Гайдамакҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Урдугоҳи Гайдамакҳо

Гайдамакҳо (тур. haydamak — рондан), иштирокчиёни ҳаракати халқии озодихоҳӣ дар Украина бар зидди зулми миллию динӣ. Ҳаракати Гайдамакҳо дар даҳсолаи 2-юми садаи XVIII дар Волин ва Подолияи Ғарбӣ cap зада, сипас дигар ноҳияҳои Украинаро фаро гирифт. Дастаҳои Гайдамакҳо аз деҳқонон, казакҳои камбағали Запорожия, батракҳо, ҳунармандон иборат буданд. Ба ғайр аз украинҳо дар дастаҳо белорусҳо, полякҳо, молдавиҳо, русҳо, казакҳои Дон низ буданд. Ҳаракати Гайдамакҳоро деҳқонон ва казакҳои як қисми Украина, ки ба ҳайати Россия дохил буд, дастгирӣ карданд. Россияи подшоҳӣ дар пахш кардани ҳаракат фаъолона иштирок намуд. Дар с-ҳои 1734, 1750, 1768 ҳаракати Гайдамакҳо ба шӯришҳои калони халқӣ табдил ёфт. Хусусан шӯриши соли 1768 пурзӯр буд. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии 1918—20 миллатчиёни буржуазияи украин аз шуҳрати дар байни халқ дощтаи Гайдамакҳо истифода карда, отрядқои худро Гайдамакҳо номиданд.