Душанбе
Шаҳр | ||||||||||
| ||||||||||
|
||||||||||
38°34′23″ с. ш. 68°47′11″ в. д.HGЯO | ||||||||||
Кишвар | Тоҷикистон | |||||||||
Тақсимоти дохилӣ | 4 ноҳия (Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ) | |||||||||
Раиси шаҳр | Рустами Эмомалӣ (аз 2017) | |||||||||
Таърих ва ҷуғрофиё | ||||||||||
Таъсис | асри XVII | |||||||||
Аввалин номбарӣ | 1676 | |||||||||
Номҳои пешина |
Душамбе (1924—1929), Сталинобод (1929—1961) |
|||||||||
Шаҳр аз | 1925 | |||||||||
Масоҳат | 203,2[1] км² | |||||||||
Баландии марказ | 706 м | |||||||||
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 | |||||||||
Аҳолӣ | ||||||||||
Аҳолӣ | ▲1 228 400[2] тан (2023) | |||||||||
Зичӣ | 5914 тан/км² | |||||||||
Агломератсия | Душанбе (3 147 000) (2022)[3] | |||||||||
Миллият | тоҷикон – 89,5 %, узбекҳо — 6,7 %, русҳо — 2,6 %, дигар мардум — 1,2 %[4] | |||||||||
Эътиқодот | мусалмонон, насрониён | |||||||||
Номи қавмӣ | душанбегӣ, душанбегиҳо | |||||||||
Забони расмӣ | тоҷикӣ | |||||||||
Шиносаҳои ададӣ | ||||||||||
Пешшумораи телефон | +992 37 | |||||||||
Нишонаи почта | 734000 | |||||||||
Коди мошин | 01 ва 05 | |||||||||
dushanbe.tj | ||||||||||
|
||||||||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Душанбе (форсӣ: دوشنبه; шаҳр аз соли 1925, то соли 1929 — Душамбе[5], солҳои 1929—1961 — Сталинобод) — пойтахти Тоҷикистон, шаҳре бо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, бузургтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, санъатӣ ва идории кишвар. Болотарин ниҳодҳои давлатии кишвар дар Душанбе воқеъ шудаанд.
Аз соли 1924 то 1929 пойтахти ҶМШС Тоҷикистон, аз соли 1929 то 1991 пойтахти ҶШС Точикистон ва аз соли 1991 токунун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[6].
Қариб 40 фоизи иқтидори санъатии Тоҷикистон дар шаҳр мутамарказ шуда, 12 % аҳолии кишвар (ба ҳолати 1 июли соли 2023 — 1 228 400 тан[2]) дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд. Аз 12 январи соли 2017 Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе мебошад[7].
Ҷойном
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: دوشنبه) барои нахустин бор дар китоби Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳру-л-асрор фӣ маноқиби-л-ахёр» (таълиф 1636) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Русияи Подшоҳӣ Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қӯрғон» номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «Душанбе-бозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд ва он Душанбе ном гирифт.
Соли 1924 Душанбе, ки ба шаҳр табдил ёфта пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълом гардид. То соли 1929 он Душамбе (Дюшамбе) ном дошт[8][9]. Аз соли 1929 пойтахти ҶШС Тоҷикистон ба шарафи Иосиф Сталин Сталинобод номида шуд[10]. Дар соли 1961, дар давраи сталинзудоӣ, шаҳр ба номи аслии худ баргардонида шуд, аммо бо имлои дуруст ба Душанбе иваз карда шуд[11].
Мушаххасоти табиъӣ-ҷуғрофиёӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 38° арзи шимолӣ ва 68° тули шарқӣ дар водии Ҳисор дар баландии 750—930 метр аз сатҳи баҳр дар ду соҳили рӯди Душанбе ҷойгир шудааст. Масоҳати шаҳр то соли 2020 126,6 км² буд ва дар соли 2020 он ба 203,1825 км² васеъ карда шуд[1]. Дар қисми ҷанубии шаҳр Душанбе рӯди Кофарниҳон ҷорист ва дар шимоли шаҳр дараи Варзоб воқеъ аст, ки дар он марказҳои истироҳатии пуршуморе ҷойгиранд.
Зилзилахезӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зилзилахезии шаҳр хеле болост, тибқи меъёрҳои сохтмонии солҳои 1930—1940 он 7—8 балл ҳисоб карда мешуд[12]. Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати кам намудани хавфи зилзила пайваста таҳқиқот анҷом медиҳанд[13]. Дар Душанбе Пойгоҳи марказии заминҷунбӣ ва дар атрофи шаҳр стансияҳоии Ҷирино (дар дараи Варзоб), Чӯянгарон (рӯди Сорбо), Қарасу (рӯди Элок), Оқулӣ (рӯди Кофарниҳон) ва ғайра ҷойгиранд[13].
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба пойтахти Тоҷикистон хусусиятҳои иқлими шаҳрҳои ҷанубӣ хос аст: ҳавои гарму хушки тобистон ва зимистони нарму ноустувор. Хусусияти муҳимми иқлими шаҳри Душанбе офтобрӯя будани он аст (дар як сол то 2 690 соат). Тӯли рӯз аз 15 соат (дар моҳи июл) то 9,5 соат (дар моҳи декабр) аст[14].
Дамои миёнаи солонаи ҳаво 14,1°С-ро ташкил медиҳад. Январ моҳи аз ҳама сард ба ҳисоб меравад. Дамои миёнаи ҳаво дар моҳҳои зимистон 2-4°С аст. Дар ин давра асосан ҳавои абрнок ва боронӣ ба назар мерасад, ки ба фаъолияти сиклонҳо вобастагӣ дорад. Омадани ҳавои хунук боиси барфу борон ва то 8-10°С сард гаштани ҳаво хоҳад шуд[14].
Душанбе минтақаи камбориш аст. Миқдори боришоти солона 654 мм буда, дар тӯли сол он нобаробар тақсим мешавад (ба фаъолияти сиклонҳо ва орография вобаста аст). Аз ду се ҳиссаи миқдори умумии бориш ба давраи хунукӣ (аз ноябр то март) рост меояд. Бориши бештарин моҳҳои март — апрел, камтарин моҳҳои июл — сентябр сурат мегирад, ҳол он ки баъзе солҳо аз ҳад зиёд сербориш ва ё баръакс, камбориш мешаванд[14].
Иқлими Душанбе | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 21,6 | 23,1 | 29,6 | 33,8 | 38,8 | 42,8 | 49,0 | 42,8 | 38,9 | 36,8 | 29,7 | 24,3 | 49,0 |
Максимуми миёна, °C | 9,4 | 10,6 | 15,6 | 20,6 | 26,1 | 32,8 | 35,6 | 34,4 | 30,0 | 23,3 | 15,6 | 10,6 | 22,1 |
Минимуми миёна, °C | −0,6 | 1,7 | 5,6 | 9,4 | 13,3 | 17,8 | 19,4 | 17,2 | 12,8 | 7,8 | 3,3 | 0,6 | 9,0 |
Минимуми мутлақ, °C | −26,6 | −17,3 | −13,4 | −7,8 | 1,2 | 8,4 | 10,9 | 8,1 | 3,0 | −4,4 | −13,5 | −19,5 | −26,6 |
Андозаи бориш, мм | 66 | 75 | 108 | 105 | 66 | 6 | 3 | 1 | 3 | 31 | 45 | 60 | 568 |
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory [1] |
Иқлими Душанбе дар 10-солаи охир (солҳои 2013—2022) | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми миёна, °C | 10,3 | 12,7 | 18,1 | 23,6 | 29,2 | 34,8 | 38,0 | 35,9 | 32,5 | 24,1 | 15,7 | 11,4 | 23,9 |
Минимуми миёна, °C | −0,7 | 1,1 | 6,1 | 9,6 | 13,6 | 17,1 | 19,3 | 17,0 | 12,9 | 7,7 | 3,1 | 0,4 | 9,0 |
Сарчашма: www.weatheronline.co.uk |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳудуди имрӯзии Душанбе тақрибан 2300—2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст. Далели ин бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, дахмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимие мебошанд, ки аз ҳудуди Душанбе ва мавзеъҳои атрофи он ёфт шудаанд. Бостоншиносон таърихи Душанберо ба се давра: давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав (асосӣ) тақсим мекунанд.
Давраи қадим
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбеи таърихӣ дар қисмати шарқии водии Ҳисор воқеъ буда, ба андешаи бостоншиносону таърихнигорон ҳудуди таърихии сукунати мардуми атрофи он дар воҳаи дарозиаш тақр. 80 км ва паҳнояш то 20-24 км ҷой гирифта буд. Душанбе таърихи беш аз 2400-сола дорад, ки аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон мансуби «маданияти Ҳисор» аст. Маданияти Ҳисор тамаддуни бостонии аҳди неолит буда, охири давраи асри сангро дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ фаро мегирад, ки ба ҳазорсолаҳои 7-2 то м. мансуб аст.
Ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди Душанбе аз ҷониби кишваршиносон В. Р. Чейлитко ва В. Душанбе Салочинский солҳои 30 асри 20 оғоз ёфтаанд. Соли 1941 бостоншинос П. И. Смоличев дар қисми шимолу шарқии шаҳр дафинаеро кашф намуда, аз он ҷо миқдори зиёди сафолпораҳоро пайдо кард. Чунин маснуоти сафолӣ аз ҳудуди Корхонаи бофандагӣ низ ёфт шуданд. Соли 1948 бо сарварии акад. А. П. Окладников гурӯҳи бостоншиносон таҳқиқи атрофи Душанберо идома доданд. А. П. Окладников бозёфтҳои маданияти кӯҳистонии Тоҷикистонро аз рӯи ёдгории барҷастаи ин давра — Теппаи Ғозиёни Ҳисор «маданияти Ҳисор» номида, таърихашро ба ҳудуди ҳазорсолаҳои 4-3 то м. мансуб донист. Зимни омӯзиши илмии бахши бостоншиносии ҳудуди Душанбе ва атрофи он муҳаққиқон чандин ёдгории арзишманд, аз ҷумла, Арки Амир — дар ҷои имрӯзаи Боғи ботаникӣ, Дахма — дар ҳудуди маркази алоқаи ҷумҳуриявӣ, «Боқимондаҳо»-и шаҳр («Остонес») — дар байни хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кӯчаи Деҳқон, Шишихона — дар маҳаллаи 84, Работ — аз нишеби пули хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Аҳрорӣ, Искандартеппа — дар ҷои кӯчаҳои Карин Манн ва Фучик ва ғайра-ро кашф намуданд. Аз Душанбе ва атрофи он то соли 2004 3684 сикка пайдо шудааст, ки аксари онҳо ба 12 дафина ва инчунин 64 намунаи сиккаҳои ҷудогона мансубанд. Соли 1951 дар ҳавлии яке аз хонаҳо, ки дар ҷанубу ғарби Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко воқеъ буд, бостоншиносон Н. Н. Забелин ва М. М. Дяконов хумеро бо навиштаҷоти юнонӣ ва забони бохтарӣ (кушонӣ) пайдо карданд. Соли 1994 дар баландии соҳили чапи Душанбе Душанбе, дар қисми шимолу ғарбии собиқ бозори «Баракат» (ҳоло Боғи Парчами миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон) вақти кофтани хандақ аз ҳавлие кӯзае ёфт шуд, ки 45 сиккаи мисини қадимӣ дошт ва ин сиккаҳо ба шоҳони кушонӣ Вима Кадфиз (47-78) ва Канишка (78-123) тааллуқ доштаанд. Аз ҳудуди димнаи Душанбе соли 1950 инчунин 39 тангаи нуқрагини аҳди Сосониён ёфт шудааст, ки ба асрҳои 4-5 м мансуб мебошанд. Бостоншинос М. Азизов соли 1983 дар ҳудуди Боғи ботаникии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории «Арки Мир»-ро пайдо кард.
Асрҳои миёна
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар асрҳои миёна бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст, ки маъхазҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд. Рисолаи ҷуғрофиёии муаллифи номаълум «Ҳудуду-л-олам» (982—983) ин ҷойро чунин тасвир кардааст: «Шумон шаҳрест устувор ва ба барокӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест (қалъа) бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург ва аз вай заъфарон хезад бисёр». Мутобиқи маълумоти ҷуғрофиёдонҳо ва таърихнигорони асрҳои 9-10 Ибни Хурдодбеҳ, Табарӣ, Истахрӣ, Ибни Ҳавқал ва Мақдисӣ Шумон, Ахарун, Чағониён, Хатлон, Тирмиз, Вашгирд ва навоҳии онҳо қаблан тобеи Тахористон буда, дертар ҳангоми ҳуҷуми арабҳо дар якҷоягӣ бо Хуросону Мовароуннаҳр тобеи хилофат гардиданд. Ба андешаи таърихнигор Ғ. Ғоибов дар китоби «Таърихи Ҳисори Шодмон, Чағониён ва Душанбе» (1999), шаҳру вилояти Шумон «Дар ҷануб то Қубодиёну Вахш, дар ғарб то Ахарун, дар шимол тақр. то ағбаи Анзоб ва дар шарқ то Душанбе Кофарниҳон, ки на чандон дуртар аз он Қалъаи Шодмон воқеъ аст, тӯл мекашид. Аз ҷумла, Душанбеи имрӯза низ дар қаламрави ҳамин мулк ҷой дошт». Ин ақидаро бори нахуст шарқшиноси машҳури рус В. В. Бартолд (1869—1930) ҳангоми омӯзиши «Ҷуғрофиёи Сомониён» баён намудааст. Тӯли асрҳои миёна мардуми бекигарии Ҳисору Бойсуну Деҳнав, тоҷирони Тирмизу Самарқанд ва Хатлону Вахшу Қубодиён, Дарвозу Қаротегину Файзобод ҳар рӯзи душанбе дар мавзеъҳои Душанбеи имрӯза бозор ташкил мекарданд, ки ин боиси Душанбе ном гирифтани пойтахти кунунии Тоҷикистон гардидааст.
Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Душанбе аз 14 гузар иборат буд, ки онҳоро оқсақолон идора мекарданд. Шаҳраки Душанбе калонтарин минтақаи аҳолинишин ба шумор рафта, қалъаи мудофиавӣ дошт. Дар атрофи Душанбе шаҳрак ва деҳкадаҳои Шоҳмансур (дар ҷои имрӯзаи бозори Шоҳмансур), Сариосиё (дар қисмати шарқии ДДТТ), Ғофилобод (дар мавзеи ТВ «Сафина»), Миришикор, Хуҷанбиёи Боло ва Хуҷанбиёи Поин (дар мавзеи заводи семент), Қарамиршикор, Чармгарон ва Заргар воқеъ буданд
Қарни XX
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1907 бар асари заминларзаи харобиовар дар Қаротоғу Ҳисор беки Ҳисор — Шоҳимардонқул бо оилааш ба Душанбе кӯчида, Душанберо пойтахти бекигарӣ қарор дод. Аҳолии Душанбе соли 1920 тақр. 18-20 ҳазор нафар буд. Дар ин давра ҳукумати маъмуриро беки Ҳисор идора мекард, ки амлокдори Душанбе тобеи ӯ буд.
Сентябри 1920 амири Бухоро Олимхон аз таъқиби аскарони сурхи шӯравӣ фирор намуда, дар Душанбе қарор гирифт ва 5 марти 1921 Душанбе Панҷро убур намуда, ба Афғонистон паноҳ бурд. Охири сентябри соли 1921 Иброҳимбек бо 4 ҳазор ҷонибдораш Душанберо муҳосира кард. Ноябри ҳамон сол собиқ саркардаи ҳарбии турк Анварпошо ба Бухорои Шарқӣ омада, зиёда аз 10 ҳазор кас аз қувваҳои зиддишӯравии ин мулкро атрофи худ муттаҳид кард ва онҳо 10 декабри 1921 Душанберо ба муҳосира гирифтанд. То миёнаҳои феврали 1922 шаҳр дар муҳосира буд. Аз 2 январи 1922 то 7 феврали 1924 Душанбе ба маркази Комиссияи фавқулодаи диктатории Кумитаи Иҷроияи ҶШХБ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ табдил ёфт, ки комиссияи мазкур ҳуқуқи номаҳдуди шаҳрвандӣ ва судӣ дошт. 14 июни 1922 дар натиҷаи амалиёти густардаи ҷангӣ Душанбе аз нав ба ихтиёри қисмҳои ҳарбии аскарони сурх гузашт. Мувофиқи ваклотанома (мандат)-и № 135 Мирзосаид Абдуллоев 21 августи 1922 раиси нахустини Кумитаи инқилобии вилояти Душанбе таъйин гардид. Комиссари халқии корҳои хориҷӣ Георгий Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус такя намуда, баръакси лоиҳаҳои мавҷуда лоиҳаи наверо пешниҳод кард, ки он дар таърих бо номи «Лоиҳаи Чичерин» зикр шудааст. Мувофиқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист дар ҳудуди Осиёи Миёна ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин таъсис ёфта, Ҷумҳури Мухтори Узбекистон дар ҳайати он бунёд мешуд, вале ин лоиҳа қабул нагардид.
24 августи 1924 Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ аз Комиссияи миллии тоҷикон хост, ки пойтахти мухторияти ояндаи худро муайян кунанд. Комиссияи мазкур аз пешниҳоди шаҳрҳои қадимии тоҷикон Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд даст кашида, сараввал шаҳраки Қаротоғро чун маркази мухторияти нави тоҷикон пешниҳод кард, аммо ин пешниҳод аз ҷониби ҳарбиён пазируфта нашуд ва бо пешниҳоди онҳо Душанбе пойтахти давлати навбунёди тоҷикон интихоб гардид.
26 ноябри 1924 сохтори муваққатии Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон то даъвати анҷумани муассисон созмон дода шуд. 26 ноябри 1924 Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон таъйин гардид. 7 декабри 1924 дар Тошканд маҷлиси нахустини Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон баргузор шуд, ки яке аз масъалаҳои асосии он кӯчонидани Кумитаи инқилобӣ ба пойтахти ҷумҳурии навбунёд — шаҳри Душанбе буд. Нусратулло Махсум 3 феврали 1925 бо ҳайати ҳукуматӣ ба Душанбе омад. 4 феврали 1925 дар Душанбе ҷамъомади ботантана барпо гардид, ки дар он Эъломия (Декларатсия)-и ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд.
Душанбе бо аҳолии камтар аз 500 нафар шаҳр ва пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълон гардид. 2 сентябри 1926 маҷлиси раёсати Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон тарҳи нави Душанберо баррасӣ намуд. Моҳи апрели соли 1927 Совети Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул кард.
