Дафи мудаввар
Даф - сози мусиқии зарбӣ. Даф бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Даф асосан аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои филизӣ иборат буда, аслан панҷ навъ аст: Дафи зангӣ, маҳзар, мураббаъ, дурӯя ва дойра.
Дафи мудаввар низ аз қадимулайём дар байни аксари халқҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон маъмул буда, вобаста ба маҳал дар шаклу маводи он тағйирот ба амал омадаанд. Байни мардуми Кӯҳистони Бадахшон ва қисман шим. шарқии Афғонистон барои ангушти калони дасти чап дар васати чанбара сӯрох мегузоранд. Ҳамчунин панҷ ё шаш ҷойи чанбараро сӯрохи чоркунҷа карда, зангҳои филизӣ мегузаронанд, ки ду тарафи чанбара ба андозаи 1 – 2 см барҷаста менамоянд. Зангҳо аз мобайн як ё ду сӯрох дошта, дар ҳар ошёна ба теъдоди 3 – 4-донагӣ тавассути мехҳо насбанд ва ҳангоми усул ба ҳамдигар ва ё чанбараи даф бархӯрда садо мебароранд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.