Jump to content

Девона Ҳусомии Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Девона Ҳусомии Хоразмӣ

Девонаи Ҳусомии Хоразмӣ (форсӣ: دیوانه حُسامی خوارزمی‎; қарни XVI) — шоир ва орифи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли таваллудаш иттилоъе дар даст нест, аммо таърихи вафоташро Рабиулаввали 911 ва баъзе 922 ё 923 зикр кардаанд (Ҳидоят, с. 381; Намунае аз адабиёти тоҷик, с. 113; Нафисӣ, ҷ. 1, с. 6, 318). Чун 63 сол умр кард, таърихи таваллудаш бояд дар ҳудуди 848 ё 860 бошад. Гуфтаанд дар Хива, аз тобеоти Хоразм, ба дунё омад ва баъдан дар Қаракӯли Бухоро сокин шуд ва то охири умр дар он ҷо зист ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд (← Насории Бухорӣ, с. 160, 163; Ҳидоят, ҳамон ҷо).