Гуногунии афкор
Гуногунии афкор – андешаи фалсафӣ буда, тибқи он зербинои мавҷудияти ҳастӣ ва ё асоси афкори инсонӣ рӯи усули мухталифу гуногунн мустақил такя мекунад.
Дар фалсафа мафҳуми гуногунии афкор бо тобиши ғарбии хеш («плюрализм») аз тарафи X. Вольф ворид шудааст. Самти дигари гуногунии афкор андешаи дуализм мебошад, ки тибқи он ҳастии ҷомеаи инсонӣ рӯи усули моддию рӯҳй устувор аст. Гуногунии афкор ҳамчунон ба сифати инъикоскунандаи хусусияти низоми сиёсии демократии ҷомеа, ки дар он ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хулоса дигар ниҳодҳо имконияти изҳору ифодаи озодонаи андешаи хешро пайдо мекунанд, мавриди истифода қарор мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин андеша дар сатҳи Сарқонуни кишвар сабт шуда, имкони инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон шудааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 130