Jump to content

Гӯрғулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гӯруғлӣ)
Гӯрғулӣ
Сурат
Кишвар
Пеша шоир

Гӯрғулӣ, Гӯрғулисултон, Гӯруғлӣ — қаҳрамони марказии ҳамосаи мардумии Гӯрғулӣ.

Гӯрғулӣ тибқи ривоятҳо паҳлавоне мебошад, ки дар гӯр таваллуд ёфтааст, ки модараш Бибӣ-Ҳилол буда, падараш номаълум аст. Қиссаи таваллуди розомези Гӯрғулӣ чунин аст: Аҳмадхони сардори қабила Бибӣ-Ҳилол хоҳарашро маҷбурӣ ба Райҳонараб доданӣ мешавад, аммо ӯ ба Райҳонараб расидан нахоста, рӯй ба чулу биёбон меорад. Дар биёбон аз ташнагӣ ҷон ба ҳақ таслим мекунад ва мурдаи ӯро уштурбоне ёфта, ба назди Аҳмадхон мебарад. Пас аз дафн кардан, дар гӯр аз модари фавтида писарчаи неруманде ба дунё меояд. Аз ин хотир ӯро «Гӯрғулӣ» меноманд, яъне бачае, ки дар гӯр таваллуд шудааст ё худ Гурзод. Дар варианти ӯзбекӣ — Гӯрӯғлӣ, яъне «писари гӯр» аст.

Дар нусхаи тоҷикони Афғонистон, модари Гӯрғулӣ дар боғе сайругашт мекард, ки ногоҳ аз болои девор нури поки ҳазрати Сайидулшуҳадо Алии Муртазоро мебинад ва он як сония давом меёбад, сипас ба ҳамин ин духтари бокира бордор мешавад. Дар ин вариант ҳам падар номаълум ва нур аз ғайб мерасад. Тибқи ривояти Қ. Раҷаб, ҳазрати Алӣ Бибӣ Ҳилолро, ки гурехта ба хонаи ӯ омада буд, зани худ пиношта, аз дур ба сӯяш себе ҳавола медиҳад. Себ ба пушти Ҳилол мерасад ва ӯ пас аз ин ҳодиса обистан мегардад. Бояд гуфт, ки образи ҳазрати Алӣ низ дар ин лавҳа шакли исломишудаи кадом як персонажи асотирии бостонӣ мебошад. Таваллуди Гӯрғулӣ дар вариантҳои гуногуни эпос ба рамзу розҳои асотирӣ омехта аст ва ба он далолат мекунад, ки мотиви мазкур аз гузаштаҳои дур ба мазмуну мундариҷаи устураву қиссаву афсонаҳои тоҷикӣ ворид шуда, тағйиру такмил ёфта то ба имрӯз омада расидааст. Ба ҷуз аз таваллуди асроромези Гӯрғулӣ инчунин нишонаву хусусиятҳои дигари асотирӣ дар тавсири образи ӯ ба назар мерасанд, ки дар маҷмӯъ як тимсоли комилро ташкил медиҳанд. Дар мазмуни достонҳо, дар тавсифу тасвири чеҳраи Гӯрғулӣ баъзе унсурҳои асотирӣ низ ба назар меоянд. Гӯрғулӣ дар достонҳои тоҷикӣ бо номҳои Гӯрғулисултон, Гӯрғулихон, Гӯрғӯлишоҳ номбар мешавад, аммо лақаби ӯ «Беги авлиё» мебошад. Авлиё — дар тасаввури мардуми авом шахси назаркардаи Худо, инсони поку муқаддас ва то як андоза аз ғайб огоҳ мебошад. Гӯрғулиро «авлиё» мегӯянд, ки ин ҳам нишонаи асотирӣ ва баромади қадима доштани ин образ аст. Далели дигари мансубияти Гӯрғулӣ ба як қаҳрамони асотирӣ ин аст, ки ӯ бо асп пайвастагии ғайриоддӣ дорад. Ҷолиб аст, ки худи Гӯрғулӣ бо шири асп калон мешавад ва дар навбати худ ба аспаш шири инсон медиҳад. Ӯ ба курраи аспаш шири инсон мехӯронад, то ки ақли инсонро гирад, шири рӯбоҳ медиҳад, то ки зирак шавад, шири харгӯш медиҳад, то ҳушёр бошад. Дар ин ҷо дар чеҳраи асотирии Гӯрғулӣ ақидаҳои қадимтарини тотемистӣ бозтоб шудаанд.