17 июни 1929 Бюрои Кумитаи Иҷроияи КМ (б) Ӯзбекистон масъалаи «Барқияи рафиқ Сталинро оид ба ҷудо намудани ҶМШС Тоҷикистон аз ҳайати Узбекистон чун ҷумҳурии иттифоқӣ» мавриди баррасӣ қарор дод. Бюрои мазкур дар ҳамин ҷаласа қарор қабул кард, ки ба пешниҳоди КМ ВКП (б) ҳамовоз шуда, таъсис додани ҶШС Тоҷикистонро чун ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ дастгирӣ менамояд. 15 октябри 1929 дар Душанбе Анҷумани севвуми фавқулодаи умумитоҷикии Шӯроҳо кори худро оғоз намуда, 16 октябр дар ҷамъомади серодами майдони «Хонаи деҳқон», дар ҳузури вакилони анҷуман Эъломия (Декларатсия)-и таъсис додани ҶШС Тоҷикистон қабул гардид.Ҳамон сол шаҳр ба Сталинобод ном гирифт.
Нахустин лоиҳаи генералии бунёди Душанбе соли 1930 қабул ва тасдиқ гардид.
24 феврали 1931 дар Душанбе Анҷумани чоруми Шӯрои ҶШС Тоҷикистон Конститутсияи Тоҷикистонро қабул кард, ки он заминаи қонунӣ ва идоракунии ҷумҳуриро бунёд гузошт. Дар Душанбеи навбунёд заминаҳои маъмуриву идоракунии мамлакат гузошта шуд, аз ҷумла, бинои Нозирони Комиссариати Халқӣ, Комиссариати зироат, Комиссариати алоқа ва ғайра бунёд гардиданд. 10 сентябри 1929 тавассути роҳи оҳани паҳнбар қатораи нахустин ба Душанбе омад. Робита тавассути роҳи оҳан бо Маскав ва дигар шаҳрҳои иттифоқӣ шурӯъ гардида, маҳз дар ҳамин давра болоравии иқтисодиёти Тоҷикистон оғоз ёфт.
3 марти 1938 Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳри Душанберо тасдиқ намуд. Нақша барои 170 ҳазор иқоматкунанда муқаррар шуда, сохтмони шаҳр дар соҳили чапи Душанбе Душанбе пешбинӣ гардид. 23 январи 1939 бо фармони Раёсати Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар Душанбе се ноҳияи маъмурӣ — Душанбе, Марказӣ ва Роҳи Оҳан таъсис дода шуд. Солҳои ҶБВ (1941-45) саноати пойтахт барои ёрӣ ба ҷабҳаи ҷанг (фронт) нигаронда шуда, сохтмони роҳҳои нақлиётӣ ривоҷ ёфт ва роҳи оҳани камбари Сталинобод — Қӯрғонтеппа (масофааш 125 км) сохта ба истифода дода шуд, ки Душанберо бо водии Вахш пайваст мекард.
Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил ёфт. Дар Душанбе 23 пажӯҳишгоҳ, 8 мактаби олӣ, 13 мактаби миёнаи махсус, 19 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва 95 мактаби маълумоти умумӣ фаъолият мекард. Соли 1951 АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Баъдан дар пойтахт ҳамчунин Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ, Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Сирки давлатӣ, беш аз 70 кинотеатр ва киностудияи «Тоҷикфилм», Китобхонаи давлатии миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Китобхонаи марказии илмии АИ ҶШС Тоҷикистон, 181 китобхонаи ҷамъиятӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолуддин Беҳзод, Кумитаи радио ва телевизион, Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТа) (ҳоло Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»), Боғи кӯдакону наврасон, муассисаҳои зиёди томактабӣ ва мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият доштанд. Дар Душанбе якчанд матбаа, комб. полиграфӣ, нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ирфон», «Маориф», «Адиб», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик амал мекард. Ҳамчунин дар пойтахт теъдоди зиёди рӯзномаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ чоп мешуданд.
Давраи Истиқлол
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 асри 20 дар Душанбе ва тамоми мамлакат дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. 24 августи 1990, баъди дар иҷлосияи дуввуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) қабул намудани Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе ҳамчун пойтахти давлат ва маркази ягонаи идории давлати тоҷикон эътироф шуд. 9 сентябри 1991 дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII баргузор гардид, ки он изҳорот (декларатсия)-и истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қабул кард. Душанбе аз соли 1991 пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Дар даврони Истиқлол бо бунёд гардидани маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, иморатҳои маъмуриву иқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил ёфт. Дар Душанбе фаъолияти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мутобиқи барномаҳои миллии таълимӣ вусъат ёфт. Муассисаҳои нави таълимӣ — литсейҳо, гимназияҳо ва коллеҷҳо бунёд шуданд. Бо қарори ЮНЕСКО августи 2004 барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳамарӯза Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷоизаи дараҷаи якуми «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002-03 сазовор гардид.
Рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии Душанбе дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ, пайкараҳои Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода ёфтааст. Дар Душанбе сафоратхонаҳои дипломатии бисёр давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Русия, ИМА, ҶХХ, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷопон, Эрон, Покистон, Афғонистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, дар маҷмӯъ 22 сафоратхона ва консулгарӣ, 1 намояндагии дипломатии муқими Душанбе, 14 ниҳоди тахассусии СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ва 6 ниҳоди байналмилалии молиявӣ фаъолият доранд (2017).
Сентябри 2014 дар Душанбе ҷаласаи навбатии панҷгонаи Шанхай бо ширкати роҳбарони кишварҳои аъзои он — Тоҷикистон, Русия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон (нозир) баргузор гардид. Дар Душанбе ҷашнҳо, сессияҳои илмӣ, симпозиумҳои байналмилалӣ ба муносибати 1100 ва 1150-солагии Рӯдакӣ (1958, 2008), 550 ва 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ (1964, 2014), 650-солагии Хусрави Деҳлавӣ (1975), 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), 960-солагии Умари Хайём (2000), 2700-солагии Авесто (2001), 1000-солагии Носири Хусрав (2004), 90-солагӣ (1968) ва 100-солагии С. Айнӣ (1978), 90-солагӣ (1977) ва 100-солагии А. Лоҳутӣ (1987), 100-солагии М. Турсунзода (2011) ва ғайра баргузор гардидаанд. Инчунин дар Душанбе даҳҳо муассисаи расмӣ ва хусусӣ, ширкату фирмаҳо (аз ҷумла Фонди байналмилалии асъор, Барномаи рушди СММ, Шӯрои амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони Конференсияи исломӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх) фаъолият доранд. Соли 2012 Душанбе ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО сазовор гардида, дар қатори беҳтарин шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон зикр гардид. Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат бузургтарин маркази маъмурӣ ва сиёсии кишвар буда, қароргоҳи Президент, Ҳукумати кишвар, Парламент, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораву муассисаҳо ва ташкилоту ширкатҳои давлативу ғайридавлатӣ дар ҳудуди он ҷойгир шудаанд. Душанбе бо 15 шаҳри дунё паймони бародаршаҳрӣ дорад: Клагенфурт (Австрия); Боулдер (ИМА); Ройтленген (Олмон); Санкт-Петербург (Федератсияи Руссия); Теҳрон (ҶИЭ); Минск (Ҷумҳурии Белорус); Мазори Шариф (ҶИА); Урумчӣ, Сямен (ҶХХ); Лоҳур (ҶИП); Санъо (Ҷумҳурии Яман); Монастир (Тунис); Лусака (Замбия); Шероз (ҶИЭ); Анқара (Туркия).
Идораи шаҳр
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе маркази илмӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, сиёсӣ ва маъмурии мамлакат буда, аз ҷониби Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахт» идора мешавад. Ин қонун муносибати байни Мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ ва Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Душанберо, ки ифодагари ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияи пойтахт аст, ҷудо ва танзим менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳбарии хоҷагии халқ, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангиро ба уҳда дошта, иҷрои фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони шаҳрро таъмин менамояд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Президент ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр амру дастурҳо содир менамояд. Ҳокимияти иҷроия дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳр сардорӣ мешавад, ки ӯ аз рӯи меъёри яккароҳбарӣ ҳокимияти иҷроияро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ифода ва ҳокимияти намояндагиро роҳбарӣ менамояд.
Тақсимоти маъмурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе аз 4 ноҳияи маъмурӣ[15] — Исмоили Сомонӣ (то соли 1929 Душанбе, то соли 1999 Октябр), Шоҳмансур (то соли 2003 Роҳи Оҳан), Фирдавсӣ (то соли 2002 Марказӣ) ва Сино (то соли 2002 Фрунзе) иборат аст. Душанбе аз қисми шимол бо ноҳияи Варзоб, аз шимоли шарқӣ бо ноҳияи Рӯдакӣ, аз қисми ғарб бо ноҳияи Ҳисор ҳамсарҳад аст.
Ноҳия | Номи пешина | Масоҳат,
км²[16] |
Ҷамъият,
тан (2019)[17] |
Раиси ноҳия[18] |
---|---|---|---|---|
1. Исмоили Сомонӣ | Октябр | 37,6 | 148 700 | Руслан Қодирзода[19] |
2. Сино | Фрунзе | 62,2 | 326 100 | Тоҷиддин Саидзода[20] |
3. Фирдавсӣ | Марказӣ | 54,5 | 209 000 | Умед Гуреззода[21] |
4. Шоҳмансур | Роҳи Оҳан | 48,9 | 162 600 | Билол Иброҳим |
Бар пояи қарори Ҳукумат «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе», ки соли 2017 қабул шудааст, домани ҳудудҳои пойтахт ба 18 ҳазор гектар то соли 2025, ба 25 ҳазор гектар то соли 2040 ва ба 30 ҳазор гектар пас аз соли 2040 васеъ карда мешавад.
