Jump to content

Дастури Маҷлиси миллӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дастури Маҷлиси миллӣ – чунин ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки аз тарафи раиси Маҷлиси миллӣ, кумитаю комиссияҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва дастгоҳи он ба амал бароварда мешавад. Дастури Маҷлиси миллӣ, ки 10 ноябри соли 2000 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурин Тоҷикистон қабул шудааст, корҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

  1. тарзи пешбарӣ ва интихоби Раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони он, салоҳияти Раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинонн он;
  2. тарзи ташкили ҳайати Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва салоҳияти он;
  3. ташкил ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, салоҳияти онҳо, шакли ташкилии фаъолияти кумитаю комиссияҳо;
  4. дар бораи тарзи ташкилӣ, сохтор ва вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллй;
  5. иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, тарзи даъват ва салоҳияти он, дидани масъалаҳо дар иҷлосия, хуқуқу вазифаҳои узви Маҷлиси миллӣ дар иҷлосия, қабули қарорҳо дар иҷлосия;
  6. тарзи ташкил кардани муҳокимаҳои парлумонӣ дар Мачлиси миллӣ;
  7. тартиби таъсису бархам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тагӣири онҳо;
  8. тартиби интихоб ва бозхонди Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодии ҶТ;
  9. тартиби ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии ҶТ;
  10. тартиби додани ризоият ба таъйин ва озод намудани Прокурори Генералӣ ва муовинони ӯ;
  11. тартиби баррасӣ намудани қонунҳо;
  12. Тартиби пароканда намудани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 146-147