Гурӯҳи вакилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гурӯҳи вакилон)

Гурӯҳи вакилӣ — ниҳоди дохили палатаи халқӣ, ки вакилонро дар порлумон сарфи назар аз тааллуқ доштан ё надоштани онҳо ба ин ё он ҳизб муттаҳид мекунад.

Ҳуқуқи дохил ва хориҷ шудан аз гурӯҳи вакилӣ ихтиёрӣ мебошад. Ба гурӯҳи вакилӣ вакилоне дохил шуда метавонанд, ки ба фраксияҳои ҳизбӣ дохил набошанд. Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ дар бораи масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии худ вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд дар фраксия ва гурӯҳи вакилӣ муттаҳид шаванд. Гурӯҳи вакилӣ ҳамон вақт ба қайд гирифта мешавад, ки ҳайати он аз панҷ нафар вакил кам набошад. Дар хусуси ташкилёбӣ, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои худ гурӯҳи вакилии Маҷлиси намояндагон ба Комиссия дар бораи назорати Дастур ва ташкили кори палата хаттӣ хабар дода, вакилони Маҷлиси намояндагон огоҳ гардонида мешаванд. Гурӯҳи вакилии Маҷлиси намояндагон мақомоти палата намебошад. Номнависии гурӯҳи вакилиро Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар асоси ахбори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои интихобот аз рӯи ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ, аризаҳои хаттии вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб шудаанд, анҷом медиҳад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2011;
  • Конституционное право. Энциклопедический словарь. М., 2001.