Соли 2020 бо дарназардошти заминҳои ҳамроҳшудаи ноҳияи Рӯдакӣ бо масоҳати 7 659,25 гектар[1], ҳамагӣ 20 318,25 гектарро ташкил дод (ноҳияи Сино — 6224,39, ноҳияи Фирдавсӣ — 5447,96, ноҳияи Шоҳмансур — 4888,90 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ — 3759,00 га).
Аз масоҳати муқарраршудаи шаҳри Душанбе 2091,75 га — заминҳои обӣ, 145,21 га боғ, 12,28 га — тутзор, 2,10 га — боғҳои ситрусӣ, 25,79 га — чарогоҳ, 6390,85 га — нуқтаҳои аҳолинишин, 5,7 га — заминҳои ёрирасони шаҳрвандон, 1372.0026 га — буттазорҳо, 3,7 га — ботлоқзорҳо, 1436,66 га—кӯлу дарёҳо, 310,2 га — гузаргоҳҳои зеризаминӣ, 7227,51 га — заминҳои сохтмон ва киштзор, 1235,03 га — заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашуда мебошанд.
Намодҳои расмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳри Душанбе дорои нишон (эмблема) мебошад[22]. Намоди расмии таъйидшудаи шаҳри Душанбе, нишони расмӣ аст. Муаллифони нишон С. Қурбонов ва А. Н. Заневский буда, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе соли 1997 таъйид шудааст[23].
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]То замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бештари аҳолии Душанберо русҳо ва муҳоҷирони русизабоне ташкил медоданд, ки аз дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба инҷо ҳамчун мутахассис фиристода мешуданд[24].
Аз соли 1926 то соли 2015 аҳолии шаҳри Душанбе қариб 170 баробар афзудааст[25]. Аз январи 1927 то январи 1979 аҳолии шаҳри Душанбе 87,7 баробар зиёд шудааст (суръати миёнаи афзоиш 8,95%-ро ташкил дод). Баъди ин давра тӯли солҳои 2006—2013 афзоиши аҳолӣ суст шуда, соле 2,0%-ро ташкил додааст[25].
Бар асоси гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар пояи саршумории аҳолӣ тотаърихи 1 январи соли 2022 ҷамъияти шаҳри Душанбе 1 201,8 ҳазор тан будааст[4]. Плотность населения — 5 914,4 чел./км². Национальный состав: таджики — 89,5 %, узбеки — 6,7 %, русские — 2,6 %, другие народы — 1,2 %[4]. Зичии аҳолӣ 5914,4 тан/км². Таркиби миллӣ: тоҷикон — 89,5 %, узбакҳо — 6,7 %, русҳо — 2,6 %, дигар мардум — 1,2 %[2]. Дар соли 2010 афзоиши умумии аҳолӣ 3,46 % буд. Беш аз 12,16 % аҳолии ин кишвар дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.
1939[26] | 1989 | 1991[27] | 1992[27] | 1993[27] | 1994[27] | 1995[27] | 1996[27] | 1997[27] |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
82 597 | ↗592 200 | ↘584 300 | ↗584 500 | ↘546 900 | ↘523 400 | ↘511 900 | ↘505 600 | ↘501 100 |
1998[27] | 1999[27] | 2000[27] | 2001[27] | 2002[27] | 2003[27] | 2004[27] | 2005[27] | 2006[27] |
↗518 800 | ↗538 600 | ↗564 000 | ↗579 300 | ↗591 600 | ↗605 000 | ↗616 900 | ↗630 000 | ↗644 300 |
2007[27] | 2008[27] | 2009[27] | 2010[27] | 2011[27] | 2012[27] | 2013[27] | 2014[27] | 2015[27] |
↗658 000 | ↗674 200 | ↗693 200 | ↗711 200 | ↗731 100 | ↗748 000 | ↗764 300 | ↗775 800 | ↗788 700 |
2016[27] | 2017[27] | 2018[27] | 2019 | 2020[27] | 2021[27] | 2022[27] | ||
↗802 700 | ↗816 200 | ↗831 400 | ↗846 400 | ↗863 400 | ↗1 185 400 | ▲1201800 |
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе яке аз марказҳои бузургтарини саноати Осиёи Марказӣ мебошад. Иқтисоди он дар даврони шӯравӣ бунёд ёфтааст. Дар сохтори соҳавии иқтисод саноат саҳми махсус дорад. Дар саноати сабук рушди бештар ба коркарди пахта ва маҳсулоти дӯзандагӣ, матоъҳои пахтагӣ, шоҳибофӣ, кешбофӣ ва ҷуроббофӣ вобаста аст. Саноати хӯрокворӣ аз корхонаҳои нонпазӣ, қаннодӣ, шаробкашӣ, равғанкашӣ, коркарди гӯшт ва шир иборат мебошад. Саноати Душанбе хусусияти бисёрсоҳа дорад ва 464 корхонаи гуногунмоликиятро дар бар мегирад, ки аз соҳаҳои электроэнергетика, мошинасозӣ ва коркарди филиззот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати чӯбу тахта ва коркарди он, табъу нашр, саноати сабук, хӯрокворӣ ва ғайра иборатанд. Дар сохтори истеҳсолоти саноатӣ саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинасозӣ, коркарди филиззот ва масолеҳи бинокорӣ афзалият доранд. Дар даҳсолаи аввали устуворшавии саноат дар Душанбе заводи пахта (1926), осиёб (1927), комб. гӯшт (1930), фабрикаи пилакашӣ (1932) ва корхонаи чарму пойафзор (1936) ба фаъолият шурӯъ карданд. Соли 1936 дар Душанбе сохтмони комб. бофандагӣ оғоз ёфта, соли 1942 ба истифода дода шуд. Соли 1939 фабрикаи шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз кард. Суръати баланди сохтмони саноатӣ ва манзилро ба назар гирифта, дар шаҳр аввалин неругоҳи барқии дизелӣ бо иқтидори 78 кВт/с (1926), заводҳои хишт (1930), гач (1937), асфалту бетон (1938), семент (1941), инчунин НБО-и Варзоб-1 (1937) ба истифода дода шуданд.
Дар солҳои ҶБВ (1941-45) дар қатори корхонаҳои амалкунанда даҳҳо корхонаи саноатии нав, аз ҷумла, комбинати матоъҳои пахтагин (1942), заводи «Трактородетал» (1945), заводҳои собунпазӣ ва семент, фабрикаи кешбофӣ; сохтмони НБО-и Варзоби Поин ба кор даромаданд. Солҳои баъд аз ҷанг саноати Душанбе босуръат рушд кард, корхонаҳо навсозӣ гардиданд ва дар заминаи онҳо заводи бузурги мошинасозии ҷумҳурӣ — «Тоҷиктекстилмаш» таъсис ёфт, ки маҳсулоти он ба беш аз 20 кишвари хориҷӣ содир мегардид. заводи арматураи Душанбе (1939) навсозӣ шуда, маҳсулоти он ба 20 кишвари ҷаҳон содир мешуд. Дар заминаи заводи «Металлоширпотреб» заводи мошинасозии тиҷоратии «Торгмаш» (1947) бунёд гардид, ки барои корхонаҳои хӯроки умумӣ таҷҳизоти технологии замонавӣ — тобаҳои барқӣ, дег ва ғайра истеҳсол мекард. Дар заводи «Трактородетал» (1945) коргоҳи нави механикӣ, коргоҳи обутобдиҳии филиззот ва пойгоҳи тағйири шиддати барқ бунёд шуданд. Соли 1965 дар Душанбе заводи яхдони «Помир» бунёд гардид, ки маҳсулоти худро ба бештар аз 22 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, ба Полша, Маҷористон, Афғонистон, Мозамбик ва ғайра содир мекард. Қудрати заводи семент (1942) баъд аз навсозии асосӣ ва сохтмони навбати дуввум ба 1 млн т маҳсулот дар як сол расонида шуд. Қудрати заводи хишт (1929) ҳам аз ҳисоби сохтмони кӯраҳои нави хиштпазӣ хеле афзуд. Инчунин бунёди заводҳои оҳану бетон ва комб. хонасозӣ раванди бо манзил таъмин кардани аҳолии Душанберо тезониданд. фабрикаи ҷуроббофии Душанбе (1958; ҳоло ҶСК «Нафиса») қариб 34,9 млн ҷуфт ҷуроб, фабрикаи кешбофии Душанбе то 4,9 млн воҳид либоси таҳпӯш, Иттиҳодияи чарму пойафзори Душанбе то 4,5 млн ҷуфт пойафзор ва Иттиҳодияи дӯзандагии ба номи «50-солагии СССР» маҳсулоти зиёд истеҳсол мекарданд. Соли 1963 дар Душанбе комб. равғанкашӣ бунёд шуд. Як қатор корхонаҳо, мас., Корхонаи чӯбу тахтаи Душанбе, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикмебел» (1956), Комб. полиграфии Душанбе (1974) ва нашриёти «Шарқи Озод» (1985) ба кор даромаданд. Ҳоло Душанбе бузургтарин маркази саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Саноати сабук
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Душанбе зерсохторҳои гуногуни саноати сабук ҷой доранд, ки корхонаҳои саноатии матоъҳои пахтагин, абрешим ва чарму пойафзор аз ҷумлаи бузургтарини онҳо ба ҳисоб мераванд. Ба ғайр аз ин дар сохтори саноати сабуки Душанбе соҳаҳои дӯзандагӣ, кешбофӣ ва коркарди пашм дохил мешаванд. Корхонаҳои нисбатан бузурги Душанбе: ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Пойафзори чармӣ», ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», ҶДММ «Ёқут — 2000», ҶСК «Нафиса» ва ғайра.
