ҳакимони Машриқзамин. Д., 1980;
- Ғафуров Б. Тоҷикон. Д., 1983;
- عباس قدیانی. فرهنگ فشردهء تاریخ ایران.تهران. 1365؛
- دهخدا. لغت نامه. جلد 15. 1377؛
- ابن اسفندیار. تاریخ طبرستان. جلد 1و2، تهران. 1386؛
- ناصر تکمیل همایون. تاریخ ایران در یک نگاه. تهران. 1386؛
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вушмгир / Қ. Расулиён, Б. Раҳматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.