Георгий XII
гурҷӣ: გიორგი XII | |
|
|
Таваллуд |
10 ноябр 1746 |
Даргузашт |
28 декабр 1800[1] (54 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Bagrationi dynasty[d][1] |
Падар | Heraclius II of Georgia[d] |
Модар | Anna Abashidze[d] |
Ҳамсар | Mariam Tsitsishvili[d][1] ва Ketevan Andronikashvili[d][1] |
Фарзандон | Prince David of Georgia[d], Prince Ioane of Georgia[d][1], Ilia of Georgia[d], Prince Teimuraz of Georgia[d], Bagrat of Georgia[d], Prince Mikheil of Georgia[d], Prince Jibrael of Georgia[d], Okropir, son of George XII of Georgia[d], Nino of Mingrelia[d] ва Q119852030? |
Эътиқод | Georgian Orthodox Church[d] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гео́ргий XII (10 ноябр 1746, Telavi[d][1] — 28 декабр 1800[1], Тифлис[1]) — охирин шоҳи Картли-Какҳети (аз соли 1798), писари Ираклий II.
Дар ҷанги Русия ва Туркия (1768-74) Георгий XII ҳамроҳи падараш аз русҳо ҷонибдорӣ карданд. Ираклийи II ва писараш Георгий XII барои пуштибонӣ ва мубориза ба муқобили Эрону Туркия ба Санкт-Петербург ҳайати сафорат фиристода, ба Созишномаи георгиевӣ (24.7.1783) имзо гузоштанд, ки мувофиқи он ҳудуди Гурҷистони Шарқӣ ҳамчун протекторат ба ҳайати Русия дохил шуд. Баъди ҳуҷуми Оғо Муҳаммади Қоҷор ба ҳудуди Картли-Какҳети (соли 1795) ва харобшавии шаҳри Тифлис Ираклийи II ҳукуматро ба Георгий XII ва дигар писаронаш вогузор намуд. Дар аҳди шоҳии Георгий XII робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкории ҳарбӣ бо Русия густариш ёфт. Император Павели I соли 1799 сафири мухтореро бо ваколати вазирӣ фиристод, ки дар ҳузури ӯ маросими тахтнишинии Георгий XII дар Картли-Какҳети баргузор шуд. Георгий XII апрели 1800 бинобар афзудани таҳдиди кишварҳои хориҷӣ ва нооромиҳои дохилӣ аз император Павели I расман дархост намуд, ки шоҳии Картли-Какҳетиро ба ҳайати Русия дохил кунад. Баъди имзои манифест аз ҷониби Павели I (22.12.1800) Гурҷистони Шарқӣ (Картли-Какҳети) бо марказаш ш. Тифлис ҳамчун губерния ба ҳайати Русия дохил шуд. Баъди марги Георгий XII хонадони Ираклийҳо ва Багратиониён аз тахт маҳрум гаштанд (аз соли 1801).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Георгийи XII / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 10 ноябр
- Зодагони соли 1746
- Даргузаштагони 28 декабр
- Даргузаштагони соли 1800
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Шоҳони Гурҷистон