Саноати хӯрока
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати хӯрокворӣ аз корхонаҳои истеҳсоли гӯшту шир, равған, орд, нон, май, пиво ва ғайра иборат буда, маҳсулоти онҳо аксаран дар ҳудуди пойтахт ва ноҳияҳои наздики он ба фурӯш бароварда мешаванд. Бузургтарин корхонаҳои ин соҳа (ҶСК «Комб. шири Душанбе», ҶСК фабрикаи «Ширин», ҶДММ «Комб. гӯшту консерв», ҶДММ «Эскимо-М», ҶСК «Комб. хӯроквории Тоҷикистон», ҶСК «заводи машруботи Душанбе», ҶСК «Нонпаз», ҶДММ «фабрикаи шири Саодат», ҶДММ «МПК-555», ҶДММ «Макколи», ҶДММ «Кока-кола нӯшокиҳои Тоҷикистон») дар ҳудуди Душанбе воқеанд. Соли 2016 дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокории Душанбе 220,9 ҳазор т семент, 17,3 млн м3 маснуоти оҳану бетонии васлшаванда, 2,7 млн дона хишти шартӣ, 14,6 млн м2 дару тирезаҳо, 37,4 млн м3 маҳсулоти филиззӣ-пластикӣ, 55,2 млн т асфалт, ба маблағи 7 млн сомонӣ масолеҳи ғайримаъдании бинокорӣ (оҳаксанг, гач, сангреза, рег) истеҳсол гардид. Корхонаҳои пешбарандаи соҳа: ҶСК Иттиҳодияи истеҳсолии «Сементи тоҷик», ҶСК «Комб. масолеҳи бинокорӣ», ҶДММ «Корхонаи хишти Душанбе», заводи истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ ва ғайра Корхонаҳои мебелбарории Душанбе: ҶДММ «Тоҷикмебел», ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Империя», ҶДММ «Ромсар» ва ғайра.
Табъу нашр
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати табъу нашр яке аз куҳантарин соҳаҳои саноати шаҳр буда, зиёда аз 80 дарсади истеҳсолоти матбаа (полиграфӣ)-и ҷумҳуриро дар бар мегирад. Соҳаи мазкур эҳтиёҷи нашриётҳоро ба чопи адабиёти сиёсӣ, бадеӣ, илмӣ, энсиклопедӣ ва маълумотномаҳо, китобҳои дарсӣ, плакатҳо, дафтарҳо ва ғайра қонеъ мегардонад. Нахустин матбаа дар шаҳри Душанбе соли 1926 ба кор шурӯъ карда буд. Ҳоло саноати полиграфии пойтахт аз КВД Комб. полиграфии шаҳри Душанбе, ҶСШК «Матбуот», ҶДММ «Эр-Граф», ҶДММ «Ганҷ», нашриёти «Шарқи озод» ва матбааҳои бешумори давлатию хусусӣ иборат аст.
Энергетика
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе аз тариқи манбаъҳои барқи худӣ (силсилаи неругоҳҳои барқи обии Варзоб — 1, 2, 3, Шабакаи барқу гармидиҳии Душанбе ва Шабакаи энергетикии Вахш) бо барқ таъмин карда мешавад. Манбаи асосии бо гармӣ таъмин кардани пойтахт Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе мебошад, ки ба он дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ», дегхонаҳои Корхонаи гармидиҳии Душанбе ва як қатор корхонаҳои саноатии дигар дохил мешаванд. Соли 2014 дар Душанбе навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва 8.12.2016 навбати дуввуми он бо иқтидори 300 мВт неруи барқ ва 167 Гкал/с гармӣ ба истифода дода шуд. Ҳоло иқтидори он (бо дарназар доштани навбати аввал) ба 400 мВт (то 9,6 млн кВт соат) неруи барқ ва 235 Г/кал гармӣ дар як шаборӯз расонда шудааст.
Тиҷорат
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе яке аз бузургтарин марказҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ мебошад. Соли 2002 ҳаҷми гардиши моли чакана (дар ҳама соҳаҳои савдо) 33,5 дарсади нишондиҳандаҳои умумии ҷумҳуриро ташкил дод. Гардиши мол ба ҳисоби ҳар нафар аҳолии шаҳр аз 339 рубл (1950) то 1778 (1990) афзуда, соли 2003-ум 581,9 сомониро ташкил дод. Ҳаҷми умумии гардиши моли савдои чаканаи шаҳр соли 2016 ба 3321,8 млн сомонӣ расид. Дар зарфи 90 сол дар Душанбе фурӯшгоҳҳои ҳозиразамон, ошхонаҳо ва дигар корхонаҳои савдои чакана ва хӯроки умумӣ ба фаъолият пардохтанд. Дар ин давра дар Душанбе мағозаҳои калон — Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ), «Гулистон», «Олами кӯдакон», марказҳои савдои «Рахш», «Пайкар», «Баҳористон», «Садбарг», «Хуросон», «Осиё», «Баҳор», «Душанбешаҳр», «Рӯдакӣ-Плаза», «Корвон-сити», чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат», «Истаравшан», «Тоқӣ», чойхона-маркази фароғатии «Кохи Наврӯз», «Кохи Малика», тарабхонаҳои «Тоҷикистон», «Душанбе», «Сомониён», «Помир», «Вахш», «Оли Сомон», «Гулдаста», «Ёқут», «Дӯстӣ», «Парасту», «Суғдиён», «Яккачинор», «Лаззат», «Дидор», «Осмон», маҷмааи савдои бузурги «Ашан», «Меҳргон», «Фаровон», ҶДММ «Султони Кабир», бозорҳои «Саховат», «Корвон», «Роҳи абрешим», «Шоҳмансур» ва ғайра бунёд гардиданд.
Меҳмонхонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Душанбе бештар аз 30 меҳмонхона мавҷуд аст, ки дар маҷмӯъ дорои 4,2 ҳазор ҷой мебошанд. «Тоҷикистон», «Авесто», «Вахш», «Каён», «Ориён», «Sheraton», «Душанбе», «Нyatt Regency Dushanbe», «Серена-Душанбе», «Asia Grand Hotel» аз ҷумлаи бузургтарин меҳмонхонаҳои Душанбе мебошанд.
Ҳамлу нақл
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1926 аввалин мошин аз Тирмиз ба Душанбе омад. Соли 1929 дар Душанбе идораи ҷумҳуриявии «Союзтранс» таъсис ёфт, ки дар ибтидои соли 1931-ум 84 мошини боркаш, 1012 аспи аробакаш ва 2 ҳазор шутури боркаш дошт. Охири соли 1929 дар кӯчаҳои Душанбе якумин автобуси «Форд» ба гардиш даромад. Соли 1937 дар пойтахт таксиҳои сабукрав ба кор оғоз карданд.
Ҳоло Душанбе бузургтарин чорсӯи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тавассути хатҳои мунтазами ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ бо бисёр шаҳрҳои ИДМ иртибот дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шоҳроҳҳои автомобилгарди Душанбе — Кӯлоб — Қулма — Қароқорум, Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, Душанбе — Турсунзода аз нав сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин шоҳроҳҳо нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон» ва «Ҳулбук» бунёд гардиданд, ки мушкилоти ҳаракати аҳолӣ ва боркашониро аз Душанбе ба минтақаҳои Тоҷикистону хориҷа ва баръакс осон гардонданд.
Ҳамлу нақли ҳавоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Охири соли 1924 дар Душанбе, дар ҳудуде, ки аз ҶСШК «Матбуот» то Вазорати адлияро дар бар мегирад, фурудгоҳи хурде бунёд шуд. Тобистони соли 1930 дар паси деҳаи Шоҳмансур фурудгоҳи нав ифтитоҳ ёфт. Соли 1931 ду ҳавопаймои мусофиркаш барои фаъолияти доимӣ ба Сталинобод интиқол дода шуд.
Ҳоло дар Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ мавҷуд аст. Терминали байналмилалӣ барои мусофирон ба истифода дода шуда, фурудгоҳ бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг-757 ва аэробуси А-320 мукаммал карда шуд.
Роҳи оҳан
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1926 Шӯрои меҳнату мудофиа дар бораи бунёди роҳи оҳани Тирмиз — Душанбе қарор қабул кард. Тӯли умумии он 225 км-ро ташкил медод.
Роҳи оҳан Тоҷикистонро бо шаҳрҳои Маскав, Астрахан, Самара, Самарқанд ва дигар шаҳрҳои кишварҳои хориҷии наздик мепайвандад. Байни Душанбе ва ноҳияҳои Тоҷикистон низ ҳаракати қатораҳо ба роҳ монда шудааст. Соли 2016 Роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ифтитоҳ гардид.
Нақлиёти шаҳрӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар хадамоти ҳамлу нақл барои шаҳри Душанбе таробарии ҷодаӣ нақши пешрав дорад. 35 ширкати таробарии ҷодаӣ дар ин шаҳр фаъол ҳастанд. Дар шаҳр парки троллейбусҳо беш аз 200 троллейбус вуҷуд дорад. Ҳаракати троллейбус дар шаҳр аз 1 майи соли 1955 огоз шуд[29]. Дар Душанбе Asian Express Terminal (пешина Автовокзали Душанбе) ва якчанд пойгоҳи автобус фаъолият доранд, ки ҳамлу нақли беруназшаҳрии мусофиронро ташкилу танзим мекунанд.
Меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе қабл аз ба пойтахти Тоҷикистон табдил ёфтанаш деҳаи бузурге буда, хонаҳояш асосан аз гилу лой қомат афрохта буданд. Сохтмони бунёдии шаҳр дар миёнаи солҳои 20-30 қарни гузашта шурӯъ шуда, корҳои сохтмонӣ аксар вақтҳо хусусияти мавсимӣ доштанд. 11 апрели 1925 бо қарори Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ба мақсади муттаҳид кардани фаъолияти бинокорон ва иҷрои корҳои сохтмони давлатӣ комиссияи сохтмон таъсис дода шуд. Дар натиҷа солҳои 1925—1926 бинои КИ М, Институти маориф, матбаа ва ғайра сохта шуданд[30].
Дар сохтмони биноҳои иқоматию маишӣ ва коммуналӣ қарори ШКХ ҶМШС Тоҷикистон аз 27 апрели 1927 «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» нақши муассир бозид. Нахустин сохтмони бузург дар пойтахт «Хонаи деҳқон» (то соли 2016 Театри Маяковский) маҳсуб мешуд, ки соли 1926 кори он шурӯъ шуда буд. Худи ҳамон сол меҳмонхонаи коммуналӣ ба истифода дода шуд, ки 15 ҷой дошт. Охири соли 1930 якумин ҳаммоми коммуналӣ ва 15 июни соли 1930 якумин бозори колхозӣ (дар ҷои кунунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон) ба истифода дода шуд[30].
Солҳои 30 дар пойтахт даҳҳо бинои замонавӣ сохта шуданд. Аз ҷумла, бинои сеошёнаи мактаби тиббӣ (ҳоло Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон), Техникуми педагогии занон, Комиссариати халқии саноати сабук, Институти педагогӣ, инчунин якумин иморат бо дастгоҳи гармидиҳии буғӣ — бинои КМ ҲК Тоҷикистон (ҳоло бинои раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) бунёд гардиданд.
Давраи аввали меъмории муосир охири солҳои 50 ва 60-ро дар бар мегирад. Солҳои 60 дар Душанбе шаҳрсозӣ авҷ гирифт. Соли 1966 дар Институти давлатии лоиҳакашии Тоҷикистон таҳияи нақшаи генералии нави шаҳр барои 460 ҳазор нафар ва лоиҳаҳои тарҳрезии маҳаллаҳои аҳолинишин тартиб дода шуданд. Дар нақшаи генералӣ сохтмони хонаҳои иқоматии 4 ва 9-ошёна дар назар дошта шуда буд. Дар Устохонаи махсуси меъмории таҷрибавии № 1 барои маҳаллаҳои Душанбе силсилаи лоиҳаҳои биноҳои иқоматӣ ва ҷамъиятӣ дар қолаби яклухти оҳанубетонии ба ҳамдигар васлшаванда таҳия гардиданд, ки бори аввал дар сохтмони меҳмонхонаи «Душанбе» истифода бурда шуд. Миёнаи солҳои 70 дар соҳили рости Душанбе Душанбе, дар хиёбони Абуалӣ ибни Сино Қасри иттифоқҳои касаба (ҳоло бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев) бунёд шуд. Баъд аз он сохтмони Хонаи маорифи сиёсӣ (ҳоло «Кохи Ваҳдат») бунёд ва сохтмони маҷмаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои 8 ҳазор нафар донишҷӯ оғоз гардид. Дар охири солҳои 70 дар Душанбе бунёди биноҳо бо тамоюли нави меъморӣ ҷорӣ шуд. Шаҳрсозӣ дар асоси нусхаи тасҳеҳшудаи нақшаи генералии Душанбе барои давраи то соли 2005 сурат гирифт.
Дар замони истиқлол санъати меъморӣ дар Тоҷикистон рушд кард. Меъморон дар сохтмони биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ва иқоматӣ, муҷтамаъҳои меъморӣ сабку равияҳои пешрафтаи меъмории ҷаҳон ва суннатҳои меъмории миллиро дар омезиш истифода бурдаанд. Дар пойтахт бинову иншооти гуногуни боҳашамат, ба монанди маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ», Қасри миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи тиҷоратии 22-ошёнаи «Душанбе-Плаза», меҳмонхонаҳои «HYATT», «Asia Grand Hotel», «Серена», Маркази исмоилия, маҷмааҳои «Пойтахт- 80» ва «Рӯдакӣ-Плаза», Маркази ҷавонон, Нишони Тоҷикистон, Парчами Тоҷикистон, чойхона-маркази фароғатии «Кохи Наврӯз» ва ғайра бунёд шуданд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Боғи фарҳангиву фароғатии «Хайём», маҷмааи варзишӣ ва фарҳангиву фароғатии муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо услуби зебову замонавӣ бунёд гардиданд.
Матбуот, радио ва телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Матбааи аввалин дар Душанбе соли 1924 ташкил шуд. Ҳоло дар Душанбе 61 нашриёт, аз ҷумла, 10 нашриёти давлатӣ, 46 хусусӣ, 6 ҷамъиятӣ ва 198 чопхонаи хурду миёна, аз ҷумла, 16 давлативу 182 ғайридавлатӣ фаъолият доранд (аз ҷумла, «Ирфон», «Адиб», «Маориф», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, «Адабиёти бачагона», Комб. полиграфии Душанбе, КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», нашриёту матбааҳои хусусиву ҷамъиятии «Истеъдод», «Ганҷ», «Интишор», «Эр-граф», «Офсет», «Оила», «Мушфиқӣ», «Контраст», «Торус», «Орбита», «Аржанг», «Мегапринт» ва ғайра).
Дар Душанбе аз аввалин нашрияҳои даврӣ рӯзномаҳои «Иди тоҷик» ва «Бедории тоҷик» (октябри 1928 «Тоҷикистони сурх», аз соли 1955 «Тоҷикистони советӣ»; ҳоло «Ҷумҳурият») аз марти 1925 нашр мегардиданд. Ҳоло дар Душанбе дар маҷмӯъ 190 рӯзнома, аз ҷумла, 4 рӯзномаи давлатии ҷумҳуриявӣ («Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овозӣ»), 5 рӯзномаи шаҳриву ноҳиявӣ («Паёми Душанбе», «Шоҳмансур», «Сино», «Файзи истиқлол», «Фурӯғ»), 35 рӯзномаи давлатии соҳавӣ («Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Нақлиёт», «Боҷу хироҷ», «Қонун ва ҷомеа», «Баҳори Аҷам» ва ғайра), 6 рӯзномаи ҳизбӣ («Минбари халқ», «Меҳргон», «Иқтисод ва ҳаёт», «Нидои ранҷбар», «Мароми пойтахт» ва ғайра), 46 рӯзномаи ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ («Фараж», «Нури зиндагӣ», «Пайкон» ва ғайра), 93 рӯзномаи хусусӣ («Азия плюс», «Имрӯз news», «Чархи гардун», «Оила», «Миллат», «Озодагон», «СССР» ва ғайра) ва 170 маҷалла, аз ҷумла, 1 маҷаллаи давлатии ҷумҳуриявӣ («Бонувони Тоҷикистон»), 78 маҷаллаи давлатии соҳавӣ («Садои Шарқ», «Тоҷикистон», «Фирӯза», «Ахбори АИ Тоҷикистон» ва ғайра), 44 маҷаллаи ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ («Даво», «Адвокат», «Сохтмон ва меъморӣ», «Ронанда» ва ғайра), 45 маҷаллаи хусусӣ («Vip-zone», «Варзиш-спорт», «Садоқат», «Тоҷикони ҷаҳон», «Равзанаи шифо» ва ғайра) ва 2 маҷаллаи ҳизбӣ нашр мешаванд; Аз 10 агентии иттилоотии дар Тоҷикистон амалкунанда 9-тояш дар Душанбе воқеанд.
Нахустин радио дар пойтахти Тоҷикистон (шаҳри Сталинобод) 10 апрели 1930 ташкил шудаааст. Соли 1992 Ширкати давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 октябри 1992 барҳам хӯрд ва Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ аз нав таъсис ёфт. 24 декабри 1994 Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ барҳам хӯрд ва дар заминаи он Раёсати телевизион ва радиои Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» (2005), Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон» (2006), шабакаи иттиолотии «Ҷаҳоннамо» (2008), шабакаҳои «Варзиш», «Синамо» (2016) ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» таъсис ёфтанд.
Аз соли 1959 дар Душанбе студия ва марказҳои телевизионӣ амал мекунанд. Соли 1966 миёни ш-ҳои Душанбе ва Маскав алоқаи телевизионӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1975 Маркази телевизионии Душанбе усули намоиши рангаро оғоз намуд. Аз соли 2004 дар Душанбе 11 пойгоҳи телефонии худкор (116 ҳазор рақам) фаъолият доранд. Дар Душанбе ба ғайр аз ширкатҳои давлатӣ чанд ширкати хусусии мобилӣ («Тоҷиктелеком» дар ин ришта ширкатҳои «Вавилон», «Телеком Технолоҷи», «Тcell», «Мегафон-Тоҷикистон», «Билайн», «ТК-Мобайл» дорад) низ фаъолият доранд.
