Jump to content

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Сохтор
Дафтари марказӣ

Дастгоҳи иҷроияи Президент — мақоми дохилии иҷроия буда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (банди 10 моддаи 69 Конститутсия). Вазъи ҳуқуқии дасггоҳи иҷроияи Президент, дар асоси Низомнома дар бораи он ки аз тарафи Президент тасдиқ шудааст, ба танзим дароварда мешавад. Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мебошад, зеро ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Раиси ҳукумат низ аст. Аз ин рӯ, ҳалли баъзе масъалаҳои фаъолияти дастгоҳи иҷроияи Президентро Дастури ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба танзим медарорад. Дастгоҳи иҷроияи Президент дар танзими нақшаҳои кории Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи калон дорад. Пешниҳод барои дохил намудан ба нақшаи кории Ҳукумат як моҳ қабл аз оғози давраи ба нақша гирифташаванда ба дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳод карда мешавад. Роҳбарияти дастгоҳи иҷроияи Президент пешниҳодҳоро оид ба нақшаи корӣ ҷамъбаст ва мувофиқа намуда, тибқи тартиби муқарраргардида онро ба тасдиқи Ҳукумат пешниҳод мекунад. Шуъбаи дахлдори дастгоҳи иҷроияи Президент ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба муҳокимаи Ҳукумат ирсол мешавад, маълумотнома тайёр мекунад, ки дар он ба кадом сабаб таҳия шудани лоиҳа, кадом масъалаҳоро ҳал кардани он, ба кадом вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дахл доштанаш зикр карда мешавад. Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳама шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи иҷроияи Президент мувофиқа карда мешавад.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 144