Говдум (соз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Говдум (форсӣ: گاودم‎), карнойи хурд, харной, нафир — сози мусиқии нафасии базмиву размӣ.

Садояш баланди ваҳмангез. Номаш аз шакли думи гов, ки як сараш борик ва сари дигараш паҳн мебошад, гирифта шудааст. Ҳамчунин ҳар сози мусиқие, ки як сари он паҳн ва нӯги дигараш борик бошад, онро махрутӣ низ мегӯянд. Харнойро ба забони чинӣ «гудунг» мегӯянд, ки имрӯз машҳур аст ва аз ду қисм -«гу» («гов»-и форсӣ-тоҷикӣ ва «дунг» (таҳрифшудаи «дум») иборат аст. Говдумро аз мис месохтанд. Дар даҳонаи говдум лабгардон ҷойгир шуда, қисми поёниаш нисбатан васеъ ва ба зангӯла монанд буд. Говдум чун сози яккаи размӣ аз оғозу интиҳои разм хабар медод ва дар ҳайати дастаҳои мусиқии размӣ бо ҳамовозии бӯқ, нақора, рӯинахум ва дигар созҳои мусиқӣ навохта мешуд. Говдум ҳанӯз аз давраи Ҳахоманишиён дар майдонҳои муҳориба ва тантанаҳои ҳарбӣ истифода мешудааст. Дар қомусу сарчашмаҳои мусиқӣ ва адабиёти форсӣ, бавижа, дар осори ҳамосиву размӣ («Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ, «Хусраву Ширин»-и Низомӣ ва ғ.) говдум ҳангоми тасвири майдони муҳориба ва оғози разму майдонхоҳӣ ёдоварӣ шудааст.

Даманда дамон говдум бар дараш,
Баромад хурӯшидан аз лашкараш.
Бифармуд, то бар дараш говдум
Заданду биҷӯшид рӯинахум.
Фурӯ кӯфт бар пил рӯинахум,
Дамиданд шайпур бо говдум.

Фирдавсӣ

Говдум дар нақорахонаҳои давраи Шайбониён ва Аштархониён низ аз созҳои маъмулӣ ба шумор мерафтааст. Бо мурури замон говдум тағйири шакл намуда, намунаи имрӯзаи он карнойи нисбатан бузург аст, ки дар маросимҳои шодиву ҷашн истифода мешавад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 4. Д., 1988;
  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
  • رضا قلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگئ ١۸۹٧؛
  • ابن خوردادبه. کتاب اللهو و الملا هی. بیروت، ١۹٥٧؛
  • علی اکبر دهخدا. لغتنامه. تهران، ١۳۳٧ هـ. ش.؛
  • محمد علئ امام ششتری. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران، ١۳۴۶ هـ. ش؛
  • نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١۳٧۶ه.ش.؛
  • مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین. جلد 1. تهران، ١۳۸١ هـ. ش.ر