Дар аксари достонҳо Гӯрғулӣ ҳамчун шоҳи одилу ғамхори мардуми худ аст. Гӯрғулӣ шабоҳатҳо бо образҳои анъанавии шоҳон дар ҳамосаҳои миллӣ дорад. Дар баробари ин ки ӯ паҳлавон ва ҳокими одилу ғамхори халқ аст, баъзе содагиҳое ба мисли шоҳ Кайковус аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дорад. Ӯ шахси зудбовар, аммо софдил аст. Нисбати касе дар дил кина намегирад. Чандин дафъа гуноҳи Аҳмадхону Юсуфхонро мебахшад. Писархондаш Авазро хоҳиш мекунад, ки гуноҳҳои эшонро бубахшад. Ӯ дар достонҳо то ба майдон омадани Авази болиғу паҳлавон дар маркази сужети асар қарор дорад. Аммо пас аз корнамоиҳои нахустини Аваз мавқеи ӯ тадриҷан ба дараҷаи дуюм мегузарад ва Аваз паҳлавон мешавад. Чеҳраи Гӯрғулӣ ба симои Ковус хеле монанд мебошад, чунки ӯ назар ба разм дида, бештар ба базм алоқа дорад.

Гӯрғулӣ тибқи анъанаҳои падарсолорӣ якчанд зан дорад, асосиашон Ширмоҳ ва Ағаюнус буда, ҳардуяшон аз ҷинси парӣ мебошанд. Дар баъзе версияҳо Ширмоҳ ва Ағаюнус як персонажанд. Гӯрғулӣ дар аксари нусхаҳо бефарзанд тасвир шудааст. Аммо ӯ се писархонд дорад: Аваз, Ҳасан ва Шодмон. Дар варианти гӯрғулисаро Одина Шакар, бобои Гӯрғулӣ Хоҷа Аҳрор аст ва падари марҳумаш Султони Кибор. Прототипи ин Хоҷа Аҳрор яке аз шахсони маъруфи таърихӣ, намояндаи бузурги силсилаи нақшбандияи тасаввуф Хоҷа Насируддин Абдуллоҳ маъруф ба Хоҷа Аҳрорӣ Валӣ (1404—1490) мебошад. Чун дар дигар вариантҳои тоҷикӣ Гӯрғулӣ хоҳарзодаи Аҳмади туркман аст, бо рабт додани қаҳрамони асар ба як шахси маъруфи таърихӣ, Одина Шакар ва баъзе гӯяндагони дигар кӯшиши милликунонӣ ва воқеинамоии эпоси «Гӯрғулӣ»-ро кардаанд.

Симои Гӯрғулии тоҷикӣ аз образҳои Кёроғлуи туркиву озарӣ, Гороғлии туркманӣ ва аз Гӯрӯғлии ӯзбекӣ тафовут дорад. Дар эпоси туркию озарӣ Кёроғлу шахси шӯрапуште мебошад, ки ба ғоратгарӣ машғул аст. Азбаски ӯ ҳокимону сарватмандонро ғорат карда, манфиати мардуми бенаворо ҳимоя мекард, камбағалон ӯро дар сурудҳояшон васф мекарданд. Гороғлии туркманҳо сардори қабила буда, баъзан ба ғоратгарию роҳзанӣ машғул мешавад. Гӯрӯғлии эпоси ӯзбекӣ як андоза ба симои Гӯрғулии тоҷикӣ монанд мебошад. Дар версияи тоҷикӣ Гӯрғулӣ шоҳ аст ва дар маркази эпоси тоҷикӣ Аваз ҳамчун ҷаҳонпаҳлавон фаъолият мекунад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]