Гулпарварӣ
Гулпарварӣ — яке аз соҳаҳои рустанипарварӣ; парвариши гулу буттаҳои зебо барои ороиши хиёбону кӯчабоғ, гулхат ва гулгашту гулзорҳо.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Гул дар тӯли таърих ҳамеша рамзи зебоӣ ва хушҳолию хушнудии одамон буд. Бисёр маъбудҳои асотирӣ ҳомии гулу гиёҳ маҳсуб мешуданд. Мас., дар Руми Қадим Флора (аз лот. flos — гул) илоҳаи гул, ҷавонӣ ва таровати баҳор буда, мардум ба шарафи ӯ ҷашнҳо меоростанд, гуловезу гулдастаҳо таҳия мекарданд. Одамон тақр. 6000 сол қабл дар бошишгоҳҳои худ гулу буттаҳо мешинонданд. Гулҳои аввалин, ки инсон ба онҳо дилбастагӣ пайдо кард, садбарг, нилуфар, садтумонӣ, мехчагул, лола ва наргис буданд. Дар ҷазираи Крит (дар баҳри Миёназамин) бостоншиносон тасвири садбаргеро пайдо кардаанд, ки таърихи беш аз 3000-сола дорад. Ба қавли Ҳеродот, юнониҳо садбарги махмалине рӯёнда будаанд, ки 60 гулбарг доштааст. Парвариши садбарг дар Эрон ривоҷ ёфта буд. Олими бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар «Китобу-с-сайдана фи-т-тиб» анвои гуногуни садбаргро номбар кардааст, ки вард, озодгул, дурӯгул, руспигул, зардсурх, садварақ, садфар, қайсаргул, курагул, шиканҷагул, шаҳдварақ, гунбадгул, девгул, зирӯгул, хоргул, васир, вардо ва ғ. аз он қабиланд. Самарқанди бостонӣ бо Боғи Баланд, Боғи Биҳишт, Боғи Давлатобод, Боғи Дилкушо, Боғи Ҷаҳоннамо, Боғи Майдон, Боғи Нав, Боғи Чинор ва Боғи Шамол ном мавзеъҳои худ шуҳрати оламшумул дошт, ки дар он ҷойҳо гулу раёҳин парвариш меёфтанд, гулнақшу гулхатҳои зебо мавҷуд буданд, навъҳои нави садбарг рӯёнида мешуд. Ба садбарг монанд гули зебои дигар, ки аз қадим мақбули гулпарварон аст, садтумонӣ мебошад. Рассомони гузашта бо акси садтумонӣ (гули маҷаҳ, гули кофар, салимгул) гулдонҳоро зинат медоданд, минётураҳо меофариданд. Сарватмандон дар атрофи қасру кӯшкҳои худ гулзорҳо бунёд мекарданд. Дар асри 16 гулпарварони Чин зиёда аз 30 навъи нави садтумониро ба вуҷуд оварданд. Онҳо решаи садтумониро дар баробари абрешиму давоҷот (дегафзор) бо тило савдо мекарданд. Асри 18 дар Боғи шоҳии набототи Лондон маҷмӯи гуногуни садтумонӣ ташкил карда шуд, ки шуҳрати беандоза дошт. Мехчагул низ аз ҷумлаи гулҳои маъмул аст. Онро бори аввал дар асри 3 то м. табиатшинос ва файласуфи Юнони Қадим, яке аз аввалин ботаникҳои дунё Теофраст аз нигоҳи морфологӣ тасниф карда, «гули Зевс» номидааст (сабаби ин эҳтимол сурхи оташгун будани он бошад). Дар Чини бостонӣ анъанае роиҷ буд, ки дарбориён қабл аз ҳозир шуданашон ба ҳузури император бо мақсади хушбӯии нафас барги мехчагулро мехоиданд. Миёнаҳои асри 16 дар Фаронса навъҳои нави мехчагул офарида шуданд, хосса анвои махмалии он, ки гулбаргҳои сершумор (зиёда аз 60 адад) доштанд, маъмул гашт. Дар баробари садбаргу мехчагул гули лола низ писанди гулпарварон буд. Шоирони тоҷик зебоии лоларо дар ашъори худ васф кардаанд. Дар адабиёт вуҷуд доштани вожаҳои «лолазор», «лолавор», «лолагун», «лолаизор», «лоламон», «лолапӯш», «лоларанг», «лоларух», «лоларухон», «лоларӯй», «лоласифат», «лолафишон» ва «лолаҷабин» далели дилбастагии беандозаи мардуми тоҷик ба ин гули зебо аст. Асри 17 лолапарварӣ бахусус дар Ҳолландия ривоҷ ёфт. Гулпарварони ҳолландӣ пиёзакҳои лоларо дар биржаву музоидаҳои махсус, бандарҳо ва майкадаву қиморхонаҳо бо нархи гарон мефурӯхтанд. Бештар анвои нави лола, ки баргҳои ало доштанд, бозоргир буданд. Дар таърихи мардуми Ҳолландия он замон бо номи давраи «лола» машҳур аст. Гулпарварони Шарқ ба гули наргис низ эътибори хосса медоданд. Наргисро аз кишвари Форс ба Осиёи Хурд ва аз он ҷо ба Юнони Қадим бурдаанд. Дар Руми Қадим асосан наргиси зард парвариш меёфт. Дар Аврупо парвариши наргис дар асри 16 расм шуд. Дар Швейсария ҳар сол иди наргис баргузор мегашт, ки гулпарварон кӯчаву хиёбонҳо, дару девор, сутуну панҷараҳоро бо гулҳои наргис оро медоданд, гурӯҳ-гурӯҳ ба сайругашт мебаромаданд. Ба ҳамин монанд маросими гулгардонӣ дар байни тоҷикон низ шуҳрат дорад.
