Гурбаи моҳигир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гурбаи обӣ)
Гурбаи моҳигир
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Prionailurus viverrinus (Bennett, 1833)
Мутародифот
  • P. bennettii (Gray, 1867)
  • P. himalayanus (Jardine, 1834)
  • P. rhizophoreus Sody, 1936
  • P. viverriceps (Hodgson, 1836)[1]
  • Felis viverrina Bennett, 1833
  • P. v. rhizophoreus Sody, 1936[2]
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Гурбаи моҳигир (лот. Prionailurus viverrinus) — гурбаи ваҳшии Осиёи ҷануби шарқӣ, ки дар об хуб шино мекунад ва моҳӣ мехӯрад.

Зоҳиран виверраро (viverra) мемонад. Гурбаи калон аст. Вазни наринааш 11-15 кг, модинааш 6-7 кг; дарозиаш аз 95 то 120 см, баландиаш то сари дӯш 38-40 см. Ҷуссааш боқувват, ҷоғаш кӯтоҳ, гӯшҳояш майда, сараш лӯнда, гарданаш кӯтоҳ. Рангаш хокистарӣ, қаҳвагун, сиёҳтоб, рах-рах ё холдор. Дар байни панҷа парда дорад, ки барои шино кардану доштани моҳӣ ёрӣ мерасонад. Гурбаи моҳигир дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии ҷанубу шарқи Осиё — Ҳиндустон, Ҳиндухитой, Суматра ва Ява, асосан дар ҷангалзори соҳили кӯлу дарёҳо ва ботлоқзор зиндагӣ мекунад. Даври ҳамлаш 63-70 рӯз буда, 2-3 бача мезояд. Бачаҳои гурбаи моҳигир дар 9-моҳагӣ мустақил мешаванд. Ғизои гурбаи моҳигир асосан моҳӣ аст; баъзан ба тунукобаи дарёҳо гузашта, харчанг, қурбоқа, лесак, мор, парандаҳои хурд ва дигар ҷонварони обиро дошта мехӯрад. Гурбаи ниҳоят чолок аст; моҳиро ба як зарби панҷа аз об берун меандозад. Гоҳе барои доштани моҳӣ ба масофаи дур шино мекунад. Дар хушкӣ ба ҷонварони ширхори майда, мушу калламуш ва парандаҳо дармеафтад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]