Jump to content

Годавари (дарё)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Дарёи Годавари)
Годавари (дарё)
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Годавари (дарё)
дар Викианбор

Годавари — дуввумин дарёи бузург дар нимҷазираи Ҳиндустон.

Дарозиаш 1465 км, ҳавзааш 313 ҳазор км2. Аз нишебии шарқии Гҳати Ғарбӣ (иёлати Маҳараштра) дар баландии 1067 м сар шуда, паҳнкӯҳи Даканро убур карда, ба самти шарқ ҷорӣ мешавад ва ба халиҷи Бангола мерезад. Манбааш борон. Тобистон пуроб мешавад. Ҷараёни болоии Годавари остонадор буда, миёна ва резишгоҳаш киштигард аст. Барои обёрӣ истифода мешавад. Ба воситаи наҳр бо резишгоҳи дарёи Кришна мепайвандад. Шохобҳои асосиаш — Пранаҳита, Индравати, Манҷира, Ваинганга, Киннерасани, Силеру, Сабари. Дар шохоби Пранаҳита НБО-и пуриқтидор ва шабакаҳои обёрӣ сохта шудаанд. Дар соҳилҳои Годавари шаҳрҳои Копаргаон, Паитан, Тримбакешвар, Нашик, Нандед (иёлати Маҳараштра), Раҷамандри, Баҳадрачалам, Коввур, Нарсапур (иёлати Андҳра-Прадеш) воқеанд.