Далер Хонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Далер Хонзода
Хонов Далер Хусниддинович
Daler Xonzoda new.jpg
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 1 апрели 1989
Зодгоҳ шаҳри Турсунзода, Тоҷикистон, ИҶШС
Солҳои фаъолият 2010 — то ҳол
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии поп
dalerxonzoda.uz
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

Далер Хонзода - сарояндаи муосири Узбекистон, зодаи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Хонов Далер 1 апрели 1989 дар шаҳри Турсунзода дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1993 ба Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Самарқанд омада, соли 1996 ба мактаби миёнаи рақами 1 рафта, аз соли 2004 мустақилона мусиқаро омӯхт. Соли 2005 ба литсеи академии дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, аз соли 2006 мустақилона навохтани гитара ва фортопианираро аз худ кард ва имрӯз озодона ин асбобҳои мусиқиро барои фаъолияти эҷодии худ истифода мебарад. Ҳофизи ҷавон аз соли 2009 то ин ҷониб дар хонааш студияи мусиқӣ кушода, фаъолияти кории студияро аз худ карда мустақилона шеър ва мусиқӣ менависад. 5 августи соли 2011 ба студияи «Pan Terra» шартномаи меҳнатиро имзо кард ва аз ҳамон рӯз сарояндаи гурӯҳи «Саҳро» гардид. Ҳамон сол дар озмуни ҷойизаи байналмилалии «M&TVA awards» иштирок намуда, сазовори номинатсияи «Навоварии сол» («Открытие года») гардид. Инчунин соли 2012 барои банаворгирии клипҳои нав дар чорабинии озмуни «M&TVA awards» сазовори грант гардид. Соли 2013 аъзои ҳакамони озмуни телевизонии мусиқӣ «Zo’r Zo’r Star» буд ва соли 2013 дар шаҳрҳои Москав ва Лондон дар чорабинии «Рӯзи санъати узбек» иштирок намуд. Иштирокчии аксияи «Мо – як гурӯҳ, мо – як оила» дар соли 2012 гардида, дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон бо сафари ҳунарӣ баромад намудааст. Пас аз ба итмом расидани шартнома бо студияи «Pan Terra» гурӯҳи «Саҳро»-ро тарк намуда оғози кори яккахониро ба роҳ мондааст.

Албомҳо[вироиш]

  • «Без меня»
  • «Одинок»
  • «Сахроингман»
  • «Time is gone»
  • «Саломалейкум»
  • «Crazy for you»
  • «Бегу»
  • «Сенсиз»
  • «Сказка»
  • «Angel»
  • «Ayyor yorim»
  • «Эслеме»
  • «Эслама»
  • «Help me»
  • «Мария»
  • «Я с тобой»
  • «Ёд кардам»
  • «Любовь восточная»
  • «Вспоминай»
  • «Дардларим айтай»
  • «Туро мехом дидан»
  • «Я прошу»
  • «Лето»
  • «Мама Узбекистан»
  • «Новый год»
  • «Ishq»

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]