Jump to content

Нигоштор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Графика)

Нигоштор (форсӣ: نگاشتار‎), гирофик, гра́фика (юн.-қад. γρᾰφικός «хаттӣ, нигошта» аз γράφω «нигоштан, нивиштан») — ҳар кор ё шеваи марбут ба кашидани тасвир аз рӯйи як чиз ё аз ангораи он.

Ҳунари графика воситаҳои тасвиру имкониятҳои махсуси ифода дошта, асоси онро моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед ташкил медиҳад. Дар графика навъҳои гуногуни рангҳо кам истифода мешаванд. Тафсилоти пурра ва мукаммале, ки дар асарҳои рассомӣ истифода мебаранд, дар санъати графика дида намешавад. Мафҳуми графика вобаста ба иҷрои амал ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: графикаи чопӣ (интишорӣ) ва графикаи нодир (беназир). Санъати графикаи чопӣ (интишорӣ) бинобар муҷазии баён, инъикоси мавзӯъ ва мувофиқ будан барои интишори бисёр дар чорабиниҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти оммавӣ васеъ истифода шуда, дар тарбияи ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳар як расм дар шакли худ ягонаву мушаххас буда, ба графикаи беназир тааллуқ дорад.

Навъҳои графика

[вироиш | вироиши манбаъ]

