Jump to content

Геликон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геликон (юн. Helix – печдор, морпеч) — аз ҳама сози пасти мисинӣ нафасиест дар оркестрҳои нафасӣ ва ҳарбӣ. Гарчанде Геликон бо садояш ба туба мувофиқат мекунад, вале шаклан аз вай дида фарқ мекунад.

Геликон дар нимаи аввали асри XIX дар Русия ихтироъ шудааст. Сози мазкур ҳангоми роҳ рафта навохтан, хеле қуллай мебошад, чунки онро ба гардан меовезанд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.95. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)