Готифар
Готифар | |
|---|---|
| Даргузашт | асри VI |
| Набардҳо | |
ҒОТИФАР, Готифар, подшоҳи Ҳайтолиён (тақр. солҳои 40–60 асри 6).
Ҷанг бо туркон ва Сосониён
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замони ҳукмронии Ғотифар тохтутози сосониҳо ва туркҳо аз ду ҷониб ба Осиёи Миёна оғоз шуда, мулкҳои ҳиндустонии Ҳайтолиён аз даст рафтанд. Аввалан хоқони турк Истеми ташаббуси муборизаро бар зидди Ғотифар ба даст гирифта, бо мақсади ҷалби Хусрави Анӯшервон ба муборизаи зидди Ҳайтолиён корвонеро ба дарбори Сосониён фиристод. Баъди огоҳии Ғотифар аз қаробатҷӯии рақибонаш корвони ҳомили ҳадяи туркҳо ҳангоми убури марзи кишвари Ҳайтолиён ғорат ва сафирону роҳбаладонаш ба қатл расиданд. Бо вуҷуди ин соли 560 дар байни Истеми ва Хусрави Анӯшервон созишномаи муборизаи муштарак бар зидди Ҳайтолиён ба имзо расида, аввалан сипоҳи хоқони турк аз самти Чоч ба марзи Ҳайтолиён ҳуҷум намуд. Ғотифар баъди огоҳӣ аз қасди тохтутози ҳоқони турк, аз мулкҳои қаламраваш лашкари зиёде ҷамъ оварда, дар Бухоро ба рақиби Ҳайтолиён рӯ ба рӯ гардид. Ба қавли Менандр, дар ин фурсати муносиб Хусрави Анӯшервон ба ақибгоҳи лашкари Ғотифар ҳамла оварда, баъзе мулкҳои собиқи қаламрави шарқии Сосониёнро бозпас гирифт. Муҳорибаи байни Ҳайтолиён бо хоқони туркҳо дар назди теппаҳои Насаф ҳафт рӯз идома ёфта, бо шикасти Ғотифар анҷомид.
Баррасиҳо дар илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қавли як гурӯҳ таърихнигорон (Э. Шаванн, А. М. Манделштам, Р. Фрай. Л. Гумилёв, Ғ. Ғоибов), муборизаи байни Ғотифар бо хоқони турк байни солҳои 560–68 ва ба қавли дигар муҳаққиқон баъди бастани шартномаи сулҳи байни Рум ва Сосониён (562) ба амал омадааст. Ғотифар баъди шикаст хост дубора лашкар ҷамъ оварда муборизаро идома диҳад, вале ба мухолифати дарбориён рӯ ба рӯ гардид.
Поёни кори ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Ниҳоят Ғотифар аз тахт барканор карда, ба ҷояш Фиғониш ба подшоҳӣ нишонда шуд.
Тасвир дар сиккаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар як тарафи сиккаҳои ёфтшудаи Ғотифар шоҳ тамғаи Бухоро, катибаи суғдӣ ва дар паҳлуи дигараш асп тасвир шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гоибов Г. Ранние походы арабов в Среднюю Азию. Д., 1989;
- Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 8. Д., 1991;
- Гумилев Л. Н. Древние тюрки. М., 2004;
- Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 1. Д., 2009.
- Bivar, A. D. H. (2003). Hephthalites. In Yarshater, Ehsan (ed.). Encyclopædia Iranica, Volume XII/2: Hedāyat al-mota'allemin–Herat VII. London and New York: Routledge & Kegan Paul. pp. 198—201. ISBN 978-0-933273-75-7
- Rezakhani, Khodadad (2017). ReOrienting the Sasanians: East Iran in Late Antiquity. Edinburgh University Press. pp. 1–256. ISBN 9781474400305.
- Litvinsky, B. A.; Dani, Ahmad Hasan (1996). History of Civilizations of Central Asia: The crossroads of civilizations, A.D. 250 to 750. UNESCO. ISBN 9789231032110.