Гул ва рустаниҳои ороиширо дар заминҳои кушод ва гулхонаву гармхонаҳо парвариш мекунанд. Дар гулхонаҳо рустаниҳои гармипарвард (садбарг, мехак, ёс, бунафшаи чаманӣ, шаббӯй, косагул, бунафша, лола, сунбул, наргис ва ғ.), хонагӣ (тутанҷир, нахл, кактус, сабр, филодендрон ва ғ.) ва ниҳол мепарваранд. Дар заминҳои кушод ниҳол, гул, рустаниҳои яксола, дусола ва бисёрсолаи ороиширо парвариш мекунанд. Гулҳои яксола (гули патунӣ, арӯсак, гули ошиқи печон, аждардаҳон, киквош ва ғ.) дар соли кишт мешукуфанд. Аксари онҳоро бевосита дар замини кушод пеш аз оғози сармо ё баҳорон (баъзеи онҳоро пешакӣ дар гулхона месабзонанд) мекоранд. Тарзи истифодаи гулҳои яксола фарқ мекунад. Гулҳои шаббӯй, қашқарӣ, аждардаҳон ва патуниро баъди шукуфтанашон мебуранд. Рустаниҳои ороишии қадпаст (агератум, лобелия, гули қашқарӣ, асираки хушбӯй, киквош, синерария, маритима ва ғ.) ва рустаниҳои печон (гули нахӯдак, ошиқи печон, розаки ҷопонӣ, боқилои туркӣ ва ғ.)-ро тоқа-тоқа ё гурӯҳ-гурӯҳ мешинонанд. Гулҳои дусола аз қабили гули одамрӯ, момогул, панҷаи Алӣ, марзангӯш, гули хайрӣ ва ғ. гулҳои машҳуранд. Гулҳои бисёрсола аксар соли дуввуми кишт мешукуфанд; баъди ба ҷои доимӣ шинондан, онҳо пайваста беш аз 3 сол гул мекунанд, мас., гули оташ, гули кофар, испарак, савсан, наргис, сунбул, занбақ, лола, гули кавкаб, карнайгул ва ғ. Ба атрофи гулзору гулхатҳо рустаниҳои гармипарварди ороишӣ (тараншул, ҳасратгул, солвия, лобелия, анҷибар, гуловез)-ро мешинонанд. Пеш аз оғози сармо ин рустаниҳоро аз замин кофта гирифта, то баҳори соли дигар дар гулхонаҳо нигоҳ медоранд.
Дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои гулпарварӣ мавҷуданд, ки аҳолиро бо гулҳои тару тоза, тухмӣ ва ниҳоли гул таъмин менамоянд. Дар тараққии гулпарварӣ саҳми боғҳои ботаникии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ назаррас аст. Дар Боғи ботаникии Кӯлоб зиёда аз 300 навъи гул санҷид барои парвариш тавсия шудааст. Дар Боғи ботаникии Помир соле то 30 ҳазор ниҳоли гулҳои гуногун тайёр карда мешавад, ки барои сабзкории кӯчаву хиёбонҳо муҳимманд. Дар Боғи ботаникии Хуҷанд 28 навъи гули ёқут ва 55 навъи гули довудӣ парвариш меёбад, ки аз онҳо тухму ниҳол гирифта барои ороиши гулбоғҳо истифода мебаранд. Мутахассисони Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон солҳои қаблӣ дар масоҳати тақр. 1 га 650 навъи гул мепарвариданд, ки 40 навъи онҳо барои сабзкории шаҳру марказҳои саноатии ҷумҳурӣ тавсия шуда буданд. Ҳоло дар ин боғ 200 навъи садбарг, 120 навъи ёс ва зиёда аз 800 навъи гиёҳҳои ороишии дигар парвариш меёбанд. Олами набототи ҷумҳурӣ аз гулҳои худрӯй (баҳман, лола, сиёҳгӯш, наврӯзӣ, савсан, ҷавғотӣ, ҷавғосун, кофар ва ғ.) рангин аст ва парвариши онҳо аҳаммияти бузург дорад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулпарварӣ / А. Тошев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Цорантай М. Я. Газоны и их устройство. Д., 1961;
- Цветоводство в городах и посёлках Таджикистана. Д., 1965;
- Остапович Л. Ф. Цветочно-декоративные растения в западных районах ГБАО Тадж. ССР. Д., 1972;
- Растения для декоративного садоводства Таджикистана. М., 1986;
- Бобоев Т., Бобоев М. Кабудизоркунии муҳити зист. Д., 2007;
- Юсупов Ю., Дадабаев И. Декоративные растения для вертикального озеленения // Уч. зап. ХГУ им. акад. Б. Гафурова, № 4. 2011.