Газҳои наҷиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Газҳои инертӣ (лотинӣ: iners — нофаъол) газҳои наҷиб (аз порсӣ: گازهای نجیب)[1], газҳои асил, аргоноидҳо, элементҳои химиявии гурӯҳчаи асосии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев: гелий, неон, аргон, криптон, ксенон ва радон. Дар ҳаво ва газҳои қишри замин ба миқдори ниҳоят кам мавҷуданд (мас., дар қаво аргон — 0,9325%, ксенон — 0,000008%). Молекулаҳои Газҳои инертӣ якатомаанд. Атоми онҳо қабати устувори электронй доранд. Дергоҳ ақидае вуҷуд дошт, ки гӯё Газҳои инертӣ пайвастҳои химиявӣ ҳосил намекунанд. Фақат с. 1962 олими Канада Н. Бартлетт баъзе пайвастҳои химиявии Газҳои инертӣ (криптон, ксенон ва радон)-ро ҳосил кард. Аввалин пайвасти ҳосилшуда гексафторплатинати ксенон XePtF6 (дертар XeRhFe ва ХеҒ2, KrF2, RnF4 ва ғ.) буд. Дар саноат Газҳои инертиро асосан аз ҳаво мегиранд. Усули ҷудо кардани онҳоро олими советй Б. А. Никитин тадқиқ кардааст. Газҳои инертӣ дар саноати электротехника барои пур кардани лампаҳои гуногун, асбобҳои электронӣ, техникаи вакуумӣ ва аэростатҳо истифода мешаванд.

Газҳои наҷиб дар ҳоли тобиш, аз рост ба чап: Зенон, Криптон, Аргон, Несон, Ҳелиум

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.


Манбаъ[вироиш]

  1. Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/%DA%AF%D8%A7%D8%B2_%D9%86%D8%AC%DB%8C%D8%A8