Григорий Гамбурсев
Таърихи таваллуд | 10 (23) март 1903 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 28 июн 1955[1] (52 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | заминфизик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Гамбурсев Григорий Александрович (10 марти 1903, Санкт-Петербург – 28 июни 1955, Маскав) — зилзилашиноси шӯравӣ, яке аз асосгузорони таҳқиқ (кашф)-и зилзила дар ИҶШС, доктори илмҳои физикаву математика (1939), профессор (1939), академики АИ ИҶШС (1953).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи физикаву математикаи Донишгоҳи Маскав (1926). Ҳамзамон бо таҳсил ба ҳайси ходими Институти физика ва биогеофизика дар солҳои 1922–26 дар Комиссияи махсус оид ба аномалияи магнитии Курск кор кардааст. Солҳои 1926–32 ходими ташхисгоҳ (лаборатория)-и фотокимиёии шуъбаи маскавии комиссияи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Русияи АИ ИҶШС, 1932–37 роҳбари лабораторияи (озмоишгоҳ) зилзиласанҷии Институти ҷустуҷӯи геологии нафт, 1934–37 корманди Идораи умумииттифоқии пажӯҳиши геофизикӣ, 1938–49 мудири шуъбаи усулҳои физикии ҷустуҷӯ, профессор Институти геофизикаи назариявии АИ ИҶШС (аз соли 1946 – Институти геофизика), ҳамзамон солҳои 1941–43 роҳбари экспедитсияи Аврупои Шарқии АИ ИҶШС, 1945–47 профессор Институти нафти ба номи М. М. Губкин буд. Солҳои 1946–51 аввал ташкилкунанда ва баъд роҳбари экспедитсияи комплексии геофизикӣ оид ба ҷустуҷӯи маъданҳои урандор, ҷонишини директор ва солҳои 1949–55 директори Институти геофизикаи АИ ИҶШС. Ҳамзамон солҳои 1933–37 дар Институти ҷустуҷӯи геологии Маскав ва 1944–53 дар Институти нафти ба номи И. М. Губкини шаҳри Маскав дарс додааст. Григорий Гамбурсев сохти нави сейсмограф ва назарияи математикии кори он, инчунин усули нави ҷустуҷӯи геофизикии маъданҳои фоиданокро таҳия намудааст. Қаторкӯҳ дар Арктика, конҳои нафт дар округи мухтори Ненес ва вилояти Архангелск, киштии илмӣ-таҳқиқотии геофизикӣ («Академик Гамбурсев»), Институти физикаи замини АИ Русия ба номи Григорий Гамбурсев гузошта шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1941). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва Ленин сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сейсмические методы разведки. Ч. 1–1937, Ч. 2 – 1938;
- Состояние и перспективы работ в области прогноза землятрясений//Материалы Октябрьской сессии (Совета по сейсмологии АН СССР) в Сталинабаде. Сталинабад, 1953;
- Основы сейсморазведки. М., 1959;
- Избранные труды. В 3 томах. Т. 2. Основы сейсморазведки. М., 2003.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Гамбурцев Григорий Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамбурсев Григорий Александрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 23 март
- Зодагони соли 1903
- Зодагони Санкт-Петербург
- Даргузаштагони 28 июн
- Даргузаштагони соли 1955
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо