Гӯгирд
Гӯгирд/Кибрит — чӯбчаи аз чӯби кабуда ё санавбар тайёркардашудаи саракдор, ки таркибаш моддаҳои сӯзанда ва оксидкунанда дорад. Дарозии гӯгирд 38-48мм (баъзан аз ин ҳам дарозтар) ва қутраш 1,5-3 мм шуда, дар қуттиҳои махсус (дар як кутти аз 50 то 600 дона гугирт) истеҳсол карда мешавад.
Гӯгирд (кибрит) кашфиёти нисбатан нав буда, нахустин намудҳои сода он дар ибтидои садаи XIX ба вучуд омадаанд. Масалан, соли 1805 ихтироъкори англис Шансел гугирде кашф кард, ки он аз парахачуби хушки нӯгаш бо омехтаи намаки бертоле ва самги араби олуда иборат буд. Чунин гугирдро ба шишачаи Н2SO4 доштаги хаста дар намегиронанд. Гӯгирди ҳозира, ки бо номи гӯгирди «бехавфи шведӣ» маъмул гаштааст, соли 1848 аз тарафи химики швед Бёттгер ихтироъ шудааст; дар он ба ҷои фосфори сафед фосфори сурх кор фармуда мешавад. Нахустин фабрикаи гугуртистеҳсолкунӣ дар Аврупо соли 1833 сохта шуда буд.
-
гӯгирди фосфори сурхдошта
-
гугирди сӯхтаистода
-
қутти гӯгирд
-
гӯгирди сӯхтаистода