Гамма (мусиқӣ)
Гамма (аз номи ҳарфи юнонии γ гирифта шудааст) — дар мусиқӣ пайдарҳамии овозҳо, яъне қаторовоз (пайиҳам ҷойгиршавии пардаҳо)-е, ки аз лаҳни асосӣ то пардаи охирини бам ва ё зер ҷойгир шудаанд.
Ҳарфи юнонии ғамма (γ) дар садаи X барои ифодаи овози паст ва ғафс истифода мешуд. Гамма дар фосилаи як октава тартиб дода мешавад, вале метавонад давом ёбад ва ду ё зиёда октаваро дар бар гирад. Дар санъати мусиқии халқӣ, классикӣ ва касбии тоҷик ғаммсадаҳои ҳафтовозаи диатоникӣ (якпардагӣ), панҷовозаи пентатоникӣ (як ва якунимпардагӣ) ва дувоздаҳовозаи хроматикӣ (нимпардагӣ), инчунин ғаммаҳои мажорӣ ва минорӣ (гармоникӣ, мелодикӣ, натуралӣ) хеле бисёр истифода шудаанд. Пайваста иҷро намудани шаклҳои гуногуни ғамма-ҳо бо суръати баробар дар ҳудуди якчанд октава, яке аз роҳҳои беҳтарини баланд бардоштани малакаву маҳорати сарояндагиву навозандагӣ ба ҳисоб меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамма / Ш. Ҳабибов. // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.90. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)