Графика вобаста ба таъйинот ва тахассусот ба намудҳои зерин ҷудо мешавад: графикаи дастгоҳӣ (сиёҳқаламии дастгоҳӣ, эстамп); графикаи китобӣ (санъати ороиш додан (иллюстратсия), ороиши нақшҳои аввал ё охири китоб, зинату ороиши шерозаҳо, ҳарфҳо, муқова, муқоваҳои олӣ ва ғ.); графикаи рӯзномаву маҷаллаҳо; графикаи амалӣ (санъати ороиши расмҳо, марка, эълоннома, диплом, ифтихорнома ва ғ.); графикаи компютерӣ; графика саноатӣ; графикаи пӯлодрезӣ ва ғ. Суратҳои омиёна дар графикаи чопии дастгоҳӣ ва расмҳои ҳаҷвӣ дар графикаи газетаву маҷаллаҳо ҳамчун навъҳои маъмули тахассусии инъикоси фарҳанги оммавӣ шинохта шудаанд. Дар санъати графика баробари асарҳои мукаммал, инчунин тарҳҳои натуравӣ ва ангораи асарҳои навъи дигари санъат — рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ низ офарида мешаванд. Графика аз давраи Эҳё ин ҷониб барои инъикоси андешаву ғояҳои пешқадам, тараннуми зебоиҳои табиат ва зиндагии инсон, инчунин, ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа нақши бузург мебозад. Дар санъати графика бисёр рассомони барҷастаи ҷаҳон (Микеланҷело, А. Дюрер, Ф. Рембрандт, К. Хакусай, О. Доме, Ф. Мазервел, П. Пикассо, В. Серов, К. Колвис, В. Фоворский ва дигарон) беназир буданд. Санъати графика дар байни мардуми форсу тоҷик низ таърихи қадимӣ дошта, то истилои араб хеле нашъунамо ёфта буд. Тибқи маълумоти маъхазҳо, намунаҳои беҳтарину қадимии он дар Авесто, «Аржанг» ва дигар ёдгориҳо дарҷ ёфтаанд, ки то даврони мо омада нарасидаанд. Намунаҳои мукаммали асарҳои санъати графика дар эҷодиёти намояндагони асрҳои минбаъда дучор меоянд. Навъҳои гуногуни графика, аз ҷумла сиёҳқаламиро намояндагони мактаби минётураи форс-тоҷик Камолуддин Беҳзод, Қосималӣ, Ризо Аббосӣ ва дигарон истифода бурдаанд. Ба инкишофи санъати графика махсусан рушди чопи китоб таъсири бузург расонд. Графикаи тоҷик, ба хусус графикаи газетаву маҷалла ва плакатҳо дар ибтидои солҳои 20 асри 20 инкишоф ёфта буд. Дар ташаккули он графикаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» (бо иловаҳои мусаввари «Ширинкор», «Ҷаҳоннамо») ва маҷаллаҳои «Раҳбари дониш», «Мушфиқӣ», «Бигиз» (баъдтар «Хорпуштак») нақши муҳим бозидаанд. Дар карикатура ва суратҳои ҳаҷвии ин давр ҷиҳатҳои манфии ҳаёти гузашта, аз ҷумла урфу одатҳои зарарноки ҷомеа, фиребу найранги қозию муллову эшонҳо, дурӯягии амлокдорону бойҳо, ваҳшигариҳои босмачиён, бечорагию беҳуқуқии занон, ғоратгарӣ ва зулму ситами фашистон, камбудиву норасоиҳои замона, рафтори ношоистаи кормандони ҳамаи соҳаҳо ва ғ. танқид мешуданд. Дар пайдоишу инкишофи санъати ороиш ва иллюстратсияи китоб (солҳои 20) саҳми рассомон графика Никитин ва В. Еремян бузург аст. Навъҳои гуногуни графика, бахусус графикаи китобӣ баробари ба фаъолият шурӯъ намудани аввалин комб. полиграфии Душанбе (1934) инкишоф ёфт. Солҳои ҶБВ қариб ҳамаи рассомон бо сарварии М. Р. Хушмуҳаммадов ва А. М. Орлов навъи маъмулу нишонраси санъати графика «Оинаи Тоҷикон», плакатҳои сиёсӣ, карикатуриро интихоб намуда, асарҳои зиддифашистӣ офариданд. Дар давраи баъди ҷанг маҳорати касбии графикҳо баландтар ва доираи мавзӯи эҷодиёташон васеъ гардид. Дар ташаккул ва инкишофи санъати ороиш ва иллюстратсияи китоб рассомон Н. Новик, А. Чепраков, Л. Бурэ, А. Патрашкин ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд. Дар ҷумҳурӣ гурӯҳи калони иллюстратсиянигорон, графикони дастгоҳӣ, ороишгарони китобу маҷаллаҳо, плакаткашҳо, рассомони ҳаҷвнигор (Б. Серебрянский, П. Гейвандов, В. Манин, С. Краснополский, К. Туренко, Д. Винокуров, С. Вишнеполский, Ҳ. Расулов ва дигарон) ба камол расиданд. Дар санъати графикаи солҳои 40-50 асри 20 саҳми рассомон Б. Серебрянский ва К. Туренко бузург аст. Онҳо китобҳои классикони адабиёти тоҷик, рус ва ҷаҳонро оро додаанд. Авҷи санъати графика ба солҳои 60-70 асри 20 мансуб аст. Дар ин давра як гурӯҳи калони рассомони ҷавон ба майдон омаданд, ки маҳорати касбии худро сайқал дода, доираи мавзӯи эҷодиёташонро васеъ намуданд. Ин ба ҳайати эҷодии рассомони ҷумҳурӣ имконият дод, ки аввалин намоишгоҳи санъати графикаи ҷумҳуриро барпо намоянд. Минбаъд дар намоишгоҳи ИР Тоҷикистон чандин намоиши санъати графика барпо гардид, ки дар онҳо беҳтарин дастовардҳои рассомони ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд. Солҳои баъдӣ дар пешравӣ ва инкишофи графикаи тоҷик рассомон Р. Азимов, В. Пӯлодов, Т. Самандаров, В. Фомин, И. Ғаниев ва дигарон саҳм гузоштаанд. Дизайнерони ҷавону соҳибистеъдоди муосири тоҷик Ғаниев Ҷ. С., Ширинҷонов Н. М., Наҷмиддинов К., Довудов З., Муҳаммад А., Давлатов Х., Ҳасанова Ш., Шарипов М. даромадгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри Арбоби ба номи С. Ӯрунхӯҷаев, бинои Осорхонаи вилояти Хатлон, маъракаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро ба таври графикӣ оро додаанд. Дар замони муосир шакли графикаи компютерӣ хеле маъмул гардидааст, ки барои ҳар як иҷрокунанда ва истифодабарандаи графика мувофиқу дастрас мебошад. Графикаи компютерӣ дар соҳаҳои графика илмӣ, графикаи коргузорӣ, графикаи таҳрезӣ, графикаи ороишӣ, графикаи бадеию рекламавӣ ва ғ. васеъ истифода мешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Сидоров А. А. Графика. М. — Л., 1949;
  • Юлдошев Х. А. Архитектурный орнамент Таджикистана. Альбом. М., 1957;
  • Карцер Ю. М. Рисунки и живопись. М., 1992.