Далер Лоҳутӣ
Таърихи таваллуд | 26 апрел 1934 ё 1934[1] |
---|---|
Таърихи даргузашт | 27 январ 2022 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d] |
Алма-матер |
Далер Лоҳутӣ (26 апрел 1934 ё 1934[1] — 27 январ 2022, Маскав) — файласуф, мантиқдон, забоншинос ва тарҷумон, мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши маснӯъӣ. Доктори илмҳои техникӣ, профессор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Далер Лоҳутӣ, 26 апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов. Соли 1971 дар мавзуъи «Арзёбии низомҳои ҷустуҷӯгар» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1998 профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия буд. Ҳамчунин ба унвони роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ буд. Узви Анҷумани ҳуши маснӯъии Русия низ буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1999 рисолаи докторияшро дар мавзуъи «Мушкилоти ақлонӣ кардани низомҳои иттилоотӣ» дар бахши илмҳои техникӣ дифоъ кардааст. Муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ буд. Ӯ асари «Рисолаи фалсафиву мантиқӣ»-и Людвиг Вингтейнштейн, «Дониши объективӣ»-и Карл Попер ва асарҳои илмӣ, равишшиносӣ ва фалсафии дигарро низ ба русӣ тарҷума кардааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Далер Лоҳутӣ 27 январи 2022 дар Маскав, дар синни 88-солагӣ, бар асари беморӣ даргузашт[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Bibliothèque nationale de France Record #165643079 // BnF catalogue général (фр.) — Paris: BnF.
- ↑ Даргузашти Далер Лоҳутӣ, писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 28 Январ 2022 санҷида шуд.