Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик
«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» — асари бисёрҷилдаи донишномаӣ доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросим ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик, ки токунун 7 ҷилди он чоп шудааст.
Ду ҷилди нашршудаи донишнома дар асоси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мардуми тоҷик дар СИЭМТ таҳия шуда, таҳкурсии ин китоби бузургҳаҷм маҳсуб мешаванд. Китоби мазкур фарҳанги ғаниву рангоранги мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ҷилди 1 (2015) аз маҷмӯи мақолаҳои сароғози мавзӯъҳои таҳти ҳарфҳои А — М (776 саҳ.) ва ҷилди 2 (2017, 756 саҳ.) аз Н — Я иборат буда, дӯстдорони мероси фарҳангии халқи тоҷикро бо суннату ҳунарҳои мардумӣ шинос мекунад. Донишнома бо тасвирҳо оро ёфта, бо теъдоди 5000 нусха дар матбааи «Эр-граф» ба табъ расидааст. Ҷилдҳои 1 ва 2-и ин китоб дар Намоишгоҳи байналмилалии «Санъати китоб»-и ИДМ сазовори Шоҳҷоиза гардид (2018).
Ҷилди 3 «Наврӯз», ҷилдҳои 4-5 «Таъомҳои мардумӣ», ҷилдҳои 6-7 «Мардумшиносӣ» (ё «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз») ва ҷилдҳои баъдӣ мавзӯъҳои «Бозиҳои бачагона», «Сӯзанӣ», «Бофандагӣ», «Косибӣ», «Либосҳои мардумӣ», «Ҷашнҳои иҷтимоъии мардумӣ» ва ғайраро фаро хоҳанд гирифт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — 608 с. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.