Нигаҳдории тандурустӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Амбулаторияи ҷарроҳии чашм аввалин муассисаи табобатӣ дар ҶМШС Тоҷикистон буд, ки феврали 1925 дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. Соли 1928 он ба Беморхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд. Соли 1925 дар Душанбе бори аввал нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфт. Нахустин таваллудхона дар пойтахт соли 1938 ба фаъолият пардохт. Соли 1934 беморхонаи клиникии бачагонаи № 1 бунёд гардид. Соли 1939 бо мақсади хидматрасонии тиббии амбулаторӣ ба аҳолӣ Дармонгоҳи марказӣ кушода шуд. Соли 1964 Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А. М. Дяков (ҳоло Маркази миллии тиббӣ) таъсис ёфт. Ҳоло дар Душанбе Маркази шаҳрии мубориза бо бемории сил (1997), Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим (1999), Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ (1999), Маркази аллергологии шаҳрӣ (2000), Маркази шаҳрии эндокринологӣ (2001), Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» (2016) таъсис ёфтаанд, ки ба аҳолии пойтахт ва атрофи он ёрии тиббиву беҳдоштии босифат мерасонанд. Охири даҳсолаи аввали асри 21 дар соҳаи тандурустии Душанбе тағйироти куллӣ ба амал омад. Бори нахуст дар таърихи тибби ҷумҳурӣ 8 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба шабакаи навигатсияи кайҳонӣ васл карда шуданд. Феълан дар пойтахт 62 муассисаи пешгириву табобатии тобеи Раёсати тандурустии шаҳр (аз ҷумла, 17 беморхона, 2 хонаи кӯдакон, 14 маркази саломатӣ, 8 маркази назорати давлатии беҳдоштиву вогирӣ) ва 52 муассисаи пешгириву табобатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон фаъолият доранд. Ба аҳолии пойтахт 39 муассисаи табобатӣ ёрии аввалияи тиббиву беҳдоштӣ мерасонанд (2016).
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе бузургтарин маркази рушди ҳаёти варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ буда, дар иншооти варзишии он мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир мегарданд. Соли 1936 шӯроҳои тарбияи ҷисмонӣ ба кумитаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табдил дода шуданд. Солҳои 1936-41 дар Душанбе навъҳои варзиши футбол, варзиши сабук, баскетбол, тирандозӣ, шоҳмот, аспдавонӣ ва мотоспорт босуръат рушд кард. Соли 1947 дастаи «Динамо»-и Сталинобод дар мусобиқаҳои ИҶШС ширкат варзида, дар минтақаи Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол намуд. Соли 1950 дастаи ҷумҳурӣ дар Спартакиадаи Осиёи Миёна аз рӯи бозии футбол дар шаҳри Алмаато ҷои аввалро соҳиб гардид. 11 апрели 1970 дастаи «Помир»-и Душанбе нахустин бор дар чемпионати ИҶШС ширкат варзид. Соли 1988 дастаи «Помир» бо сарварии сармуррабӣ шаҳри Назаров ғолиби мусобиқаи лигаи якум гардид. Дастаи футболи «Помир» аввалин чемпион ва аввалин дорандаи Ҷоми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст (1992). Ҳоло дар Душанбе маҷмааҳои калони варзишӣ, аз қабили Варзишгоҳи марказӣ, Толори бозиҳои дастӣ, Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, Қасри теннис, маҷмааи варзишии иттифоқҳои касаба, варзишгоҳҳои «Динамо», «Спитамен», «Авиатор», «Автомобилист», СКА (ЦСКА) бошишгоҳи тирпарронии КМ Ташкилоти мададгори мудофиаи (ТММ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ДДТТ, «Наврӯзгоҳ», «Зӯрхона»-и ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва ғайра фаъолият доранд. Бо Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 15 марти 1971 дар заминаи факултаи тарбияи ҷисмонии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон созмон дода шуд. Чемпионҳои Бозиҳои олимпӣ Юрий Лобанов (заврақронӣ), Анатолий Старостин (панҷҳарбаи муосир), Андрей Абдувалиев (гурзпартоӣ), чемпионҳои ҷаҳон Зебуннисо Рустамова (камонварӣ), Саидмуъмин Раҳимов (гӯштини самбо), Михаил Лобанов (заврақронӣ), Ҳусейн Исмоилов (шамшербозӣ), Эрика Шиллер (гимнастикаи бадеӣ), Саид Гусейнов (велосипедронӣ), чемпиони Аврупо Гавҳар Пӯлодова (камонварӣ), чемпиони Бозиҳои олимпии тобистона дар Рио-де-Жанейро (2016) Дилшод Назаров (варзиши сабук) ва бисёр варзишгарони номии Тоҷикистон дастпарварони мактабҳо ва клубҳои варзишии Душанбе мебошанд. Соли 2003 дар Душанбе бори нахуст Бозиҳои 5 Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 118 нафар варзишгар (93 нафар душанбегиҳо) мақоми севвумро бо 57 (40-тояшро душанбегиҳо соҳиб гардиданд: 14 тило, 14 нуқра, 12 биринҷӣ) медал: 18 тило, 22 нуқра, 17 биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳоло (2017) дар Душанбе 654 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 6 варзишгоҳ, 364 майдончаи варзишӣ (аз он 56 майдончаи варзишии муосир ё замонавӣ), 202 толори варзишӣ, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 13 ҳавзи шиноварӣ, 5 маҷмааи варзишӣ ва 64 клуби билярд, боулинг, фитнес ва тирпарронӣ мавҷуд аст.
Фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2017 дар Душанбе 268 муассисаи таълимӣ — 141 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 137 муассисаи рӯзонаи таълими умумӣ (122 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ), 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи ғоибона (аз ҷумла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғоибонаи назди колоннаҳои ислоҳотии Вазорати адлия, 1 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони шунавоияшон суст), 16 гимназия ва 9 литсей, Мактаби байналмилалии президентӣ, Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе фаъолият доштанд, ки дар онҳо 185 351 нафар толибилм (178 406 нафар дар муассисаҳои таълимии давлатӣ) таҳсил мекарданд. Ба онҳо 8262 муаллим дарс медод. Аз ин шумора 111 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷети Душанбе маблағгузорӣ мешуданд. 15 муассисаи таълимии дигар муассисаҳои таълимии муштарак, хусусӣ (гимназияҳои хусусии «Кафолат», гимназия-интернати Тоҷикистон-Руссия «Ҳотам ва П. В.», «Ҳиммат», «Ҳилол», «Тоҷикистон», литсейи «Роҳнамо», 2 литсей барои хонандагони болаёқат, мактаб-кӯдакистони «Сухандон», муассисаи таълимии хусусии ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ) ва муассисаҳои назди ташкилоту корхонаҳо буданд.
Соли 2017 дар Душанбе 127 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 26192 нафар кӯдак, инчунин 1 хонаи кӯдакон (85 нафар кӯдак) фаъолият доштанд. Аз ин шумора 91 муассисаи томактабӣ тобеи Вазорати маориф ва илм мебошанд, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ шуда, 21710 нафар кӯдакро фаро гирифтаанд. Дар шаҳр 23 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 1360 кӯдак ва 13 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо (бо фарогирии 3120 нафар кӯдак) фаъолият доранд. Соли 2016 дар Душанбе 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мавҷуд буд, ки дар аввали соли хониши 2016-17 дар онҳо 16,1 ҳазор нафар таҳсил мекард.
Дар Душанбе (2017) 24 муассисаи олии таълимӣ фаъолият дорад. Мактабҳои олие, ки дар шаҳри Душанбе ҷой доранд, аз қабили ДМТ, ДДОТ, ДДТТ, ДАТ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии Тоҷикистон, Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳаддии Сарраёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологии Маскав, филиали Донишкадаи энергетиикии Маскав дар шаҳри Душанбе муассисаҳои ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар аввали соли хониши 2016-17 дар мактабҳои олии Душанбе 115 951 нафар донишҷӯ таҳсил мекард.
Илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Душанбе чандин муассисаи илмӣ-таҳқиқотии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Институти химия, Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ, Институти астрофизика, Институти физикаву техникаи ба номи С. Умаров, Институти математика ба номи А. Ҷӯраев, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, Институти иқтисодиёт ва демография, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти таҳқиқоти илмии байторӣ (ветеринарӣ), Институти зоология ва паразитология воқеъ гардидаанд. Ҳамчунин дар Душанбе Институти акушерӣ, гинекология ва перинатология, Институти эпидемиология ва гигиена, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИТ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Институти зироат, Институти хокшиносӣ, Институти чорводорӣ, Институти иқтисодиёти кишоварзӣ, Институти масоили амнияти биологӣ, Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ, Институти ғизои Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Душанбе маркази ҳаёти адабии кишвар буда, дар он осорхонаи адибони тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, А. Лоҳутӣ ва М. Раҳимӣ мавҷуданд.
Ҳунар
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Душанбе санъати кандакорӣ таърихи қадимӣ дошта, бештар чӯб, устухон ва филиззот кандакориву ҳаккокӣ карда мешуд. Аз ҳунари кандакории рӯи чӯб дар чойхонаҳои «Истаравшан», «Роҳат», «Кохи Наврӯз» ва дигар биноҳои ҷамъиятии Душанбе истифода шудааст. Дар ҳудуди имрӯзаи Душанбе оғози санъати заргарӣ ба охири асри 2 — ибтидои асри 1 то м. рост меояд. Заргарӣ дар Душанбе баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав рушд кард. Заргарони халқӣ дар корхонаҳои хурди заргарии «Тоҷиккристалл», «Ақиқа», «Рухом», «Грант», «Зарафшон», «Алмос-Азия» ва ғайра муттаҳид карда шуданд. Бузургтарин фурӯшгоҳи маснуоти заргарии Тоҷикистон — «Тоҷи заррин» дар Душанбе ҷойгир аст.
Театрҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Душанбе Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М. Қосимов, Театри давлатии лӯхтак, Театри давлативу таҷрибавии миниатюраи «Оина», Театри шахсии «Падида» амал мекунанд. Аз соли 1988 ҳамасола ва аз соли 1993 пас аз ҳар ду сол дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии театрии «Парасту» баргузор мегардад. Дар Душанбе ҳамчунин Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Гулрез», «Чаманоро», «Падида», Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Робитаҳои байналмилалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Миссияҳои дипломатӣ дар Душанбе
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, хиёбони Рӯдакӣ, 143
- Сафорати Ҳиндустон, кӯчаи Бухоро, 45
- Сафорати Қазоқистон, кӯчаи Ҳусейнзода, 31/1
- Сафорати Қатар, кӯчаи Ҳувайдуллоев, 1/2
- Сафорати Озарбойҷон, кӯчаи Зафар Нозимов, 18
- Сафорати Фаронса, кӯчаи Ҳувайдуллоев 2/1
- Сафорати Эрон, хиёбони Исмоили Сомонӣ
- Сафорати Қирғизистон, кӯчаи Саид Носиров, 56 а
- Сафорати Русия, Хиёбони Абӯалӣ Сино, 29/31
- Сафорати Афғонистон, кӯчаи Маяковский, 2
- Сафорати Олмон, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 59/1
- Сафорати Ҷопон, кӯчаи Ҳ.Назаров, 80 а
- Сафорати Покистон, кӯчаи Азизбеков, 20 а
- Сафорати Арабистони Саудӣ, кӯчаи Шевченко, 81
- Сафорати Белорус, кӯчаи Шарқ, 26/1
- Сафорати Укроин, кӯчаи Навобод, 216/1
- Сафорати Ӯзбекистон, кӯчаи Саноӣ, 30
- Сафорати Туркманистон, кӯчаи Охунбобоев, 10
- Сафорати ИМА, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 109 а
- Сафорати Кореяи Ҷанубӣ, кӯчаи Ғанӣ Абдулло, 61
- Сафорати Туркия, хиёбони Рӯдакӣ, 17/2
- Подшоҳии Муттаҳида, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 65
- Сафорати Иттиҳоди Аврупо, кӯчаи Адҳамов, 74
- Сафорати Барномаи тараққиёти Созмони Милали Муттаҳид, кӯчаи Садриддин Айнӣ, 39
Бародаршаҳрҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе бо шаҳрҳои зерини дунё бародаршаҳр мебошад:[31]
- Лусака, Замбия (1966)
- Санъо, Яман (25 июни 1967)
- Монастир, Тунис (24 ноябри 1967)
- Клагенфурт, Австрия (1972)
- Лоҳур, Покистон (15 сентябри 1976)
- Боулдер, ИМА (8 майи 1987)
- Мазори Шариф, Афғонистон (13 июли 1991)
- Ройтлинген, Олмон (5 октябри 1991)
- Санкт-Петербург, Русия (6 октябри 1991)
- Шероз, Эрон (16 феврали 1992)
- Минск, Беларус (21 июли 1998)
- Урумчӣ, Хитой (10 сентябри 1999)
- Теҳрон, Эрон (12 марти 2001)
- Анкара, Туркия (11 декабри 2003)
- Сямин, (чинӣ: 厦门) Чин (21 июни 2013)
- Хайкоу, Чин (21 августи 2017)
- Чиндао, Чин, (25 сентябри 2018)
Душанбе бо Маскав дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ дорад.[32]
Душанбе аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо мебошад.
Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза, 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002—2003 дода шуд.[33]
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 31 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.
- 8 сентябри соли 2014 Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии «Мегаполис»-и асри XXI бо Дипломи VII-умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай сарфароз гардид.[34]
- Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё дар маҷаллаи The Telegraph Бритониёи Кабир номбар карда шудааст.[35]
- 8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991 асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.[36]
Аксҳои Душанбе
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Бинои «Dushanbe-Plaza» (Аз 2023 - Бинои марказии Бонки миллии Тоҷикистон)
-
Маркази тиҷоратии "Созидание"
-
Хиёбони Айнӣ - 2023
-
Хиёбони Айнӣ - 2023
-
Хиёбони Айнӣ - 2023
-
Хиёбони Айнӣ - 2023
-
Муҷассамаи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ
-
Соати шаҳрӣ дар хиёбони Рӯдакӣ. Меъмории замони шӯравӣ
-
Масҷиди марказии шаҳри Душанбе
-
Арки боғи устод Рӯдакӣ, намо дар шомгоҳ
-
Хиёбони Рӯдакӣ. Меъмории замони шӯравӣ
-
Маҷмааи «Истиқлол», намо дар шомгоҳ
-
Маҷмааи «Истиқлол»
-
Манзараи шаҳри Душанбе, соли 2018
-
Бинои Парламент, соли 2009
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 февраля 2020 года, №152 «О предложении маджлисов народных депутатов города Душанбе и района Рудаки об изменении границ города Душанбе и района Рудаки»(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Население Таджикистана за год выросло почти на 200 тысяч | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info.
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Мужчин больше: в Таджикистане подвели итоги переписи населения(рус.). Sputnik Таджикистан (12 октябри 2021). 13 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Душанбе в БСЭ (Большая советская энциклопедия) Бойгонӣ шудааст 21 февраля 2008.(рус.)
- ↑ Britannica, The Editors of Encyclopaedia. Dushanbe(англ.). www.britannica.com. Encyclopedia Britannica (20 December 2023). 13 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Мэром Душанбе стал сын президента Таджикистана — Мир — Коммерсантъ(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ А. А. Герцен (экономика), Д. Ю. Арапов (история). Душанбе. old.bigenc.ru. Большая российская энциклопедия — электронная версия. 13 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Шаҳлои Абдуллоҳ. Дюшамбе - Сталинобод - Душанбе(тоҷ.), Радиои Озодӣ (11 ноябри 2015). Проверено 15 феврали 2024.
- ↑ История города Душанбе(рус.). Sputnik Таджикистан (14 апрели 2017). 13 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Поспелов Е. М. Географические названия мира. Топонимический словарь / отв. ред. Р. А. Агеева. — 2-е изд., стереотип. — М.: Русские словари, Астрель, АСТ, 2002. — 512 с. — 3 000 экз. — ISBN 5-17-001389-2.
- ↑ А. Х. Комилов. Сейсмостойкое строительство в Республике Таджикистан. Бюллетень строительной техники (Декабр 2011). 19 сентябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 октябри 2012.
- ↑ 13.0 13.1 Шароити табиӣ: Зилзиланокӣ // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 14—15. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- ↑ 14.0 14.1 14.2 Шароити табиӣ: Иқлим // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 15—16. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- ↑ Шиносномаи шаҳр. www.dushanbe.tj. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. 13 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Рӯдакӣ ба Душанбе меояд | ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”. ichrptj.org(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Общая информация(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Административное деление(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Раис | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе. i-somoni.tj.
- ↑ Раис – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе(тоҷ.).
- ↑ Раис | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. firdavsi.tj.
- ↑ Моддаи 7.1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон». Маркази миллии қонунгузорӣ (2 Январ 2018).
- ↑ Нишона / Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. www.dushanbe.tj. 13 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Esfandiar Adineh. Demolishing Dushanbe: how the former city of Stalinabad is erasing its Soviet past(англ.), The Guardian (19 October 2017). Проверено 13 феврали 2024.
- ↑ 25.0 25.1 Аҳолӣ // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 21. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- ↑ Демоскоп Weekly - Приложение. Всесоюзная перепись населения 1939 года. www.demoscope.ru(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ 27.00 27.01 27.02 27.03 27.04 27.05 27.06 27.07 27.08 27.09 27.10 27.11 27.12 27.13 27.14 27.15 27.16 27.17 27.18 27.19 27.20 27.21 27.22 27.23 27.24 27.25 27.26 27.27 27.28 27.29 27.30 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2022 года(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Согласно ежегодному сообщению Агентства по статистике
- ↑ Трудные маршруты троллейбусов Душанбе(пайванди дастнорас — таърих). 13 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 апрели 2012.
- ↑ 30.0 30.1 Сохтмон // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 42. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- ↑ Шиносномаи шаҳр Бойгонӣ шудааст 11 июли 2013 сол. Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
- ↑ Шаҳрҳои шарик. Муносибатҳои хориҷӣ Бойгонӣ шудааст 3 апрели 2016 сол. Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 31 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2012.
- ↑ Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад. 8 ноябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 марти 2015.
- ↑ The 20 least liveable cities on Earth
- ↑ Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Душанбе // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
- Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- Мамадназаров Х. Душанбе — пойтахти республикаи Тоҷикистон // Шаҳрҳои мо. Д., 1975;
- Юсупов Ш. К истории дореволюционного Душанбе (конец XIX — начало XX в.). Д., 1988;
- Ғоибов Ғ. Таърихи Ҳисори Шодмон, Чағониён ва Душанбе. Д., 1999;
- Душанбе дар масири таърих. Д., 2005.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Dushanbe travel guide Бойгонӣ шудааст 9 октябри 2014 сол.
- Open Street Map Душанбе
- Карта Душанбе со спутника Бойгонӣ шудааст 30 сентябри 2013 сол.